Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ихтироъи донишҷӯи рус: Зуҳури бемориро замимаи телефонҳои ҳушманд муайян хоҳад кард

$
0
0

Донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ-тадқиқотии ба номи Н.И. Лобачевскии шаҳри Нижегороди Русия (ННГУ) замимае бо номи meCare барои телефонҳои ҳушманд ихтироъ кардааст, ки саломатии инсонро назорат карда, аз пайдоиши аломатҳои асосии беморӣ огоҳ мекунад.

Дар ин бора оҷонсии иттилоотии ТАСС хабар додааст.

“Ин замимае, ки ман коркард ва таҳия намудам, вазъи саломатии истифодабарандаи замимаро назорат намуда, аломатҳои асосии беморие, ки зуҳур мекунад, дарҳол хабар медиҳад. Бо истифода аз телефони мобилӣ, шумо метавонед саломатии худро назорат кунед ва бемориҳоро пайгирӣ намоед. Дар айни замон, замимаи meCare ду беморӣ, анемия (камхунӣ) ва паркинсонро муайян мекунад. Баъдтар рӯйихати бемориҳои дигар ба замима ворид карда мешаванд «, — гуфтааст Сергей Блинтсов, донишҷӯи ихтирогар.

Аз рӯи гуфти Алексей Крупко, номзади улуми тиббӣ, ҳарчанд кӯмаки чунин барномаи телефонӣ барои ташхиси беморӣ беназир хоҳад буд, вале ташхиси охиронро табиб мебарорад.

“Ташхиси ниҳоиро табиб мебарорад. Ин барнома танҳо муайян мекунад, ки кадом беморӣ ба истифодабаранда таҳдид мекунад ва чи гуна бояд ҳаракат кунад ва тавсия медиҳад, ки ба кадом риштаи тиббӣ  ва ё кадом намуди табиб муроҷиат намояд. Мисли ташхиси ултрасадоӣ, ки аз натиҷаи он табиб табобат таин мекунад”, — тавзеҳ додааст Крупко

Сергей Блинтсов, ихтирогари барномаи телефонӣ ба боварӣ мегӯяд, ки замимаи meCare нишонаҳои бемориро аз 87 то 95% муайян мекунад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>