Хабари минбаъд чун коло фурӯш шудани замин дар Тоҷикистон, баҳсҳои гарму тундеро дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ба бор овардааст. Метавонам, хомӯш бимонам, зеро навиштан ё гуфтан тақрибан бефоида аст. Ҳукумати Раҳмон бемайлон ҳар кореро, ки ба муроди ҳукуматдорияш будааст, анҷом додаву медиҳад. Вокуниши матбуот, вокуниши шаҳрвандон аслан дар ҳеч коре то кунун ба эътибор гирифта нашудааст. Даҳҳо қонуне ба тасвиб расида, ки ба василаи он судманофеъи ҳукуматдорон ҳифозат шуда, манофеъи миллӣ зери суол рафта ва ҳатто ба нестӣ расонида шудааст.
Аз додани замини Ватан ба Чин сар карда, то қабули қонунҳои шикандаи танзим, то барчидани расму одоти мардум, ки нестии фарҳанги мардум аст, ҳамагӣ бемайлон ба маърази иҷро дароварда шудаанд.
Ин қонун низ агар двр назар аст, ки расмӣ бишавад, пас мешавад! Ҳеч вокунише, ҳеч матбуоте ва ҳеч эътирози миллие наметавонад садди роҳи ин қонун низ бишавад. Аслан ба миён омадани чунин қонуне дур аз эҳтимол ва чандон тахаййулӣ ҳам буда наметавонист. Дар кишваре, ки муҳимтарин корхонаҳои саноатияш шахсиву нобуд карда шуданд, дар кишваре, ки саросар ба кишвари истеъмолгар табдил дода шудаву ҳатто барои нахи оддӣ вобастаи истеҳсолоти берунист, қабули чунин қонуне, фурӯши расмии замин баъид буда наметавонад.
Бе ин ҳам, ҳазорҳо гектар заминҳои чарогоҳӣ, ҳазорҳо гектар заминҳои кишт бо баҳонаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба дасти ину он “шахсӣ” карда шудаанд. Масалан дар водии Ҳисор чи қадар заминҳои чарогоҳӣ ба Алимардонов таъаллуқ доранд? Ҳазорҳо гектар заминҳои ҷангал ва чарогоҳӣ дар вилояти Хатлон ба кӣ таъаллуқ доранд?
Дар тӯли ин ҳама сол ҳазорҳо гектар замини кишти ҳаволии Пойтахт ва дигар навоҳӣ бо муосидати кӣ ба ашхоси алоҳида барои сохтмони манзил фурӯхта шуд?
Ва… чи боқӣ мондааст, ки то ҳол фурӯхта нашудааст?
Ман гоҳо ҳайрон мешавам вақте интиқодгарону норозиёну аз Ватан берунрафтагонро “хоин”-у “Ватанфурӯш” меноманд. Ин касон чиро фурӯхтаанд, ки бояд “Ватанфурӯш” ва “хоин” номида шаванд?
Ҳамин чанд соат пеш бо имзои мустаоре барои шеъре, ки чор сол пеш гуфтаам худи маро дашномҳое навиштаанд, ки абадан ба ҳафт пуштам намечаспаду созгор нест! Албатта дашномгарон ному насаб надоранд, чеҳра надоранд ё дар симои аспе ваҳшӣ падид меоянд, ё бо мили силоҳ ё гург ё шер…
Вале ҳамон дашномҳо дақиқан ба касоне таъаллуқ доранд, ки чунин қонунҳоро, чунин харобкунии кишварро аз ҳар нигоҳе ба роҳ мондаанд, дастгирӣ кардаанд ва дастгирӣ кардаву чапак ҳам мезананд!
Бо ин ҳама, агарчи иддае аз сатҳинигарӣ ба ин мавзуъ қабули чунин қонунеро хуб мешуморанд ва умед доранд, ки шояд акнун бо пулҳои кор кардаашон чанд сотих замин харида тавонанд, вале ононе, ки пайомадҳои нохуши ин амалро дарк мекунанд, бонги хатар бардоштаанд.
Бонги хатарро барои кӣ мебардорем? Кӣ бояд садди қабули чунин қонуне бишавад? Кӣ метавонад дар Парлумон ба ин Қонун ошкоро эътироз намояд? Магар намояндагони ин парлумон худ заминфурӯш, худ тарафдори заминфурӯшӣ, худ дар орзуи соҳиб шудани замин нестанд? Пас, барои кӣ мехоҳем бонги хатар бизанем?!
Тоҷикистон бо масоҳати хеш ақаллан ними Узбакистон нест, ки бигӯем “боке не, дашту заминҳои фаровон дорем ва барои ҳама басанда аст!”
На, Тоҷикистон сарзамини камзамин аст. Бо ҳеч роҳе имкони васеъкунии заминҳои он нест.
