Парлумони Тоҷикистон маҳсулоти ғизоиеро, ки Корхонаи навтаъсиси истеҳсол, захира ва фурӯши маҳсулоти ҳукумати шаҳри Душанбе аз хориҷ ворид хоҳад кард, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод кард.
Муовини вазири молияи Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмаҳмадзода, ки ин пружаро дар парлумон муаррифӣ мекард. Гуфт ин иқдом ба хотири таъмини амнияти маводи ғизоӣ дар шаҳри Душанбе гирифта шудааст. Вале шаккокон ба ин масъала аз ҷанбаи дигар нигоҳ мекунанд.
Ҷонмаҳмадзода гуфт озодкунии маводи ғизоӣ ба мӯътадил нигоҳ доштани нархҳо ва “бо нархи арзон ба маҳсулоти хушсифат дастрасӣ пайдо кардани сокинони пойтахт” мусоидат хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол онҳое, ки ба иқдомҳои “башардӯстона”-и ҳукумат аз ҷанбаи дигар нигоҳ мекунанд, мегӯянд ин иқдом бештар характери тиҷорӣ ва таблиғотӣ дорад. Онҳо мегӯянд танҳо ба Корхонаи истеҳсол, захира ва фурӯши маҳсулоти (КИЗФМ) ҳукумати шаҳри Душанбе дода шудани ин ҳақ шубҳанок аст ва метавонад ду ҳадаф дошта бошад:
- Рустами Эмомалӣ бо истифода аз мансабаш мехоҳад ба тиҷорати маводи ғизоӣ, ки хоҳаронаш инҳисорӣ кардаанд ворид шавад. Озодшавӣ аз пардохти ААИ ба ӯ имкон хоҳад дод, ки зуд ҷои рақибонашро дар бозор танг кунад.
- Дар сурати ҳатто ба ҳаҷми ними ААИ, яъне 10 дарсад арзон шудани маҳсулоте, ки КИЗФМ ворид мекунад, ин корхона на танҳо зуд ба монополисти ягона дар Душанбе табдил мешавад, балки 10 дарсад арзоншавии нархҳо таблиғоти хубе барои Рустами Эмомалӣ мешавад
Таърихи сабукиҳои ироакунандаи парлумон ба ширкату корхонаҳо нишон медиҳад, ки ин сабукиҳо асосан ба ширкатҳое дода мешаванд, ки ба аъзои хонаводаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ доранд. Ин раванд ӣоси шудааст, коршиносон ҳамеша ба як чунин иқдомҳо бо шубҳа нигоҳ кунанд.