Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Муслиҳ, мубориз ва рӯҳонии сиёсатмадор

$
0
0

Ба муносибати 71 солагии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ — муассиси ҲНИТ ва муаллифи сулҳи тоҷикон

Дар таърихи миллатҳо гоҳо муслиҳони бузург ва мардони бошаҳомате пой ба арсаи ҳастӣ мегузоранд, ки воқеан созандагони сарнавишти миллатҳо ба шумор мераванд. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ҳақ яке аз шахсиятҳои нодире буд, ки номи ӯ дар таърихи бузургони ҷомеъаи башарӣ ба сабт расидааст. Партави абъоди шахсияти ӯ тамоми паҳнои зиндагии миллати тоҷикро фаро гирифта, роҳи такомули маънавӣ ва ҳаракат ба сӯи ҷовидонагиро ба рӯи он кушодааст.

а) Шахсияти илмии устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

Вай дар даврони авҷи истибдоди ҳокимияти коммунистӣ аз солҳои 70-уми асри гузашта, ба эҳёи дубораи тамаддуни бузурги Ислом, зиё бахшидани афкори қишрҳои гуногуни ҷомеъа ба асоси арзишҳои волои илоҳӣ ва таҳкими пояҳои фарҳанги миллӣ пардохт. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар он айём яке аз бузургтарин донишмандони исломӣ дар миқёси Осиёи Марказӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт. Вай ба тадрис дар даҳҳо ҳалқаҳои омӯзишӣ қишри донишомӯз ва фарҳангдӯстӣ миллатро бо фарҳанги асили исломӣ ошно сохта, заминаҳои бозгашт, ба асолати тамаддуни миллиро дар қалбу андешаи онҳо омода месохт. Ҳамчунин зимни суханрониҳои пурмӯҳтаво ва ҳусни муоширати исломии худ афкори умумро ба сӯи фарҳанги бузурги ниёгон роҳнамоӣ мекард. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо нубуғи илоҳии худ қолаби дарсии бозмонда аз даврони Бухоро ва равиши мактаби кӯҳнаро тағйир дод ва тарҳи наверо дар низоми омӯзишу парвариши динии он рӯзгор ба роҳ андохт. Донишомӯз дигар бар асоси барномаи навин умри худро дар мутолиъаи чанд китобе ба форсӣ ва мухтасаре аз фиқҳ ба поён намерасонид. Балки дар муддати барномарезишудаи муайяне аз омӯзиши донишҳои дигари динӣ, аз ҷумла тафсиру ҳадис низ бархӯрдор гардида, мутолиъа ва шинохти комиле дар бораи Ислом ва арзишҳои инсонии он ба даст меовард.

Бояд гуфт, дар барномаҳои дарсии ба ёдгор монда аз асрҳои пешин танҳо чизе ки ҷой надошт, омӯзиши ҳамин донишҳои асили динӣ буд. Ҳамчунин устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ тавонист бегона ва нодуруст будани андешаи ҷудоии дин аз давлатро барои насли ҷавон бифаҳмонад. Мардум дар партави таълимоти ӯ ба моҳияти аслии Ислом пай бурда, тавонистанд онро ба унвони дини сиёсат, дини дорои низоми комили иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва… бишиносанд. Услуби навини тадрис ба зудӣ натиҷаҳои дилхоҳи худро ба бор овард ва ҳазорон нафар дӯстдорони фарҳанг ва тамаддуни исломӣ омӯзишҳои диниро фаро гирифтанд. Ин равиши рӯ ба рушди бозгашт ба асолати миллӣ ва эҳёи дубораи тамаддуни азими исломӣ нерӯҳои интизомӣ ва дастгоҳи идеологии ҳокими он рӯзгорро ба ташвиш овард.