Бонги хатар бардоштан фоида надорад, аммо хомӯш истодан ҳам наметавон. Лоақал пайомадҳои ин амалро бояд пешбинӣ кард ва дар мавриди он навишт.
Ба назари ман дар ҳукумати феълӣ касе ҷуз худи Раҳмон наметавонад садди пиёда шудани ин Қонун гардад. Бале, танҳо худи Раҳмон метавонад ба муқобили ин Қонун овоз баланд кунад ва ақаллан аз ин хатар кишварро наҷот диҳад. Ва аммо агар худ тарафдори чунин тарҳест, пас танҳо барои торих бояд ин ҳама эътирозу шикваву шикоятро бояд навишт.
Эътирозу шикваву шикоят ҳам ба манфиатдорони ин тарҳ таъсире нахоҳад дошт. Барои ин афрод, ки милиардҳояшон дар ҷазираҳои офшорӣ бешу бештар мешаванд, абадан мафҳумҳои миллат, Ватан, посдории манофеъи он бегонаанд ва бегона хоҳанд буд!
Шахси оқил сарвату тавоноии худро дар дохили кишвараш ба масраф мерасонаду номи ҷовидона барои худ мехарад, ҷоҳил ҳамаро берун мекашаду фикр мекунад, ки бо пули ҳангуфт ҳама ҷои дунё барояш мисли деҳаи бобояш хоҳад буд, ки чунин нест!
Дуруст, пеш аз Инқилоб замин моли шахсии шаҳрвандон буд. Заминҳои фаровону ҳосилхез дар дасти сарватмандон ва порчаҳои камтару камҳосил дар дасти табақаи миёнаҳол буд. Мобақӣ муздуру чоряккор буданд.
Агар фурӯхтани замин ё ба ихтиёри шахс додани замин, ки то кунун моликияти истисноии Давлат ба шумор мерафт, ҳатмӣ бошад, пас, шаҳрвандон бо пешниҳоди асноди қадимии худ бояд даъвои заминҳои бобоии худро кунанд. Ин маънои онро дорад, ки хеле аз шаҳрвандон бояд аз хонаву манзили худ ва ҳатто аз қисмати деҳаҳои худ низ маҳрум сохта шаванд. Маълум аст, ки чунин коре имконпазир нест!
Аммо, фурӯхтани заминҳое, ки масалан ҳуҷҷатан аз они падари ину он будааст ба касе, ки то ҳол медонад замини маврусияш дар ихтиёри хоҷагӣ ва милки давлат аст, баробар ба иҷборан гирифтани мулки ӯст!
Ҳеч кас ҳозир нест, ки замини падарашро каси дигаре бихарад ё соҳиб шавад! Дар деҳот то кунун ин баҳсҳо ҷараён доранд!
Ва онгоҳ, вақте чунин қонуне расмӣ шавад, қисмати аъзами заминҳоро раисони хоҷагиҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо ва дар умум касоне мехаранд, ки сарвати миллат дар ихтиёрашон истодааст! Ин хиёнати алано ба ҳаққи ҳашт милион сокини кишвар ва наслҳои ояндаи он аст!
Дуртар аз ин торих, дар ибтидои Инқилоб мардум саросема ба заминфурӯшӣ оғоз карданд. Устод садриддин Айнӣ, ки ҳукумати феълӣ, шахсан Раҳмон эшонро “Қаҳрамони Тоҷикистон” эълом доштааст, ба муқобили заминфурӯшӣ бо шеъри “Замин мафрӯш” садо баланд карда буд. Фурӯхтани замин – хории миллат аст!
Гап дар бораи фурухтани чанд сотих барои хонапӯшии шаҳрвандон намеравад, агарчи ин хонапӯшиҳо дар шароити кишвари камзамин низ комилан ба зарар аст. Бояд, ҳатто дар деҳот мардум ба сохтмони баландманзилҳо дар ҷойҳои қадимии хонаҳояшон оғоз кунанд, то заминашон аз байн наравад ва ба фарзандони ояндаашон бирасад.
Хатар ин нест. Хатари бузурги ин қонун дар чанд самт аст, ки аз хориҷи он нашъат мегиранд.
Нахуст чиниҳо, ки аллакай бо “баракат”-и “сиёсати дарҳои боз” беш аз 83 ҳазор нафарро дар Тоҷикистон ташкил медиҳанд, бо додани ришвату пули калон заминҳоро мехаранд. Роҳ барои онҳо комилан дар ин маврид аз чанд самт ҳамвор хоҳад буд: 1. Медонанд, ки тамоми идораҳои маъмуриву мадании Тоҷикистон бо ришват кор мекунанд. 2. Қонун фуурӯши заминро иҷозат медиҳад. 3. Бо гирифтани зан аз Тоҷикистон аллакай онҳо худро Тоҷикистонӣ ва бо гузашти муддате шаҳрванди аслии он меҳисобанд.
