Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Афғонистон хостори сулҳ бо Толибон аст

$
0
0

Дар раъси ҳукумати Афғонистон пешниҳод ба амал омадааст, ки гурӯҳи тундрави  Толибон ҳамчун як бахши раванди истиқрори сулҳ дар ин кишвар шинохта шавад.

«Толибон ва ҳамаи аъзои гурӯҳ, тасмим бо шумост. Сулҳро бипазиред, дар гирди мизи гуфтушунид ҷамъ шавед ва биёед Афғонистонро якҷо бисозем», — гуфтааст Ашраф Ғанӣ, президенти ҷумҳурии исломии Афғонистон.

Дар ин бора расонаҳои давлатии Афғонистон хабар додаанд.

Дар баробари ин Ашраф Ғанӣ ба Толибон озод кардан аз зиндонҳо, соҳиби шиноснома гардидан, таъсиси дафтари корӣ дар Кобул ё минтақаҳои дилхоҳи дигар, барҳам додани таҳримҳо ва чандеи дигар пешниҳодҳоро карда гуфтааст, ки дар ҳолати розӣ шудан ба сулҳу оштӣ ва халъи силоҳ ин ҳама пешниҳодҳо ба иҷро хоҳанд расид.

Пешниҳоди сулҳ бо гурӯҳи Толибон аз ҷониби Ашраф Ғанӣ, президенти Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар ҳолест, ки гурӯҳи Толибон бо як эъломия  аз Амрико хост, ки бо дафтари намояндагии сиёсии ин гурӯҳ дар кишвари Қатар, дар бораи  истиқрори сулҳ дар  Афғонистон сӯҳбати мустақим кунад.  

Эъломияи ин гурӯҳ дар вокуниш ба суханони хонум Олис Велз, муовини Вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ, ки ба наздикӣ расонаӣ шуда буд, нашр шудааст. Хонум Велз дар як баромадаш гуфта буд, ки агар Толибон барои гуфтугӯ бо давлати Афғонистон омода бошанд, Амрико аз он ҳимоят хоҳад кард.

Ба бовари Толибон гуфтугӯи мустақим кумак мекунад, ки роҳи ҳалл барои мушкилоти Афғонистон пайдо шавад, ба шарте, ки Амрико хостаҳои машрӯъи мардуми Афғонистонро қабул ва бо гурӯҳи Толибон аз роҳҳои сулҳомез гуфтугӯ кунад.  

Гурӯҳи Толибон ёдовар шуда, ки қаблан ба мардум ва Кунгураи  Амрико бо ирсоли як номаи саркушода, мушаххас карда буд, ки ҷанг роҳи ҳалли мушкилиҳои Афғонистон нест ва ҷанг бар Толибон таҳмил шудааст.

Ба гуфтаи Толибон, Амрико ва муттаҳидони он бояд дарк карда бошанд, ки масъалаи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад. Амрико бояд баъд аз ин ба стратегияи сулҳ тамаркуз кунад то ба стратегияи ҷанг.

Толибон таъкид карда, ки стратегияи низомӣ  дар 17 соли гузашта фақат боиси густурда шудани ҷанг шудааст, ки қобили қабули ҳеҷ кас нест.

Ин эъломияи Толибон дар ҳоле нашр шудааст,  ки пас аз ҳамлаи хунини Кобул, Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон эълом кард, бо касоне, ки мардумро мекушанд сулҳ нахоҳад кард ва интиқоми қурбониёнро аз мухолифони мусаллаҳ хоҳад гирифт.

Ҳамчунин роҳбарияти Афғонистон эълом кард, ки гурӯҳи Толибон бо «куштори бераҳмонаи ғайринизомиён» амалан фурсати гуфтугӯро аз даст дода ва пас аз ин ҳукумат сулҳро дар майдони ҷанг ҷустуҷӯ хоҳад кард.

Доналд Трамп, президенти Амрико низ пас аз ин ҳамалот, музокироти сулҳ бо Толибонро рад кард.

«Мардуми бегуноҳ рӯирост кушта мешаванд. Дар миёни кӯдакону занон бомб мегузоранд, дар ҳама ҷойи Афғонистон мардумро мекушанд. Барои ҳамин намехоҳем бо Толибон гуфтугӯ кунем. Шояд замоне барои ин кор бирасад, аммо ба ин зудиҳо гуфтугӯ нахоҳад шуд.»- гуфт Доналд Трамп


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>