Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Фавти як оилаи тоҷик дар Мадинаи мунаввара

$
0
0

Бахтиёр Додохонов, соҳибкори ҷавони тоҷик бо ҳамсар ва ду фарзандаш дар як меҳмонхонаи шаҳри Мадинаи Мунаввара дар Арабистони Саудӣ фавтидаанд.

Гуфта мешавад, Бахтиёр фарзанди Манзурхон Додохонова, директори собиқи нашрияи «Шарқи Озод»  будааст.

Ин оилаи ҷавон бо қасди Ҳаҷҷи умра ба Арабистони саъудӣ сафар карда будаанд, ки ду рӯз пеш ҷасади беҷони онҳо дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Мадинаи мунаввара ёфт шудааст.

Пайвандони Бахтиёр фавти ӯ ва оилааш дар Арабистони саъудиро ба расонаҳои маҳаллӣ тасдиқ кардаанд.

Мувофиқи қонуни Арабистони саъудӣ онҳо ба яке аз қабристонҳои ин шаҳр гуронида хоҳанд шуд.

Тибқи баъзе аз тахминҳои пешакӣ фавтибагон заҳролуд шуда будаанд.

Маълумоти расмии ин ҳодисаи фоҷиавӣ ҳанӯз аз ҷониби мақомоти дахлдор пешниҳод нашудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>