Хуб шудани равобит бо Узбакистон. Ин хуб шуданҳо дар пайи худ зиёнҳое низ ба кишвари мо доранд ва аз ҷумла: 1. Гарон шудани нархи нақлиёти фурӯшӣ дар Тоҷикистону арзон шудани он дар Узбакистон. 2. Гарон шудани қимати хонаҳои истиқоматӣ дар Тоҷикистон, зеро бо василаи узбекистониҳо низ харида хоҳанд шуд ва онҳо тавони харидории хонаҳоро бештар аз соҳибватанҳо доранд. 3. Харидани пораҳои бузурги замин аз ҷониби онҳо (бо дасти хешутаборонашон. ки сокинони Тоҷикистон ҳастанд.)
Хатари дигар аз самти афғонҳо (тоҷикони он кишвар на, маҳз паштуҳо!) харида шудани заминҳо. Бале! Масалан, соҳиби ширкати чойфурӯшии “Алоказай”, ки дар Тоҷикистон аз рӯи қавли ину он, барои пуштибони тиҷоратияш ҳар моҳ 50 ҳазор доллар ришват медиҳад, бо ҳамин васила метавонад заминҳои бисёреро чун шиносномаи Тоҷикистон ба осонӣ бихарад. Ва бештар аз пештар, балки ошкоро тоҷиконро таҳқиру дашном ҳам диҳад! Зеро пул дорад!
Ҳоло хатари қабул шудани ин қонунро дар сатҳи васеътари он низ метавон ба баҳс кашид.
Метавон ҳадс зад, ки дар пушти ин тарҳ касоне нишастаанд, ки қатъан ба миллати тоҷик, ба якпорчагии ин кишвар ва бақои он кинаи азиме доранд. Чи гуна?
Кам ё беш аз сад сол пеш ангилисҳову русҳо дар пайи пора кардани Эрону Хуросон ба по бархостанд. Тавонистанд. Нахуст номи Хуросонро аз байн бурданд. Бо тақвияти паштунҳо дар саросари Хуросон, аз ҷумла дар шимоли он, ки дар таракаи сиёсӣ аз дарёи Панҷ ин тарафаш “мероси Рус” шинохта шуд, тухми паштунро кориданд ва тоҷикро дар ҳама ҷо бечора сохтанд. Номи ин кишварро қасдан Афғонистон ниҳоданд. Ин тарҳ бо вуруди шӯравӣ ба он хок мутаваққиф нашуд. Русҳо низ паштувонро дастгирӣ мекарданд. Пас аз шикасти шӯравӣ дар он сарзамин амрикоиҳову ҳамдастонашон дубора он барномаро идома додан ва забони расмии кишварро аз курсӣ барандохтанд ва ҳатто суруди миллияшро низ! Аз хотир набарем, ки бо тарҳи Дюрант нахуст Пешоварро барои 99 сол ба ихтиёри Покистон гузоштанд ( Покистон ҳеч гоҳ манфиатдори оромӣ дар Афғонистон нест, зеро оромӣ ва тарақӣӣ кардани ин кишвар дар пайи худ бозпас гирифтани Пешоварро дорад.)
Акнун мубориза барои нест кардани калимаи “форсӣ” аз Афғонистон ва дар шиносномаи ҳамаи ағвоми он сабт кардани калимаи “афғон” идома дорад. Барномаи сохтани миллате бо номи “афғон” дар ҳоли иҷроиш аст!
Ин маънои онро дорад, ки дигар дар он кишвар тоҷик ном миллате бо забони форсияш нахоҳад буд. Алҳол забонашро “дарӣ” меноманд ва луғатномаҳое чун “Дарӣ-Форсӣ”, “Дарӣ-тоҷикӣ” ба чоп мерасонанд. Фикр накунед, ки аз ҳаво мегӯям. Ҳанӯз соли 2016, бе он ки дар ҷое гуфта шавад, барои амалӣ шудани ин тарҳ, “Хонаи нашри Лонганшойти Муних” (Langenscheidt GmbH) луғатномаеро зери унвони “Персиш – олмонӣ (Persisch-Deutsch Deursch-Persisch)” ба чоп расонид. Дар муқаддимаи тавзеҳии ин китоб бо забони олмонӣ мухтасоти “форсӣ” бо “дарӣ” зикр шуда, калимаҳо ҳам ба форсӣ ва ҳам ба “дарӣ” пушти ҳам тавзеҳ дода шудаанд. Зикр шудааст, ки гӯйиши мухтаси даризабонҳо дар луҳатнома бо “афг” (яъне “афғонӣ”) нишон дода мешавад.
