Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

9 шаҳрванди Украина дар ҳамлаи террористии Кобул ҷон бохтанд

$
0
0

Фармондеҳи пулиси Кобул эълом карда, ки шумори кушташудагони ғайринизомӣ дар ҳамла ба ҳотели “Интерконтинентал”-и Кобул ба 18 нафар расидааст. Ҳамчунин, шумори захмиёни ин рӯйдод 10 нафар аз ҷумла чаҳор ғайринизомӣ эълом шудааст.  
Ба гузориши хабаргузории ВВС 14 нафар аз кушташудагон шаҳрвандони хориҷӣ будаанд. Аз ҷумла 9 нафар шаҳрвандони Украина, 1 шаҳрванди Олмон, 1 қазоқистонӣ ва як Юнонӣ дар миёни кушташудагон ҳастанд. Бақияи кушташудагон ҳама шаҳрвандони Афғонистон мебошанд.
Раиси амнияти вилояти Фароҳ ва як дипломати афғон дар Покистон аз ҷумлаи қурбониёни ин ҳамлаи террористӣ ҳастанд.
Ширкати ҳавопаймоии “Ком-айр” ҳам эълон кардааст, ки теъдоде аз халабонон ва коркунонаш дар миёни кушташудагон ва захмиҳо ҳастанд, ба ҳамин далел бархе парвозҳои ин ширкат лағв шудааст.
Расонаҳои дохилии Афғонистон теъдоди кушташудаҳоро даҳҳо нафар эълон кардаанд.
Ҳамла ба ҳотели “Интерконтинентал” шанбешаб аз тарафи 5 нафар муҳоҷим сурат гирифтааст.  Гуфта мешавад ин ҳамла аз муддатҳо пеш тарҳрезӣ шуда, бо ҳамкории бархе кормандони ҳотел амалӣ шудааст.
Хабаргузории “Тулӯъ” бо такя ба манобеъи худаш дар вазорати дохилаи Афғонистон, теъдоди кушташудагонро 43 нафар эълон кардааст.   
Ин ҳамла дар ҳоле сурат мегирад, ки гуфта мешавад 21 рӯз пеш аз ҳамла амнияти ин ҳотел ба як ширкати хусусӣ вогузор карда шудааст. Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳам зимни маҳкум кардани ин ҳамалот таъкид кардаанд, ки ҷузъиёти ин ҳамла бояд дақиқ баррасӣ шавад ва тамоми дастандаркорони он бояд муҷозот шаванд.
Хабаргузориҳои Афғонистон менависанд, ки дар 3 моҳи гузашта дар Афғонистон беш аз 400 ғайринизомӣ бар асари ҳамлаҳои террористӣ ҷон бохтаанд.
Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи Толибон бар ӯҳда гирифтааст.
Дар 6 соли пеш ҳам ба ин ҳотел ҳамлаи мушобеҳе  сурат гирифта буд, ки масъулияти онро низ Толибон ба дӯш гирифта буданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>