Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо дар Олмон ҷои 30-умро ишғол кард

$
0
0

Дар чемпионати байналмилалӣ оид ба дзюдо бо номи “Тоскулоҳи бузург”, ки рӯзҳои 23-25 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Германия баргузор шуд, ба ягон нафар аз ҳайати варзишгарони тоҷик муяссар нашуд, ки медалҳои тилло, нуқра ва ё биринҷӣ ба даст оранд.

Танҳо паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён тавонист мақоми панҷумро соҳиб гардад.

Комроншоҳ дар рӯзи охирини мусобиқот – 25 феврал дар рақобатҳо дар вазни — 90 кило дар аввалин қувваозмоияш бар Юрий Мокану (Молдова) ғолиб омад. Баъдан Ҷеспер Сминки ҳолландӣ ва Дмитрий Довгани россиягиро мағлуб намуда, ба нимфинал баромад. Вале Устопириён дар даври нимфиналӣ аз қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-Де-Жанейро Машу Бакер аз Япония шикаст хӯрд. Сипас Комроншоҳ қувваозмоиро барои ҷойи сеюм ба ғолиби Гран-прии Анталия дар соли 2017 Алтанбагана Гантулга (Муғулистон) бохт. Ҳамин тариқ, Комроншоҳи Устопириён мақоми панҷумро азони худ кард.

Бояд  зикр кард, ки аз ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Беҳрӯзи Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров, Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов ҳунарнамоӣ карданд.

Чаҳор гӯштингири тоҷик 24 феврал дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки дар ҳисоби умумидастаӣ миёни мардону занон дастаи  мунтахаби Япония бо 7 медали тилло ва 2 нуқра ғолиб шуд. Дастаи  мунтахаби Русия бо 1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ мақоми дуюм ва дастаи мунтахаби Украина бо 1 медали тилло ва 1 нуқра мақоми сеюмро касб намуданд.

Тоҷикистон бо як мақоми панҷуми Комроншоҳи Устопириён дар байни 65 кишвар мақоми 30-юмро ишғол кард.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>