Барои гирифтани пеши роҳи ин раванди рӯ ба рушди бозгашт ба ҳувияти миллӣ монеъаҳои гуногуне ба вуҷуд оварда мешуд. Нақшаи чунин тарфандҳо аз ҷониби тарроҳони масъул дар органҳои дахлдор омода гардида, баъзан бо дасту забони табақае аз диндорони ноогоҳ ва ё вазифадор ба иҷро расонида мешуд. Яке аз бадтарин нақшаи барномарезишудаи дастгоҳи идеологии ҳоким бар зидди он ҷараёни рӯ ба наҳзати фарҳангӣ паҳн кардани шоеъаи «ваҳҳобият» ва ба ду бахш тақсим намудани ҷомеъаи ҳанӯз бетаҷрибаи мусалмонон буд. Онҳо забонаҳои оташи ин дасисаро муддати бист сол ҳамчунон афрӯхта нигоҳ доштанд ва аз бетаҷрибагӣ ва сатҳи поёни маърифати мардуми мусалмон дар ростои ҳадафҳои тафриқаафканонаи худ сӯиистифода намуданд. Бар асоси ин нақша ҷавонони таҳсилкарда ва тарафдорони барномаи навинро ба тоифаи «ваҳҳобия» мансуб дониста, дастаи дигаре аз мусалмононро ба посдорони Исломи аҷдодӣ (традитсионӣ) ҷудо сохтанд.

Дар марҳалаи амалӣ бошад, барои нигоҳ доштани фосилаи ба вуҷуд омада ва дудастагӣ дар миёни ҷомеъа коргузорони пинҳонии худро дар миёни ҳарду тараф машғули фаъолият намуданд. Ба ҳамин тартиб, дастгоҳи идеологии ҳоким дар миёни мусалмонон дудастагӣ ва ҷудоии фикрӣ эҷод намуд ва барои костани шаъни устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ овозаҳои дурӯғеро ба забони мардум илқо мекард. Гоҳе ӯро вобастаи ваҳҳобият ва замоне дастнишондаи Эрон мегуфт. Вале шахсияти устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ болотар аз он буд, ки бо чунин иғвоҳои барномарезишуда ба зери шубҳа афтад. Вай ҳаргиз ба тафриқа роҳ намедод. Тамоми талош ва нубуғи фикрии худро барои ҳифзи ваҳдат ва якпорчагии миллат равона карда буд.

Саранҷом соли 1986 дастгоҳи ҳоким устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва шуморе аз тарафдорони ӯро дастгир ва ба минтақаҳои сарди Сибир бадарға намуд. Дар таърихи ҳокимияти Шӯравӣ пас аз репрессияи даврони Сталин ва маҳкум гардидани истибдоди сталинӣ аз сӯи сарони баъдии партияи коммунистӣ ин бори дуюм буд, ки ба чунин иқдоми репрессионие даст зад. Ҳамчунин пас аз барқарории ҳокимияти Шӯравӣ мардум аввалин бор барои ҳимояи сарвар ва пешвои динии худ даст ба эътироз ва гирдиҳамоии умумӣ заданд. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ пас аз бозгашт аз бадарға дар муддати кӯтоҳе аз соли 1986 то 1990 дар натиҷаи талошҳои пайгирона ва иқдомоти ҳакимонаи худ тавонист ваҳдат ва якпорчагии фикрӣ ва эътиқодии ҷомеъаро дубора барқарор созад.

Нақша ва андешаи барномарезишудаи дастгоҳи идиелогии ҳоким бо номи ваҳҳобият комилан беасар гардид. Вай дар амал собит намуд, ки ҳеҷ гуна гароиши эътиқодие ба ҷараёнҳои гуногуни фикрӣ надорад, балки шахсияти огоҳ, донишманд ва пайрави воқеъии мактаби ҳанафӣ мебошад.

Бо вуҷуди ғолиб омадан бар тамоми мушкилот дар муддати наздик ба бист сол, ҳанӯз чеҳраи сиёсии шахсияти Устод ва тавоноиҳои нуҳӯфтаи ӯ барои хелеҳо норавшан буд. Мардум, ба хусус табақаҳои зиёӣ ва таҳсилкардаи кишвар ба тавоноии сиёсии шахси диндор ва як мулло бовар надоштанд. Вале устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ин парвардаи мактаби Ислом алакай дар ин муддат ҳаракати фикрӣ фарҳангӣ ва диниеро ба роҳ андохта буд.

б) Ҷанбаи сиёсии шахсияти устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ.

Ҳудуди солҳои 90-уми асри гузашта ва пас аз он андак-андак марҳалаи гирудорҳои сиёсӣ ва танишҳои гуногуни фикрӣ оғоз гардид. Мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми тоҷик фазои нисбатан бози сиёсӣ ва эътиқодии даврони перестройка ва гласност (бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ)-ро бо гармӣ ва эҳсосот пазируфтанд.

