Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Сохтмони калонтарин фурӯдгоҳи ҷаҳон дар ҳоли анҷомёбист

$
0
0

Дар ин бора расонаҳои туркӣ хабар дода гуфтаанд, сохтмони фурӯдгоҳ 80% ба иҷро расидааст.

Тибқи манбаъ то моҳи июли соли равон тамоми таҷҳизотҳои фурудгоҳ ба кор медароянд ва парвозҳои санҷишӣ ба роҳ монда мешаванд.

Ифтитоҳи ин фурӯдгоҳ санаи 29 октябри соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад ин фурӯдгоҳ бо иқтидори хидматрасонӣ ба 150млн нафар дар як сол, калонтарин фурӯдгоҳ дар ҷаҳон хоҳад буд.

Фурӯдгоҳи нав дар маҳаллаи Арнавуткойи Истамбул ҷойгир буда, ба ҷуз ин фурӯдгоҳ айни ҳол дар шаҳри Истамбули Туркия боз ду фурӯдгоҳи дигари Отатурк ва Сабиҳа Гукчен вуҷуд доранд.

Фурӯдгоҳи Отатурки Истамбул аз рӯи хидматрасонӣ дар миқёси Аврупо дар ҷои сеюм ва дар миқёси ҷаҳон дар ҷои 11-ум меистад. Фурӯдгоҳи Отатурк дар як сол ба зиёда аз 60млн нафар мусофир хидмат мерасонад.

Дар назар аст, баъди ифтитоҳи фурудгоҳи нав, фурӯдгоҳи Отатурки Истамбул баста хоҳад шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>