Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Қатораҳо аз 1 март дар хати роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг ҳаракатро оғоз мекунанд

$
0
0

Ӯзбекистон барқароркунии хати роҳи оҳани Ғалаба-Амузангро анҷом дод ва дар назар аст, фардо, 1 март қатораи боркашӣ аз истгоҳи Тирмизи Ӯзбекистон то истгоҳи Хошадии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлони Тоҷикистон биёяд.

Дар ин бора бахши русии хабаргузории “АзияПлюс” бо такя ба манобеъаш аз мақомоти Тоҷикистон хабар додааст.

Бино ба манбаъ, бахшида ба барқароршавӣ ва кушодашавии роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг фардо дар сарҳад намояндагони ҳарду кишвар вохӯрӣ анҷом хоҳанд дод.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори  бозсозии бахше аз қитъаи тихрибшудаи роҳи Қӯрғонтеппа — маркази вилояти Хатлон дар Тоҷикстон ва шаҳри Тирмиз — маркази вилояти Сурхандарё дар Ӯзбекистонро охири моҳи январ оғоз карда буд.

Тахриби ин бахш аз роҳи оҳани Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар соли 2012 аз сӯйи давлати Тошканд сурат гирифт, сабаби таваққуфи тӯлонии 321 вагони бории Тоҷикистон дар ин масир ва боиси корношоям шудани бархе аз маҳсулот ва колоҳои воридотӣ шуд.

Тахриби ин масир ҳамчунин сабаби гаронии қимати маҳсулот дар ҷануби Тоҷикистон ва масдуд шудани содироти колоҳои вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар гашт.

Корҳои барқароркунӣ дар масири Ғалаба — Амузанг

Бо рӯйи кор омадани давлати Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон, ки сиёсати дӯстона бо кишварҳои ҳамсояро дар пеш гирифтааст, нишонаҳои беҳбуди равобити Душанбе ва Тошканд қобили мушоҳида аст.

Ҳамчунин 18 январи соли ҷорӣ Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дода буд, ки  давлати Ӯзекистон барои нишон додани ҳусни нияти хеш дар заминаи беҳбудии равобит бо Тоҷикистон тахфифи 30 то 50 дарсадӣ барои ҳамлу нақли коло ва маҳсулоти тоҷикистонӣ аз тариқи роҳи оҳани худ ироа кардааст.

Ҳамчунин, айни ҳол барои рафтуомади шаҳрвандон ва убури воситаҳои нақлиёт чор гузаргоҳи сарҳадӣ байни ин ду кишвар, гузаргоҳи «Дӯстӣ» дар шаҳри Турсунзода, «Фотеҳобод» дар ноҳияи Мастчоҳ, «Патар» дар шаҳри Конибодом ва «Қуштегирмон» дар ноҳияи Спитамен фаолияти худро ба роҳ мондаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>