Дуруст ва пурра фаъолият накардани баъзе корхонаҳои калони саноатию хизматрасонӣ ва кам шудани манбаҳои андозбандӣ сабаби иҷро нашудани нақшаи андоз аз арзиши иловашуда гардидааст.
Дар ин бора раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеъаш иттило дод.
Ӯ гуфт соли 2017 нақшаи тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, ба андозаи 102,8% таъмин гардид. Ба ҷои 9 млрд. 318 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷет 9 млрд 575,4 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 257, 4 млн. сомонӣ зиёд аст.
Тибқи маълумоти Кумитаи андоз, инчунин дар ин давра иҷрои нақшаи андоз аз арзиши иловашуда 91,8 % ва андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 97,2 % таъмин гардид.
Сабабҳои асосии таъмин нагардидани нишондиҳандаҳо доир ба андозҳои мазкурро раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода дар омилҳои зерин мебинад:
- Кам шудани манбаъҳои андозбандии онҳо;
- Зиёд гардидани ҳиссаи амалиёти аз андозбандӣ озод ва амалиёти бо меъёри пасткардашудаи 5-фоизаи андоз аз арзиши иловашуда андозбандишаванда дар баъзе соҳаҳо;
- Дуруст ва пурра фаъолият накардани баъзе корхонаҳои калони саноатию хизматрасонӣ;
- То ҳадди пешбинишуда афзоиш наёфтани шумораи коргарон ва музди меҳнати коргарони кироя.
Ҳамчунин Давлатзода гуфт соли оянда аз ҳисоби сабукиҳои андозбандӣ, ба буҷаи кишвар 150 миллион сомонӣ камтар ворид хоҳад шуд. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ин камбудӣ аз ҳисоби афзоиши ҷойҳои корӣ ва сармоягузорӣ бартараф хоҳад шуд.
«Фикр мекунам давоми сол ҷойҳои нави корӣ таъсис хоҳанд ёфт, чунки истеҳсолот афзоиш ёфта истодааст. Ва ин зарари буҷа аз он ҳисоб бартараф хоҳад шуд. Муҳимаш ин аст, ки истеҳсолот ва воридшавии сармояи хориҷӣ афзоиш меёбад” — гуфт раиси Кумитаи андоз.
Итминони Давлатзода ба афзоиши истеҳсолот ва ҷойҳои нави корӣ дар ҳолест, ки соли ҷорӣ 200 ҳазор соҳибкор қатъи фаъолият кардаанд.