Онҳо бо шавқу шӯр дар сохтани ҷомеъаи фарҳангӣ ва бинои тамаддуни миллии худ саргарми мубориза буданд. Вале барномарезони идеологии дастгоҳи ҳоким ва масъулони дахлдори нерӯҳои интизомӣ мехостанд бо ҳар василае пеши роҳи ин раванди рӯ ба рушди бедории миллатро бигиранд. Ҳатто агар бо ба роҳ андохтани қатлу куштор ва ҷанги шаҳрвандӣ низ таҳаққуқ ёбад. Ин буд, ки ҳодисаҳои феврали соли 1990 аз ҷониби сиёсатмадорони манфиатдори Кремл барномарезӣ ва ба амал бароварда шуд. Коргузорони онҳо бо афрӯхтани шӯълаи эҳсосоти мардум онҳоро ба майдон кашиданд. Онҳо бо куштори бераҳмонаи мардуми ба майдон омада мехостанд тарсу ваҳшат аз сурхҳоро дубора дар дили мардум барқарор созанд.

Пас аз фурӯ пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳи августи соли 1991 гирудорҳои сиёсӣ ва танишҳои фикрӣ дар ҷомеъаи тоҷик рӯз ба рӯз тезутунд мегашт. Мардум бо мушоҳидаи истиқлолият ва раҳоварди сиёсӣ ҳарчи бештар ба эҳсосот фурӯ мерафтанд ва муборизаву гирдиҳамоиро ҷузъе аз ҳуқуқҳои табиъӣ ва роҳи расидан ба ормонҳои миллии худ медонистанд. Ҳеҷ гоҳ онҳо дар рӯи ҳам қарор гирифтан ва ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани миллатро тасаввур ҳам намекарданд. Вале ҳайҳот, ки душмани бегона чизи дигаре мехост. Дастгоҳи бесалоҳияти Ҳукумати Тоҷикистон дар он лаҳзаҳои ҳассос ҳеҷ роҳи ҳалли осоиштаеро дар назар надошт. Балки афроди фурсатталаб ва табақаи манфиатхоҳ дар дастгоҳи ҳокимият вазъиятро рӯз то рӯз тезутунд месохт. Саранҷом нерӯи сеюм тавонист мардумро дар муқобили ҳам қарор диҳад ва онҳоро ба куштори якдигар ва ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ таҳрик намояд.

Сиёсатмадорони гузаро тез-тез зуҳур ва уфул мекарданд. Ягона сиёсатмадоре, ки тамоми мушкилот ва талхиҳои ҷанги шаҳрвандиро пушти сар намуд ва ҳамчунон бар ҳадафҳои худ боқӣ монд, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд. Вай ҳаргиз ҷонибдори хушунат, қатлу куштор ва ҷангу хунрезӣ набуд, балки ҳамвора муборизи роҳи озодӣ ва ободии кишвар ва миллати худ буд ва чунин ҳам боқӣ монд. Вай дар тамоми муборизаҳо ва гирдиҳамойиҳои солҳои 1991-1992 фаъолона ширкат варзида, тақрибан роҳбарияти тамоми мусалмонони кишварро бар ӯҳда дошт, вале ҳаргиз ҷонибдори ҷангу хунрезӣ ва ҷудоии миллат набуд. Ӯ шеваи муборизаро роҳи мусолиматомези расидан ба ормонҳои миллӣ ва василаҳои осоиштаи ҳалли проблемаҳои иҷтимоъӣ медонист. Муборизаи онҳо дар баробари ҳукумати бесалоҳият ва барои ба даст овардани ҳуқуқҳои миллии мардум буд. Вале нерӯҳои манфиатдор бо истифода аз вазъияти ба амаломада мардумро ба ду даста ҷудо сохта, дар муқобили ҳам қарор доданд.

