Ғолибан зери вожаи бутпарастӣ ниёишу ибодати ҳайкал ё акси ҷонвареро, ки ба ҳеҷ амал қодир нест, дар макони муайяне (бутхона) мефаҳманд, вале шаклҳои дигари он, мисли муқаддас шуморидани ҳайвонҳои зинда (масалан гусолапарастии ҳиндӣ), маъмул аст.
Бутпараст махлуқи офаридаи дастони худашро ба симати худо қабул намуда, назди ӯ назру қурбонӣ мекунад, бо ҷисми беҷони бут гуфтугӯ мекунад ва кумаку роҳнамоӣ мепурсад…
Теъдоди бутҳо дар маҳалле метавонад як ё чандто бошад ва ҳар яке масъули риштае, мисли худои борон, худои шамол, худои ҳосил ва ғайра. Гоҳо яке аз бутҳо ба симати худои бузург-пешвои бутҳо низ парастида мешаванд. Дар назари аввал чунин амал хеле беақлона ва бепояву бемантиқ метобад, вале суоле ба миён меояд, ки пас чаро миллионҳо инсонҳо дар ин асри илму тараққиёт ва кушоишҳои кайҳонӣ низ машғули чунин парастиши кӯдакона ҳастанд?
Посухи ин ҷониб чунин аст, ки инсон бо вуҷуди волотарину донишмандтарин ва мукаррамтарин махлуқ буданаш, ҳамзамон оҷиз асту ниёзманди роҳнамоиву ҳидоят боқӣ мемонад.
Ибодату парастиши Худои офаридгору ҳидояткунанда, як талаботи ботинии ҳар як инсон аст, мисли ғизову ҳавою либос, ки бидуни онҳо ҷисми инсон ва соири ҷондорҳо зинда намемонад. Вақте инсон Худои воқеиро нашинохт, пас ӯ рӯ ба худоҳои хаёливу сохтаи худаш меорад, ибодатҳое «ихтироъ» мекунад ва ин талаботи ботинии хешро то ҳадде қонеъ мегардонад.
Дар саҳифаҳои таърих мебинем, ки гоҳо мардум фармонравоён, шоҳу императорҳоро низ худои худ хонда, мепарастиданд. Як қисми асосии ҳаёти мардум бо ниёишу саҷда ва мадҳу ситоиш ба шоҳу императорҳо мегузашт.
Фаросати инсонӣ худ дарк мекунад, ки бут суханони ӯро намешунавад, коре аз дасташ намеояд, ҳатто худи бут ниёзманди нигоҳубини одамон аз газандҳои беруна, мисли борону шамол аст. Бутҳои ҷондор ба монанди гову гусола ва инсонҳои фармонраво ҳам, худашон ниёз ба хӯрдану ошомидан, ниёз ба хонаву дар, ҷои зист ва ғайра доранд. Ниёзҳои ин бутҳо мисли ниёзи бандагону обидонашон аст. Вале боз ҳам дуруғро чун ҳақиқат қабул намуда, мардум бутпарастӣ мекунанд.
Ба назари банда имрӯз дар Тоҷикистон шакли ҷадиди бутпарастӣ дорад шакл мегирад. Инсонҳо роҳбари кишвари худро гӯё ба симмати бутхудое қабул кардаанд ва шабонарузӣ мадҳу парастишаш мекунанд. Ҳамагон медонанд, ки дурӯғ гуфта истодаанд, «дастовардҳо»-е ки ба ӯ нисбат медиҳанд, аслан дастоварде ҳам нестанд ва моли заҳмати ӯ ҳам нестанд… Масалан як ходаи дарозиаш қариб 200 метраро боло бардошта, ба он рамзи кишвар — парчамро насб кардан дар замоне, ки дар кишварҳои ҳамсоя биноҳои баландтар аз он сохта шудаанд чи дастовардест? Аксарият хуб медонанд, ки пешво имконияти шунидани кулли мадҳияву ниёишҳои онҳоро надорад, чи расад ба қадршиносии ин «заҳматҳояшон», вале боз ҳам ба чунин бутпарастии тоҷикона идома медиҳанд. Аҷибаш ин аст, ки олимону нухбагон ва ҳатто пешвоёни руҳонӣ низ дар ривоҷи ин оини ҷадид хеле саҳиманду пешқадам.
Интиқодҳои бепояву бедалели ислому муслимин, бастани дарҳои садҳо масоҷид ва мадориси исломӣ, шиканҷаву озор ва ҳабси теъдоди муайяни диндорони пешсаф, террористӣ эълон кардани ягона ҳизби сиёсии характери динӣ дошта ва маҳдудиятҳои дигари ҷорӣ намудаи мақомоти кишвар ба он мемонад, ки ба ҷойгоҳи маъбуд гӯё мубориза рафта истодааст.
Билохира наздикшавии хатарноки давлати ақибмондаву кӯчаке чун Тоҷикистон бо роҳбарони камдонишу бетаҷрибааш бо абарқудрати ҷаҳоние чун Чин, ки дини ғолибаш бутпарастист, бузургтарин омили комилан гаравидани тоҷикон ба ин оини ҷадид буда метавонад.
Нависандаи ин сатрҳо даъвои сад дар садии воқеияти зуҳури ин оини ҷадидро дар Тоҷикистон надорад, вале мутмаин аст, ки ҷомеаи кишвар маҳз дар оғози ҳамин роҳ қарор дорад.
Бастани таълимгоҳҳои динӣ, аз улуми динӣ дур нигоҳ доштани мардум, ба масҷид роҳ надодани наврасон, иҷоза надодан ба нашри китобҳои муътабари исломӣ, фишор болои диндорон, бо ҳар баҳона ба зиндон андохтани уламои исломии кишвар ва дар баробари ин ривоҷи пешвопарастӣ далели гуфтаҳои боло ҳастанд.
Чанд соли охир теъдоди мадҳиясароён ба пешво аз ҳисоби шоиру адибон низ зиёд шуд. Даъват ба шукронаҳои иҷборӣ ба “пешво”, пешвозҳои бардасифатона аз роҳбари кишвар, часпонидани номҳое ба монанди Ҷаноби олӣ, ки ин ном танҳо хоси Худост ва ғайра, шаҳодат аз он медиҳад, ки мардуми тоҷик нохудогоҳ ба сӯи парастиши буте ба номи пешво тела дода шуда истодаанд.
Шуҳрати Раҳматулло