Мақомоти Тоҷикистон бо Чин ба тавофуқ расидаанд то ду соли дигар фаъолияти корхонаи алюминбарории ТАлКо қатъ карда шуда, ҷои он корхонаи дигари алюминбарорӣ, аммо бо мушорикати Чин бунёд гардад.
Барои бунёди ин корхона, тибқи иттилои “Озодӣ” 1,6 миллиард доллар зарур аст. Саҳм ва ҳақи ҷонибҳоро Игор Сатторов, сухангӯи ТАлКо “сирри тиҷоратӣ” номидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ТАлКо ширкати миллӣ ҳисобида мешавад ва бояд тамоми ҳисоботаш ошкор бошад.
Игор Сатторов гуфтааст, бунёди коргоҳи нави тавлиди алюминий барои иқтисоди Тоҷикистон фоидовар хоҳад буд. Зеро, ба қавли ин намояндаи ширкати “Талко”, фанновариҳои ҷадиди сохти чинӣ имкон медиҳанд бо сарфи миқдори ками нерӯи барқ тавлиди алюминий афзоиш дода шавад. Дар назди ин корхона, қарор аст, коргоҳҳои дигари тавлиди маҳсулоти алюминӣ таъсис шавад.
“Талко” корхонаи муштаракро бо ширкати чинии “Yunnan” бунёд хоҳад кард, ки аз собиқаи бузурги тавлиди алюминий дар кишвари худ бархӯрдор аст.
Игор Сатторов гуфтааст, «дар баробари сарфаи нерӯи барқ, истеҳсоли ин навъи фулузот афзоиш ёфта, корхонаи муштарак метавонад дар як сол беш аз 500 ҳазор тонна алюминий тавлид кунад. То ҳол исми корхонаи нави муштарак дар ҳоли баррасӣ аст ва, фикр мекунам, баъд аз имзои созишномаи ниҳоӣ ин мавзӯъ дақиқ хоҳад шуд”.
Чанд сол қабл Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, сиёсатмадор ва рӯҳонии маъруф ва собиқ ҷонишини сарвазири Тоҷикистон пешниҳод карда буд ТАлКо фурӯхта шуда бо пули он нерӯгоҳи Роғун бунёд карда шавад. Ӯ гуфта буд бо фурӯхтани Роғун марудм ҳам аз мушкилоти бебарқӣ наҷот меёбад.
Вале ҳукумати Тоҷикистон ба ин пешниҳод бархӯрди дуруште кард ва гуфт, ТАлКо ширкати миллӣ аст ва ҳаргиз фурӯхта нахоҳад шуд. Фаъолияти ин корхона, ҳарчанд андози чашмрасе намесупорид, боис шуда буд ду даҳсола мардум азоби бебарқӣ кашад. Ниҳоят муфлис шудани он бо кӯшишҳои Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон боис шуд интиқоли барқ ба ин корхона ба маротиб кам шавад ва мардум ҳам аз мушкили норасоии барқ нафот ёбад.
Коршиносон мегӯянд, бо назардошти қимати бузурги корхонаи нави алюминбарорӣ ва вазъи хеле бади иқтисоди Тоҷикистон, маблағи асосии сохтмони онро Чин пардохт хоҳад кард, ки дар натиҷа ин корхона бештар моли Чин хоҳад шуд.