Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

7 кӯдаки модари танҳои тоҷик дар Тюмен 1 шабонарӯз бе хӯроку гармӣ монданд

$
0
0

Соати ҳафти бегоҳи 19 декабр, кормандони пулиси Тюмен модари серфарзанди ҳомиладор Санат Ф. (ном бо дархости зан иваз шудааст)-ро аз хонааш гирифта  бурдаанд, ки дар натиҷа 7 фарзанди ӯ — аз 12-сола то 1-сола дар хонае, ки бо оташдон гарм мешуд, як шабонарӯз танҳо монданд. Дар ин бора сомонаи русии  «URA.RU» хабар додааст.

Ин зан гуфтааст, кормандони пулис ваъда додаанд, ки ҳуҷҷатҳояшро месанҷанид, сипас ӯ ба хона бармегардад: «Маро ду нафар бо автомашинаи хизматӣ бурданд. Дар хона телефонамро мондам, то ки дар ҳолати зарурат кӯдакон ба шиносҳо занг зананд».

Вале модари 7 фарзанд бар хилофи интизории кӯдаконаш на субҳи рӯзи дигар барнагашт ва на ӣамоми рӯз аз ӯ хабаре буд.  Духтари калонии ӯ назди шиносҳояшон рафтааст ва онҳо кӯдаконро хӯрок додаву ором кардаанд. Онҳо яке аз падарони фарзандонро (фарзандон аз ду падаранд) даъват кардаанд, ки бо ин оила зиндагӣ намекунад. Занро танҳо соати 8-и бегоҳи рӯзи дигар ҷавоб додаанд, менависад нашрия.

Санат гуфтааст, ки ӯ беш аз як шабонарӯзро дар бинои пулис гузаронида, дошираку кулча мехӯрдааст. Ин ҳама вақт 7 нафар кӯдаконаш дар хона танҳо буданд. Аз ӯ хостаанд, ҷойи будубошашро нагӯяд: гӯё ҳузури ӯ дар пулис ба қайд гирифта нашудааст.

Санат зиёда аз 12 сол аст, ки дар Тюмен зиндагӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ 8 фарзанд таваллуд карда ва дар батнаш тифли 7-моҳа дорад. Зан бо худ шиносномаи Тоҷикистон ва иҷозати зисти муваққатӣ ба мӯҳлати 3 моҳро дорад. Имкони қонунӣ кардани будубошашро надорад. «Ба ман таҳияи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти шаҳрвандии Русияро пешниҳод карданд, ки 70 ҳазор рубл нарх дошт, лекин ман ин миқдор пул надорам», — гуфтааст ӯ.

Айни ҳол Санат бекор аст. «Дар ин давраи ҳомиладорӣ ҳеҷ кас ба кор намегирад. Аз ҷойи кори пештара баъзе пулҳои боқимондаро бармегардонанд, шиносҳо кӯмак мекунанд. Хӯроки кӯдакон таъмин аст, — гуфтааст зан. — Ташкилоти ҷамъиятии модарони серфарзанди Тюмен «Радость» бо сарулибос ва ғизо ёрӣ мерасонад».

Елена Майсюк, раиси Ташкилоти ҷамъиятии модарони серфарзанди Тюмен «Радость» мегӯяд, дар Тоҷикистон Санат касе надорад ва ба он ҷо фиристодани ӯ маънии ба зиндагии қашшоқона гирифтор кардани ӯро дорад. «Воқеъан ӯ дар Тюмен ҳуҷчатҳояшро дуруст карда натавонист, аз давлат ҳеҷ кӯмаке намегирад, лекин фарзандонашро нигоҳубин мекунад, — мегӯяд Майсюк. — Аз хона берун бурдани зан тавассути кормандони пулис ва танҳо мондани фарзандони ӯ ғайриқонунӣ аст. Агар ҳаво дар берун 40 дараҷа хунук мебуд, кӯдакон ях мекарданд».

Ҳамаи фарзандони Санат шаҳодатномаи таваллуд доранд. Се нафар ба мактаб мераванд ва кӯдакони хурдсол дар хонаанд. Барои ба кӯдакистон бурдани онҳо, модарашон ҳуҷҷатҳои зарурӣ надорад. Ҳамчунин кӯдакон аз кумаки доимии тиббӣ маҳруманд, зеро барои ба расмият даровардани полисҳои суғуртавӣ асос надоранд. Ҳарду падари кӯдан  низ шаҳрвандони Русия нестанд.

Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки вилояти Тюмен Андрей Степанов гуфтааст, ки аз вазъи Санат ӯ огоҳ аст: «Мо ба хадамоти муҳоҷират муроҷиат карда, талаб кардем, ки модари серфарзандро қабул карда, ҳуқуқҳояшро фаҳмонанд. Ба Фонди суғуртаи тиббӣ низ бо дархости ба расмият даровардани полис барои кӯдакон муроҷиат кардем, то ки ба кӯдакон ёрии тиббии доимӣ расонида шавад. Волидон дар навбати аввал бояд ҳузури кӯдаконашонро қонунӣ кунанд. Дар ҳоли ҳозир ин зан қонунҳои Русияро риоя намекунад».

Степанов мегӯяд ин имкон вуҷуд дорад, ки бо қарори суд занро ҳамроҳи кӯдаконаш аз кишвар хориҷ кунанд: «Мо оиларо аз ҳам ҷудо карда наметавонем».

Дар хадамоти матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Тюмен ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ дода натавонистанд ва хоҳиш кардаанд, ки барои санҷиши далелҳо дархости расмӣ ирсол шавад. Ба дархост ҳанӯз ҷавоб наомадааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>