Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

“Пешвои миллат —ҳомии миллат” ва “Наш Президент – наша гордость” мавзӯъҳои асосии иншо барои довталабон

$
0
0

Дар номгӯи иншоҳои озод, ки вазорати маориф нашр кардааст, чӣ дар забону адабиёти тоҷик ва чӣ забону адабиёти рус мавзӯъҳои асосӣ бастагӣ ба “Пешво”-и миллат доранд.

Дар ҳарду забон ҳам мавзӯъҳо дар ситоиши “Пешво” дар ҷои аввал омадаанд, ки дарак аз муҳимтарин будани онҳо медиҳад. Номгӯи мавзӯъҳои озоди иншо дар имтиҳони забону адабиёти тоҷик бо ду иншо дар васфи “Пешвои миллат” оғоз мешаванд: “Пешвои миллат — ҳомии миллат” ва “Пайравони пешвои миллатем”.

Номгӯи мавзӯъҳои ншои озод дар имтиҳони забону адабиёти рус якбора бо се иншо дар васфи “Пешво” оғоз мешавад: “Мой Президент”, “Эмомали Рахмон – Лидер нации” ва “Наш Президент – наша гордость”. Аммо мавзӯъҳои вобаста ба раисҷумҳур бо ҳамин тамом намешавад. Як мавзӯъи дигар поёнтар омадааст, ки “День Президента Республики Таджикистан” ном дорад.

Бо асосӣ кардани мавзӯъҳои вобаста ба васфи “Пешво”, интизор меравад дар донишгоҳҳои Тоҷикистон имсол шумори рекордии иншоҳо дар васфи Эмомалӣ Раҳмон навишта шаванд.

Мавзӯъи ҷолиби дигар дар номгӯи иншоҳо “Либосҳои миллӣ – тараннумгари фарҳанги миллат” аст. Вале аз чӣ бошад мавзӯъе дар накӯҳиши риш нест.

Номгӯи пурраи иншоҳои озод дар имтиҳони забону адабиёти тоҷик ва забону адабиёти рус ба тартиби зер аст:

Бо забони тоҷикӣ:

Пешвои миллат – ҳомии миллат

Пайравони Пешвои миллатем!

Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳои миллат аст

Суруди миллӣ — рукни муқаддаси давлатдорӣ

Парчами Тоҷикистон – парчами ному нанги мо

Мазраи меҳру вафоям, Тоҷикистон!

Тоҷикистон – манбаи оби тоза

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст

Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд

Ман ориёиям ва бо ин фахр мекунам

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият

Модар – биҳишти орзуҳо

Истиқлолияти давлатӣ – орзуи ҳазорсолаи мо

Ман ҷавонам, ман ҷавонам, ман ҷавон!

Об рӯшноӣ аст!

Сухан дониста гӯ, то дӯстро душман нагардонӣ

Зиндагӣ бе орзу ширин набуд

Магӯ нохуш, ки посух нохуш ояд

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан

Дониш андар дил чароғи равшан аст

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст

Вақтро ғанимат дон, он қадар ки битвонӣ

Назди арбоби сухан мояи имон адаб аст

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор

Симои устоди аввалини ман

Нобурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад

Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биомӯз

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст

Ҷашнҳои миллии мо

Либосҳои миллӣ – тараннумгари фарҳанги миллат

Роғун – ояндаи дурахшони миллат

Рӯ ба ваҳдат кун, ки он бахти тамоми давлат аст

Роҳҳо пайвандгари дилҳоянд

Бани одам аъзои якдигаранд

Хотами мулки Сулаймон аст илм

Забони ман – ҷаҳони ман

Тоҷикам, бо Тоҷикистон зиндаам

Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол

Ҷаҳон бишнохт номи Тоҷикистонро

Душанбе — шаҳри орзуҳо

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир

Танзими расму оинҳо – осоиши зиндагӣ

Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар

Меҳргон — иди миллии таърихии мо

Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст

Нақши неругоҳҳои барқи обӣ дар рушди иқтисоди кишвар

Баҳор – арӯси сол

Ифтихори миллӣ — нишони ҷавонмардӣ

Баробарҳуқуқии зану мард — кафолати оилаи солим

Хидмат ба Модар — Ватан қарз аст

Худшиносӣ аз шинохти худ сарчашма мегирад

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст

Тафаккури хештаншиносии ҷавонон

Ҳамқадами замон мебояд буд

Тоҷикистон — кишвари ҳазор дарё

Мактаб – махзани илму дониш

Нақши падар дар ташаккули шахсият

Таъсири мусиқӣ ба зиндагии инсон

Дарахти дӯстӣ биншон…

Бо забони русӣ:

Моя страна

Мой Президент

Эмомали Рахмон – Лидер нации

Наш Президент – наша гордость

Моя родина – Таджикистан

Обычаи и традиции таджикского народа

Из истории моего отечества

Таджикистан в моей жизни

Праздник «Навруз» – мой любимый праздник

День независимости Республики Таджикистана

День матери

День Конституции Республики Таджикистан

День Государственного Флага Таджикистана

День Президента Республики Таджикистан

День государственного языка Республики Таджикистан

Праздник Мехргон

Душанбе – мой родной город

Цвети мой край, Таджикистан!

Красота родного края (о природе Таджикистана)

Таджикистан – источник пресной воды

Знание – сила

Без труда не вынешь и рыбку из пруда

Таджикский язык – богатство нации

Роль музыки в жизни человека

Мой любимый писатель

Мой любимый поэт

Мама – самое дорогое слово для человека

В жизни всегда есть место подвигам

Друзья познаются в беде

Что такое совесть?

Мир вокруг меня

В человеке должно быть всё прекрасно

Что такое благородство

Человек и природаДобро возвращается добром

Человек, на которого хочется быть похожим

Все работы хороши — выбирай на вкус

Роль языка в жизни человека

Первый учитель в моей жизни

Современные праздники нашей страны

Человек удивительной судьбы

Дружба таджикского и русского народов

Русский язык – язык межнационального общения Таджикистана

Человек – это звучит гордо

Мой любимый учитель

2018 год — Год туризма и народных ремесел Таджикистана

Молодежь – будущее нашей страны

Роль дружбы в жизни человека

Книга в жизни человека

Влияние природы на человека

Таджикистан – край туризма

Человеку нельзя жить без родины, как нельзя жить без сердца

Самое главное в дружбе – умение понять и прощать

Проблемы молодежи в современной литературе

Сильные люди всегда просты

Моя будущая профессия

Вода — богатство нашей страны

Книга и интернет в моей жизни

Дорогая моя столица…

Роль родителей в нашей жизни

Труд – основа жизни

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>