Шахсият ва маҳорати сиёсии устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз ҳамон оғози дар муқобили ҳам қарор гирифтани мардуми тоҷик зоҳир буд. Вай бо шахсиятҳо ва сарони ҷониби муқобил ба гуфтушунид баромад. Дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва… дар миёни роҳбарони ду ҷониби даргир гуфтушунидҳое баргузор гардид, ки устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ яке аз ташаббускорон ва иштирокчиёни бевоситаи онҳо буд. Вале ҳар боре ки гуфтушунидкунандагони ду тараф ба созише даст меёфтанд, аносири дастнишондаи бегона ба иғвои мусаллаҳонае даст мезаданд ва натиҷаҳои ба дастомадаро барбод медоданд. Хулоса, музокироти дуҷонибаи мусолиҳаи миллиро нагузоштанд, дастовардҳои худро татбиқ намояд. Вале ягона ормони миллӣ ва ҳадафи илоҳии устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ барқарор намудани сулҳу оштӣ ва ваҳдати дубораи миллат буд. Соли 1994 гуфтушунидҳои оштии миллӣ аз сар гирифта шуд ва то соли 1997 дар шаҳрҳои Кобул, Маскав, Теҳрон, Алмаато, Ашқобод ва Бишкек ҷараён дошт ва дар ниҳоят ба сулҳу оштии миллати тоҷик хотима ёфт. Бояд ёдовар шуд, ки ин марди таърих аз ҳамон оғоз тарафдори ҷангу хунрезӣ ва дудастагии миллат набуд, ҳамчунин аввалин шахсе гардид, ки барои ҳалли сиёсӣ ва мусолиматомези қазияи Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд. Шахсият, тасмимгириҳои бамавқеъ ва дурнамои андешаҳои ӯ сулҳу оштиро барои миллат ба бор оварданд.

Дуруст аст, ки ҷониби дигари қазия низ барои барқарории сулҳу оштӣ дар кишвар талошҳои зиёде намуд ва бе омодагии дуҷониба ҳаргиз сулҳе барқарор намегашт, вале онҳо сулҳеро қабул доштанд, ки ғолибиятро барои онҳо ба ҳамроҳ дошта бошад. Сулҳе, ки пирӯзии онҳоро таъмин намояд. Аммо сулҳеро, ки устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ таҳаммул менамуд, гузашт аз тамоми чизро барои ӯ ва тақрибан ниме аз мардуми кишвар ба ҳамроҳ дошт. Танҳо ба хотири якпорчагӣ, ваҳдат ва оромии кишвар. Ҳамин гузашт аз баҳри ҳама чиз, тасмимгириҳои бамавқеъ ва фидокориҳои шахсияти устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд, ки дар кишвари Тоҷикистон сулҳу оштиро ба бор овард. Оре, сулҳ, аммо имтиёзҳои нобаробар, тақсимоти на панҷоҳ дар панҷоҳ, балки сӣ дар ҳафтод, ки он ҳам пурра амалӣ нагашт, вале оромӣ, ободӣ ва саодати миллатро ба бор овард. Инҷост, ки шӯъои миллатпарварӣ ва хубраи сиёсии шахсияти устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ чашмҳоро мебарад. Ҳатто ба даст овардани ҳамон сӣ дар сад низ барои устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ чандон аҳамияти таърихие надошт, балки муҳим барқарор намудани сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ буд ва бо ҳар баҳое, ки ба даст ояд.

Оре, баҳои онро устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ пардохт ва ба хотири миллат аз баҳри ҳама чиз гузашт. Ҷангро хелеҳо метавонанд ва дар баъзе кишварҳои ҷаҳон дар даҳу бист сол ҳам оташи он хомӯш намегардад, вале сулҳро ба он ҳама гузашт танҳо устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ тавонист. Оре, ҳамин гузаштҳои талх барои ӯ ва тарафдоронаш, вале ширин барои кишвар ва миллат роҳи ҷовидонагии таърихиро барои шахсияти ӯ ба унвони сулҳовартарин шахсияти асри бистум боз кард. Ростӣ, миллат ва кишвари Тоҷикистон барои ҳамеша мадюни ин гузаштҳо ва хадамоти арзишманди устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мебошанд.

Таҷрибаи сулҳу оштии тоҷикон, ки имрӯзҳо дар миқёси ҷаҳонӣ мавриди таҳсин ва омӯзиши доираҳои гуногуни сиёсӣ қарор дорад, мадюни тасмимгириҳои бамавқеъ, гузаштҳои тасаввурнопазир ва сиёсатҳои хирадмандонаи ӯ мебошад. Вале афсӯс, ки пардаи муосират ва беадолатиҳои таърих ҳанӯз дар ҳаққи шахсияти ӯ ба поён нарасидаанд. Мақомоти баландпояи давлатӣ, воситаҳои ахбори умум ва табақаи қаламбадаст ин таҷрибаи сулҳро аз ҷумлаи ифтихороти миллати тоҷик ба шумор меоваранд, вале аз шахсияте, ки ин таҷриба бо баҳои умри ӯ ба даст омадааст, номе ҳам намебаранд. Аксари соҳибназарони сиёсӣ бо мушоҳида ва баррасии марҳалаи дуюми фаъолиятҳои устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ӯро танҳо марди сиёсат медонанд ва ин паҳлӯи шахсияти Устод абъоди дигари онро аз назари онҳо пӯшонидааст. Вале назари мо ин аст, ки устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ рӯҳонии сиёсатмадор ва парвардаи мактаби шахсиятсози Ислом мебошад.

