Доналд Трамп, президенти Амрико, ки бо назарҳои аҷибу ғарибаш машҳур шудааст, аз кӯшиши Чин барои якумра кардани мӯҳлати президентӣ изҳори “ҳавасмандӣ” кард.
Ташаббуси Чин дар бораи аз байн бурдани маҳдудияти мӯҳлати президентӣ, ки аз ҷониби ҳизби Коммунисти ин кишвар пешниҳод шудааст, баъди раъйпурсӣ барои тағйирот ба Конститутсияи ин кишвар, қонунӣ хоҳад шуд.
Дар назар аст, санаи 11 марти соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии мардумии Чин раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудан ба Конститутсияи ин кишвар дар бораи аз байн бурдани маҳдудияти мӯҳлатӣ президентӣ баргузор гардад. Мӯҳлати президентӣ, ки айни ҳол дар Чин на зиёда аз ду бор барои 5-солӣ мебошад, минбаъд якумра хоҳад шуд.
Доналд Трамп, президенти Амрико гуфтааст, ки ибтикори ба чунин иқдом розӣ шудани президенти ҷумҳурии мардумии Чин боиси “таҳсин” аст.
«Ҳоло вай ( Си Тзинпин, президенти Чин) кӯшиш дорад, ки тамоми умр кишварашро сарварӣ кунад. Ин аҷиб аст, боварӣ дорам, ки ӯ инро карда метавонад. Офарин барояш, ки бо истифода аз қудрат умеди наслҳои наву кадрҳои навро барои омадан ба қудрат тавонистааст ба афсона табдил диҳад”.
Дар идомаи сухан Трамп тамасхуромез гуфтааст, “Шояд ягон рӯз дар мо ҳам ин таҷриба амалӣ шавад».
Гуфтанист, ин таҷриба аллакай дар ҷумҳурии ҳамсояи Чин, дар Тоҷикистон пиёда шудааст. Илова ба Конститутсия дар Тоҷикистон махсус барои президент, Эмомалӣ Раҳмон қонуне “Дар бораи пешвои миллат” қабул шудааст, ки салоҳиятҳо ва ҳуқуқҳои пешвои миллатро бар мегирад. Тибқи Конститутсияи Тоҷикистон, ки ба тозагӣ ба он тағйирот ворид шуд ва қонун “Дар бораи Пешвои миллат”, президенти Тоҷикистон ҳамчун Пешвои миллат ҳаққи якумраи интихоб шудан ба мақоми президентиро дорад.