Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва рушди сайёҳӣ, директорони агентиҳои хизмати давлатӣ ва хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар ҷараёни ин сафар имзои се созишномаи ҳамкорӣ дар назар аст. Сафири Қазоқистон дар Душанбе Нурлан Сейтимов ба матбуоти қазоқӣ гуфтааст, ки қарор аст зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Остона, созишиномаи марбут ба “реадмиссия” — ошкор ва истирдод кардани шаҳрвандони ду кишвар, ки даст ба нақзи муқаррароти будубош задаанд, имзо шавад.
Санади дигар дар бораи шароити будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар ва созишномаи сеюм марбут ба табодули маълумот дар бораи равандаи муҳоҷират ба кишварҳои ҳамдигар мебошад.
Як санади дигар, ки қарор аст миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев имзо шавад, барномаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар назар мегирад. Дар шарҳи худ ба матбуот сафири Қазоқистон Нурлан Сейтимов гуфтааст, ки равобити ду кишвар, ки бар пояи принсипҳои манфиатҳои муштарак ва ҳамкорӣ бунёд шудааст, дар ҳолати хуб қарор дорад. Вай гуфтааст, Қазоқистон як кишвари содиркунандаи гандуму орд ба Тоҷикистон аст ва ҳамакнун имкони ба роҳ мондани содироти локомотив ва мошин ба ин кишвар фароҳам омадааст.