Масалан вожаи “Абфлус” бо форсӣ “роҳи об” ва бо афғонӣ – яъне дарӣ – “бадаррафт” тарҷима шудааст ё вожаи “Аусрайзевизум” ба форсӣ “раводиди хуруҷ” ва бо дарӣ (афғонӣ) “визаи хуруҷ” тарҷимаву шарҳ дода шуданд!
Аз ин самт, умед намеравад, ки дигар тоҷикони Узбакистон барои соҳиб шудан ба як ҷумҳурии худмухторе чун қарақалпоқҳо даъво кунанд ва ё ба ҷое бирасанд. Паспортҳои онон ҳамчунон узбек боқӣ хоҳад монд ва чандон ба ин муносибатҳои гарм хушбин набояд буд. Муомилаҳои тиҷорӣ, рафту омади шаҳрвандон албатта хуб хоҳад шуд, аммо қад барафрохтани тоҷик дар он кишвар…
Инак, дар миёнаи чандин балои тоҷикзудоӣ як кишвар бо номи Тоҷикистон мисли устухон дар гулуи тоҷикзудоҳо, форсизудоҳо – душманони Эрону Хуросони Бузург ва Варозруд боқӣ мондааст ва чи гуна метавон онро нобуд кард. Чорае нест ҷуз бо бо қабули чунин қавонин!
Агар пушти ин тарҳҳо дасти пурқудрати бегона набошад, дар ҳоле, ки қавму миллатҳои хурду бузург камтарин урфу одати худро зинда кардаву филмҳо гирифтаву фестивалу намоишҳои байналмилалӣ сохта ба ҳамдигар муаррифӣ менамоянд, аммо дар Тоҷикистон ҳамаи урфу одатҳои мардум тавассути як қонун маҳдуд ва қисмати аъзами он нобуд карда шуд. Дар маросимҳои хонадоркунӣ барномаҳои қадимии фарҳангии ҷолибе буд ки акнун дигар барҳам дода шудаанд!
Либоси миллӣ бо ҳар баҳона нобуд карда мешавад. Танҳо атласу чакану чанд навъи тоқии гулдӯзӣ ва туфлии пошнабаланду пеши синаи кушодаи боз ва соқҳои урён “либоси милли тоҷик” ном мегирад.
Мусиқии қадимии миллӣ – Шашмақом. ки 500 сол бегазанд аз миёни тохтутози турку уғуз берун омад ва дар айёми тохтутози пантуркистҳову русҳо тавассути яҳудиҳо наҷот дода шуд ва ба номи тоҷик зинда нигоҳ дошта шуд, акнун таҳриф мешавад. Мисли дарбеҳи ночаспон ба он “Ушшоқи Раҳмон”-у ваҳдату амсоли инро ба иҷбор ворид месозанд.
Ин ҳама агар барномаи хориҷӣ нест, тарҳи як тохтутозу нобудсозии тоҷику фарҳанги он нест, пас чист?!
Ба фурӯши озод гузоштани замини кишвар боиси аз тарафи ашхоси алоҳида ва ба василаву миёнаравии онҳо ба хориҷиҳо фурӯхта шудани замин мегардад. Дар натиҷа ҳазорҳо нафари дигар хоки кишварро аз ноилоҷӣ тарк мекунанд. Тоҷикистон бо ном сарзамини тоҷикон боқӣ мемонад. Иддае, ки дар он боқӣ мемонанд, яқинан иҷорагиру чоряккору муздур хоҳанд шуд.
Ҳукумат бояд аз хирад кор бигирад ва қатъан ин қонунро қабул нанамояд.
Баръакс, корхонаҳои саноатии фурӯхташудае амсоли “Корхонаи нассоҷӣ” ва ғайраро дубора давлатӣ бисозад. Корхонаҳои истихроҷи маъодин, аз ҷумла ангиштро бояд қатъан дар ихтиёри Давлат нигоҳ дорад ва дасти ашхоси алоҳидаро аз онҳо кӯтоҳ созад, то беҳбудие ҳосил шавад.
Ба умеди НБО-ҳои бузург шудан – тушбераро хом шумурдан аст. Ин НБО-ҳо барои худи кишвар ва сокинони он, барои ба кор андохтани корхонаҳои он ва обёрӣ кардани заминҳои он заруранд. Фурӯши барқ муваққатист! Бале, дер ё зуд Афғонистон ба оромиш мерасад ва ба сохтани неругоҳҳои барқӣ дар дохили худ оғоз мекунад ва Узбакистон ҳам акнун дар садади сохтани неругоҳи атомист….
Тоҷикистон дар миёни чанд бало монда ва набояд роҳ дод, ки бо дасти дастбакорони худаш ба нобудӣ кашонида шавад.
Замин мафрӯш!
Исфандиёри Назар
Манбаъ: Фейсбук