Дар вилояти Акмолаи Қазоқистон Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи ин кишвар ва мардуми маҳаллӣ 57 мусофири тоҷикро, ки мусофирбарашон дар роҳ шикаста, хатари аз сардии -50 дараҷа ях бастанашон вуҷуд дошт, наҷот доданд.
Чуноне ки Саломиддин Мирзораҳматов дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст, шаби 20 ба 21 январ дар ноҳияи Буландин вилояти Акмола мусофирбари ҳомили 55 мусофир ва 2 ронанда дар сардии -50 дараҷа вайрон шудааст. Ин мусофирбар аз вилояти Суғд ҷониби Русия раҳсипор буд.
Ронандаи мусофирбар ба КҲФ занг мезанад ва бо гузашти ҳамагӣ чанд дақиқа ба назди муофирбар сардори бахши КҲФ Бауржан Жусупов, сардори шӯъбаи ВКД Алмат Метаев ва маъмури пулиси маҳаллӣ Ернар Кайиржанов, ҷонишини ҳокими ноҳия Бахит Шамкенова ва корманди ҳукумати маҳаллӣ Рустам Сапаев ҳозир мешаванд.
Ҳамаи мусофирбарони тоҷикро дар мактаби рақами 5-и шаҳри Макинск ҷойгир карда давоми ду шабонарӯз онҳоро бо хӯроки гарм таъмин мекунанд. Сипас ба ҳамаи онҳо билети қатора то шаҳри Петропавловск мехаранд, ки онҳоро онҷо мусофирбари дигар мунтазир буд.
Файзиддин Шоназаров, як тоҷики сокини ин маҳал гуфтааст, ки агар мақомот бо суръат амал намекарданд, имкони вуқуъи фоҷеъаи бузурге хеле зиёд буд.
Ин иқдоми инсондӯстонаи мақомоти қазоқ ва мардуми маҳаллӣ истиқболи гарми мардуми ҳарду кишварро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст.