Имрӯз, 21 феврал дар Душанбе Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ ифтитоҳ шуд. Ифтитоҳи он ба ҷашни 25 — умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад.
Ин маркази навтаъсис ҳангоми таҳдиди ҳама гуна хатар нуқтаи асосии идоракунии ҷангии Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳ ба ҳисоб рафта, он бо марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт пайваст мебошад, иттилоъ медиҳад дафатри матбуотии Раисҷумҳур.
Маркази идоракунӣ бо системаи навтарини алоқаи видеоконфронси пӯшида муҷаҳҳаз гардонида шуда, тавассути он интиқоли маълумоти электронӣ, идоракунии мустақими қӯшунҳо ва ташкили дигар амалиёти ҷангӣ имконпазир аст. Тариқи ин марказ дар дигар манотиқи кишвар рафти машқҳо ва ё дигар ҳолати ба амал омада бо пахши мустақим тавассути мониторҳо назорат мегардад ва оид ба қарори қабулнамудаи маркази асосии идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ, фаъолияти мақомоти давлативу сохторҳои қудратӣ ба танзим дароварда мешавад.
Дар марҳилаи дуюм таъсиси маркази системаи автоматикунонии идоракунии мудофиаи зиддиҳавоӣ, бунёд намудани нуқтаҳои идоракунӣ дар Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Раёсати Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал ва наздики 10 нуқтаи идоракунии дигар дар қисмҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат пешбинӣ гардидааст. Ба замми ин, нуқтаҳои идоракунии сайёр низ ташкил ва ба Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ пайваст мегарданд. Ва ин имкон медиҳад нуқтаҳои идоракунии сайёр ба таври фаврӣ ба мавзеву минтақаи муайянгардида интиқол ёбанд ва ба идора намудани амалиёти ҷангӣ шурӯъ кунанд.
Фаъолияти ин марказ имконият медиҳад, ки тамоми чорабиниҳои муҳими низомӣ, бо ҷалби мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт ҳудуди ҳама гарнизонҳои ҷумҳуриро фаро гирифта, он аз пойтахти кишвар идора карда шавад. Ва ҳолати баамаломада ва иҷрои талаботи пешбинишуда дар вазъияти ҷанг, замони осоишта ва дар самти муайян намудани вазифаҳои асосии онҳо ҳамаҷониба таҳлилу ҷамъбаст ва мушаххасан баҳогузорӣ мегардад.
Барои ташкили фаъолияти мунтазами Маркази идоракунии навтаъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дохили иншооти мазкур тамоми шароити зарурӣ бо меъёр ва талаботи ҳозиразамони ҳарбӣ фароҳам оварда шудааст.