Дар шимоли Тоҷикистон, Додгоҳҳои вилояти Суғд, дар соли гузашта, 16 парвандаи ҷиноии марбут ба терроризмро баррасӣ ва расидагӣ кардаанд.
Ин парвандаҳо бештар марбут ба ҳузури сокинони вилояти Суғд дар гурӯҳҳои террористӣ дар ҷангҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон будааст.
Дар ин бора “Суғднюз” гузориш додааст.
Дар маҷмӯъ дар соли 2017 додгоҳҳои вилояти Суғд 257 нафарро бар асоси парвандаҳои зидди терроризм мавриди бозпурсӣ қарор доданд.
Мақомоти давлатии Тоҷикистон мегӯянд, ҳазору 144 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба гурӯҳҳои террористӣ, ба вижа ДИИШ пайвастаанд, ки 300 нафар аз онҳо дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ кушта шудаанд.
Ниҳодҳои интизомии Суғд ҳамчунин эълом кардаанд, 600 сокини ин вилоят ба иттиҳоми даст доштан дар аъмоли террористӣ таҳти пайгарди қонунӣ қарор доранд.
Ин дар ҳолест, ки Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон рӯзи 2 феврал дар нишасти матбуотияш гуфта буд, ки баъди манъи фаъолияти ҲНИТ ягон мавриди ба сафи гуруҳҳои ҷангҷӯ пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон сабт нашудааст.
«Бино ба маълумоте ки ман дорам, баъди онки Додгоҳи олӣ моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти ҲНИТ-ро манъ кард, ягон шаҳрванди кишвари мо ба созмонҳои террористие, ки дар берун аз Тоҷикистон меҷанганд, аз ҷумла ба ДОИШ ҳамроҳ нашудааст. Ин нишон медиҳад, ки ҲНИТ дар асл ба чӣ кор машғул буд”.- гуфта буд Сафаров.
Инчунин қобили қайд аст, ки дар қаламрави вилояти Суғд аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 4854 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, аз он дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ ошкорнамоии 4478 ҷиноят таъмин карда шудааст, ки ин нишондиҳанда ба 93,35% баробар аст.
Ба назари коршиносони ин соҳа, дар ҳоле як чунин нишондиҳандаи зиёда аз 93% ифшои ҷинояткорӣ ба вуқӯъ пайвастанаш мумкин аст, ки муаллифи аксари ҷиноятҳо худи мақомоти зидахл бошанд.
“Ин нишондодро ба ҷуз бо роҳи қалбакӣ ва бо дурӯғ муттаҳам сохтани шаҳрвандон ба ҷиноят, ба даст овардан ғайриимкон аст. Зеро дар демократитарин ва ҳуқуқбунёдтарин кишварҳо ин нишондод вуҷуд надорад. Ё худ аслан ин омори сохта ва дурӯғ аст”.- гуфт коршиносе, ки нахост номаш зикр шавад.