Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Такрори баҳси ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистону Русия дар мавсими сафари муҳоҷирон

$
0
0

Баъди манъ шудани якчанд парвози ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” ба Тоҷикистон, дафтари матбуотии Вазорати нақлиёти Русия  бо нашри як изҳорот изҳори нигаронӣ намуд.

Тавре дар изҳорот омадааст, ҷониби Тоҷикистон “бидуни огоҳии пешакӣ” ва “нақзи созишномаҳои байналмилалӣ” ба парвози хастайри  Перм — Душанбеи ширкати “Уралские авиалинии”   иҷозат надод.

“Ин ҳолат боиси иҷро нагаштани парвоз ва нақзи ҳуқуқи мусофирон гашт. Ҳол он, ки парвоз дар ин масирҳо қаблан мувофиқа шуда буданд.”- омадааст дар изҳорот.

Бино ба манбаъ, дархости ин ширкат барои иҷрои парвозҳои хатсайри Краснодар — Хуҷанд, Челябинск — Душанбе ва Жуковский — Кулоб низ ҳанӯз тасдиқ нашудаанд.

Вазорати нақлиёти Русия ҷиҳати ҳалли ин масъала, намояндагони Тоҷикистонро рӯзҳои 22-23-юми март ба музокирот хонда, гуфтааст, то он муддат барои парвозҳои “Уралские авиалинии”  бояд иҷозат бидиҳанд.

“Дар сурати тасдиқ нашудани барномаи парвозҳои ширкати “Уралские авиалинии” нисбат ба ширкатҳои Тоҷикистон “аз чораҳои ҳамсон” кор гирифта мешавад”,-таъкид шудааст дар изҳороти Вазорати нақлиёти Русия.

Дар ҷавоби ин изҳорот то ба ҳол ҷониби Тоҷикистонн чизе нагуфтааст.

Маврид ба зикр аст, ки баҳс байни ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ ва Тоҷикистон бори аввал нест. Соли гузаштаи 2017 ҷонибҳо тақрибан ним сол бар сари иҷозаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати русии “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд баҳс карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки аввали баҳори соли 2017 Вазорати наклиёти Тоҷикистон дар робита ба манъи парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба Маскав,парвози хатсайрхои “Ютер” ва “Уралские авиалинии”-и Руссияро ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд қатъ карда буд.

 Парвози ҳавопаймоҳои ду ширкати бузурги русӣ “Ютейр” аз Маскав ба Душанбе ва “Уралские авиалинии” ба Хуҷанд манъ шуда буданд.

«Ютейр» ва «Уралские авиалинии» аз ширкатҳои бузурги русӣ ҳастанд, ки дар оморҳо пас аз «Аэрофлот», «Сибир» ва «Россия» дар ҷойҳои 4 ва 5-ум қарор доранд. Ҳамон замон мақомоти Русия аз 3 апрел парвозҳои ширкати «Сомон Эйр»-ро аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Маскав маҳдуд карда, онро ба қазияи ширкати ҳавопаймоии “Ямал” рабт дода буданд.

     Ин баҳсҳо ва манъи хатсайрҳо дар ҳолест, ки мавсими муҳоҷирати шаҳрвандон фаро расида, мамнуъиятҳо боиси ба мушкил мувоҷеҳ шудани онҳо шудааст. Эҳсос мешавад, ҳар сол дар мавсими сафари муҳоҷирони корӣ ба Русия, ба хотири даромади бештар овардан аз ҳисоби муҳоҷирон, рақобатҳои носолими ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба миён меоянд. Дар ин байн бинобар ноуҳдабароии мақомоти зидахл ва дар натиҷаи шартҳои пухта нарасидаи ҷонибҳо, танҳо мардуми бечора сарсон мешавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>