Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори бозсозии шохаи тахрибшудаи роҳи оҳан миёни вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхандарёро оғоз кардааст. Дар ҳолати бозсозии бахше аз қитъаи тихрибшудаи роҳи Қӯрғонтеппа — маркази вилояти Хатлон дар Тоҷикстон ва шаҳри Тирмиз — маркази вилояти Сурхандарё дар Ӯзбекистон, ҳаракати қатораҳои Ғалаба — Амузанг дубора аз сар гирифта мешавад.
Дар ин бора хабаргузории Азияплюс бо такя ба манбаъаш дар мақомоти Тоҷикистон хабар додааст.
Тавре манбаъ хабар медиҳад, интизор меравад дар рӯзҳои дидори Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон аз Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ ҳаракати қатораҳо дар ин масир дубора аз сар гирифта шавад.
Дар нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, тарафайн дар бораи ҳаракати дубораи қатораҳо дар ин масир ба тавофуқ расиданд ва инак кори бозсозии бахши тахрибшудаи ин роҳ оғоз шудааст.
Тахриби ин бахш аз роҳи оҳани Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар соли 2012 аз сӯйи давлати Тошканд сурат гирифт, сабаби таваққуфи тӯлонии 321 вагони бории Тоҷикистон дар ин масир ва боиси корношоям шудани бархе аз маҳсулот ва колоҳои воридотӣ шуд.
Тахриби ин масир ҳамчунин сабаби гаронии қимати маҳсулот дар ҷануби Тоҷикистон ва масдуд шудани содироти колоҳои вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар гашт.
Бо рӯйи кор омадани давлати Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон, ки сиёсати дӯстона бо кишварҳои ҳамсояро дар пеш гирифтааст, нишонаҳои беҳбуди равобити Душанбе ва Тошканд қобили мушоҳида аст.
Ҳамчунин 18 январи соли ҷорӣ Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дода буд, ки давлати Ӯзекистон барои нишон додани ҳусни нияти хеш дар заминаи беҳбудии равобит бо Тоҷикистон тахфифи 30 то 50 дарсадӣ барои ҳамлу нақли коло ва маҳсулоти тоҷикистонӣ аз тариқи роҳи оҳани худ ироа кардааст.