Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Кашфи беш аз 600 мансабдори ҷаълӣ

$
0
0

Агентии хизмати давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон 130 нафар мансабдорро бинобар мутобиқат накардан ба вазифаи ишғолкардаашон аз кор сабукдӯш кардааст.

Дар натиҷаи тафтиши ин агентӣ дар сохторҳои давлатӣ маълум шудааст, ки бархе аз мансабдорон ё ба вазифаи ишғолкардаашон сазовор нестанд ва ё он вазифа нолозим аст.

Агентӣ то ҳанӯз 618 нафар чунин мансабдоронро кашф карда, 130 нафари эшонро аз кор сабукдӯш кардааст. Дар ин бора ба рӯзноманигорон раҳбари Агентии хизмати давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов иттилоъ дод.

“Аз онҳо 78 нафарашон ба мансаби поёнтар гузаронида шуда, ба 403 нафар тавсия дода шуд, ки давраҳои такмили ихтисосро гузаранд” — гуфт Ҷумъа Давлатов.

Мансабдороне, ки ба вазифаҳои ишғолкардаашон мутобиқ нестанд беш аз ҳама дар взоратҳои дифоъ — 63 нафар, молия — 13 нафар, Додгоҳи Олӣ ва додгоҳҳои маҳаллӣ — 96 нафар, Кумитаи андоз — 48 нафар, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш — 34 нафар кашф шудаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>