Фаъоли ҲНИТ ва собиқ узви Раёсати вилоятӣ ва раиси комиссиюни тафтишотии ҳизб дар Суғд Нӯъмонҷон Шарипов бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Истамбули Туркия боздошт шуд.
Нӯъмонҷон Шарипов дар Истамбул ба тиҷорат машғул буд ва дар маркази ин шаҳр чойхонаи тоҷикӣ дошт. Тибқи иттилои манбаъи Паём, ӯро бегоҳи 4-уми феврал дар назди чойхонааш боздошт кардаанд.
Вакили дифоъи ӯ дар тамоси телефонӣ бо Паём гуфт, қазияи Шарипов комилан сиёсӣ аст ва бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт шудааст. Баъди боздошташ ҳам сафорати Тоҷикистон ба мақомоти интизомии Туркия нома зада, аз онҳо дархост кардааст бинобар аҳамияти хос доштани қазияи Нӯъмонҷон, дар истирдоди ӯ ба Тоҷикитстон кӯмак кунанд.
Ду рӯз қабл аз боздошташ ба назди Шарипов корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Фирдавс Холиқов, ки зери чатри дипломатӣ фаъолият мекунад, ба назди Нӯъмонҷон омада пешниҳод кардааст ба Тоҷикистон биравад. Холиқов гуфтааст, Тоҷикистон тинҷу ором аст ва дар сурати ихтиёран рафтанаш, ба Нӯъмонҷон ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад. Вале Шарипов ин таклифи ӯро қабул накарда, гуфтааст, ки дигар дар Тоҷикистон ҳатто хона надорад, ки ба он баргардад.
Рӯзи боздошташ Нӯъмонҷон Шарипов ҳамроҳ бо ду ҳамшаҳриҳояш, ки яке Ҳасанхон ном дошта, дар мулоқоти муфтии Тоҷикистон дар Истамбул низ ширкат доштааст, дар назди чойхонааш сӯҳбат мекарданд. Кормандони пулиси Туркия онҳоро тафтиш карда он ду нафарро, ки яке ҳатто ҳуҷҷати иқомаи Туркияро надоштааст раҳо мекунанду Нӯъмонҷонро бо худ мебаранд.
Айни ҳол ӯ дар боздоштгоҳи махсуси хориҷиён дар Истамбул қарор дошта, имкони истирдодаш ба Тоҷикистон вуҷуд дорад. Дар ҳолати истирдод шудан, ба ӯ шиканҷа ва ҳабси тӯлонӣ таҳдид мекунад.