Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҳар касе дар Хуросон бо ислом дармеафтад, худаш бармеафтад

$
0
0

Ба номи Худованди бахшоянда ва меҳрубон

Дӯстони гиромӣ, тоҷикони азизам. Ман як тоҷики мусулмон аз шарқи Эрони бузурги таърихӣ, аз Хуросони бузург ҳастам.

Ман дин исломро беш аз он ки як дини арабӣ бидонам , як дини тоҷикӣ ва Хуросонӣ медонам. Ба гувоҳии асноди инкорнопазир, мо тоҷикон ва Хуросониён пас аз ин, ки исломро пазируфтем, дар рушд ва боландагӣ ва ҷаҳонӣ шудани он ба маротиб бештар аз арабҳо ва дигарон кӯшидем. Ислом дини имом Абу Ҳанифа, тоҷики Хуросонӣ аст, дини Мавлонои тоҷики Балхӣ аст, дини Ҳофиз ва Саъдӣ ва дигар чеҳраҳои ҷовидонӣ аст. Ҳамчунон, ислом дини Абӯмуслими Хуросонӣ, дини Тоҳир пӯшанҷӣ, дини Яъқуб Лайси саффорӣ, дини Исмоили Сомонӣ, дин Масъуди бузург (Абӯмуслими сонӣ) аст.  

Ислом дини ҳама мафохир ва қуллаҳои маънавӣ ва фикрӣ ва муборизоти мост, ки дар бештар аз ҳазор сол ин дирафши тамаддун, фарҳанг, ҳувият, иззат, озодагӣ ва озодихоҳии моро ба дӯш кашидаанд ва то ҳамин имрӯз ба дӯш мекашанд. Инҳоро, ки аз мо бигиред , ҳеҷ чизе барои мо намемонад. Намоди равшани ин ислом дар замони ҳозир дар Хуросон мо, солори озодагон, Масъуди қаҳрамон (раҳ) буд. Исломи тоҷикон, исломи Хуросониён исломи хушунат нест, исломи куштор ва хунрезӣ ва помол кардани ҳама арзишҳои инсонӣ нест. Исломи инсоният аст, исломи мурувват аст, исломи ирфон ва маънавият аст, исломи зидди ваҳшат ва даҳшат аст, исломи ҳамзистӣ ва инсондӯстӣ ва мусоламат аст.

Ман ҳаминҷо бисёр равшан ва ошкоро эълом медорам, ки муборизаи ман ва ҳамразмонам як муборизаи миллии тоҷикӣ аст, ки аз идеологиязадагиҳои мунҳат ва шикастхӯрда фарсангҳо дур мебошад. Роҳу равиши мо, шеваву усули мо, андешаву тафаккури мо, хоставу ормони мо сад дар сад ва ба таври қатъӣ ҳеҷ гуна исломситезӣ ва тавҳин ба боварҳои динии мардумро барнаметобад ва намепазирад. Ба бовар мо, ҳар фард ё ҳар гурӯҳе, ки дар Хуросон бо ислом дармеафтад, худаш бармеафтад. Исломситезон, ки кӯчактарин эътино ва эҳтироме ба боварҳои мардум надоранд, дар Хуросон, ҳаргиз бо тӯдаҳои тоҷик пайванди ростин нахоҳанд ёфт ва аз миёни мардум дер ё зуд ронда хоҳанд шуд.

Таҷрибаҳои бисёр хунини ҳамин як садаи пасин барои мо бор-бор собит сохтааст, ки исломситезӣ ва беэътиноӣ ва беҳурматӣ ба боварҳои мардум дар кишвар мо барои касоне, ки мехоҳанд ҷомеаро ба сӯи адолату озодӣ ва тараққӣ бибранд, як девонагӣ ва худкушии маҳз аст. Исломситезӣ на танҳо, ки ҳеҷ суде ба муборизаи мо намерасонад, балки тӯдаҳоро, мардумро, тоҷиконамонро аз мо дур мегардонад ва табари ифротгароён ва фашистҳоро даста мекунад. Исломситезӣ, даргир шудан бо ақоид ва боварҳои мардум як хидмати бисёр бузург аст ба ифротгароии динӣ, хидмати бузург аст ба гароишҳои толибӣ, доъишӣ, гулбиддинӣ ва дигаронашон. Ба ин хотир ва ба ҳазор далели дигар, мо бо исломситезӣ ба таври қатъӣ мухолиф ҳастем.

Мо бо фашизм, бо паштунизм, бо толибонизм, бо доъишизм ва бо ҳар изм ва расму тафаккури ифротӣ ва фашистии дигар мухолиф мебошем ва инҳоро хилофи ислом, хилофи инсоният ва хилофи мардуми гиромии тоҷик медонем. Дар ҳамин ҳол, медонем ва мепазирем, ки дар миёни тоҷикони Хуросон, ба вижа дар миёни касоне, ки ба муборизаи сиёсӣ ва фарҳангӣ дилбастагӣ доранд, фикрҳо, идеологияҳо ва боварҳои рангоранг вуҷуд дорад. Дар миёни фаъолони сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик аз зартуштӣ гирифта то мусулмон, аз ломазҳаб гирифта то бедини мутлақро метавон ёфт. Ҳамин гуна аст собиқаҳо ва салиқаҳои ҳизбӣ ва танзимӣ ва созмонии афрод, ки аз ҳар ранг ва қумошро метавон дид.

Мо ба ин боварем, ки барои расидан ба ҳадафҳои бузург ва пешрафти кори тоҷикон идеологиязадагиҳо, гароишҳои ориятиро, ки ба ҳеҷ дарди мардуми мо намехӯранд, ҳизббозӣ ва танзимбозӣ ва гурӯҳгароӣ ва маҳаллпарастӣ ва дигар масоили парогандасоз ва ҷудоиоварро ба як сӯ бигузорем ва бо ҳамдилву ҳамбастагӣ барои дастёбӣ ба адолату озодӣ мубориза кунем. Муборизони тоҷик агар масоили дигарро ба як сӯ нагузоранд ва бо мардуми хеш дарнаёмезанд ва чун моҳӣ дар об бо мардум набошанд, агар якпорча ва муттаҳид нашаванд, ҳатман табоҳ ва барбод хоҳанд шуд ва ҳеҷ касе аз эшон ба ҳеҷ ҳадафе нахоҳад расид.

Бо сипос. Тоҷикам, бо тоҷиконам зиндаам.

Умар Ровӣ. Донишманд ва фаъоли сиёсии Афғонистон

Манбаъ: Фейсбук


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>