Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Туркия: Баёнияи Кохи Сафед ноқис аст

$
0
0

Хабаргузории расмии Туркия “Анадолу” баёнияи Кохи Сафед дар мавриди гуфтугӯи телефонии Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро ноқис хонда, гуфтааст, ки он баёнгари мӯҳтавои гуфтугӯ нест.

Ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки дар баёния талаби Урдуғон аз Амрико зикр нашуда, ҳамчунин ибрози нигаронии ду раисҷумҳур дар бораи «афзоиши таниш дар Африн», ки дар ин баёния омадааст, воқеъият надорад.  

Тибқи иттилои “Анадолу”, раисҷумҳури Туркия дар гуфтугӯи телефонӣ бо Доналд Трамп дар хусуси таҳаввулоти Сурия ва амалиёти “Шохаи Зайтун” табодули назар карда ва бори дигар бар лузуми “таваққуфи кӯмаки таслиҳотӣ”-и Амрико ба гурӯҳи дар Туркия террористӣ эълоншудаи PYD/YPG таъкид кардааст.

Урдуғон дар ин тамоси телефонӣ бо ишора ба ин, ки амалиёти “Шохаи зайтун” бар асоси модаи 51-и Созмони милали муттаҳид ва қатъномаҳои Шӯрои амният дар хусуси мубориза бо терроризм анҷом мешавад, изҳор дошта: «Туркия барои таъмини амният дар марзҳои худ қасд дорад Афринро аз аносири террористӣ поксозӣ кунад».

Хабаргузории “Анадолу” мегӯяд баёнияи Иёлоти муттаҳида дар хусуси гуфтугӯи телефонии раҳбарони Туркияву Амрико ноқис буда, мунъакискунандаи ҳамаи мӯҳтавои ин гуфтугӯ нест.

“Дар гуфтугӯи телефонии Урдуғон ва Трамп, нисбат ба «афзоиши таниш дар Африн» ибрози нигаронӣ нашуда ва ғайр аз табодули назар дар бораи ин амалиёт, баҳсе дигаре сурат нагирифтааст. Ҳамчунин тарафи Амрико бар лузуми маҳдудияти замонии амалиёти Африн таъкид кардааст”, — навиштааст хабаргузории расмии Туркия.

Бар асоси баёнияи Кохи Сафед дар бораи гуфтугӯи телефонии ду раисҷумҳур, Трамп бо ишора ба ҳузури андаки низомиёни Амрико дар Манбиҷ, Туркияро ба риояти эҳтиёт ва парҳез аз ҳар гуна иқдоме, ки мӯҷиби даргирии нерӯҳои ду кишвар шавад, даъват кардааст.

Тарафи Туркия низ бар лузуми ақибнишинии аносири PYD/YPG ба шарқи Фурот тибқи тааҳҳудоти қаблӣ таъкид карда ва гуфтааст, ки нерӯҳои Артиши озоди Сурия метавонанд Манбиҷро дар баробари таҳдидоти эҳтимолии Доъиш муҳофизат кунанд.

Ин хабаргузорӣ навиштааст Трамп бо интиқоди ошкор аз Иёлоти муттаҳида дар суханрониҳои ҷониби туркӣ ибрози нохурсандӣ кардааст. Урдуғон ҳам гуфтааст, ки бархе сиёсатҳои Амрико монанди ирсоли силоҳ ба гурӯҳи PYD/YPG ва ҳимоят аз саркардаи FETO мунҷар ба хашми афкори умум дар Туркия шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551


<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>