в) Ҷанбаи рӯҳонӣ ва фикрии шахсияти устод

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар тӯли муборизаҳои наздик ба чиҳилсола ва дар тайи марҳалаҳои гуногуни фаъолиятҳои илмӣ, сиёсӣ ва фикрии худ қиёфаи имонӣ ва симои рӯҳонии худро ҳифз намудааст. Вай бо ҳамон симои рӯҳонӣ ва дар либоси аҳли дин тавонист сиёсати мактаби Исломро пеш барад. Чи тавре мушоҳида менамоем, дар ҷаҳон сиёсатмадорони зиёде бо гузариш ба марҳалаҳои гуногуни фаъолиятҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва фикрии худ сурат ва симои зоҳирии хешро борҳо иваз намудаанд. Аз либоси миллӣ ва маъмулии худ хориҷ гашта, барои зоҳирсозӣ ва риояи аҳли замон ҳатто ба занону духтарони худ либосҳои кӯтоҳу бегона бо фарҳанги миллиро пӯшонидаанд. Оре, шояд пурсида шавад, ки ҳифз ва ё тағйири либос чӣ аҳамияти таърихӣ ва сиёсие дорад, балки он яке аз назокатҳои дипломатияи аср ба шумор меравад. Шояд ин барои аҳли саҳна муносиб бошад, вале барои сиёсатмадоре дар он сатҳ, ба хусус шахси рӯҳонӣ ва миллатпарвар ҳаргиз пазируфта нест.

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо ҳамон либоси миллӣ ва симои рӯҳонии худ дар таърихи таҷрибаи ҷаҳонӣ кореро анҷом дод, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар асри бист камтар назирашро дидааст. Номи ӯ дар шумори нақшофаринони таърих ба унвони тавонотарин муслиҳи иҷтимоъӣ, муборизи роҳи озодиву ободӣ ва рӯҳонии сиёсатмадор сабт мегардад. Агар пардаи муосират ҳанӯз аз шинохти комили паҳлӯҳои шахсияти ин марди наҷиб монеъ гардад ҳам, таърихи шахсият ва хадамоти арзандаи ӯ барои наслҳо ва бар фарози асрҳо мавриди омӯзиш қарор мегирад. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ пас аз таҷрибаҳои тӯлонӣ ва пӯхтани ҷавҳари сиёсат дар фитрати ӯ бори дигар фазои илму маърифатро бо накҳати маъорифи илоҳӣ, бахшишҳои имонӣ ва омӯзаҳои қуръонӣ муаттар намуда, пас аз барқарории сулҳу оштии миллӣ дар сар то сари кишвар ба тафсири хазонаи маъорифи осмонӣ – Қуръони карим пардохт. Вай зимни суханрониҳои илмии худ сураҳои Қуръонро ба таври муфассал ва бо забони равони илмӣ барои наслҳои имрӯз ва ояндаи миллат тафсир намудааст. Ростӣ, он тафсирҳо баёнгари макнуноти илмӣ ва нуҳуфтаҳои шахсияти илоҳии марде мебошанд, ки арзишҳои ҷаҳонии Қуръон андешаи ӯро сохтаанд.

Аслан мушкилоти таҳаммулнопазири сиёсӣ ва гирифториҳои (машғулиятҳои) гуногуни фикрӣ ва иҷтимоъии ҳаёт сиёсатмадорони зиёдеро аз пой дармеоварад ва зарфиятҳои илмии онҳоро ба сифр мубаддал месозад, вале устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар ин ҷо низ шахсияти истисноист. Вай тамоми мушкилоти фавқро пӯшти сар гузошта, ҳафтае чанд бор маҳфили дӯстдорони фарҳанги динӣ ва донишҳои исломиро тароват мебахшид.

Хулоса, ин неъмати оромӣ, ободӣ ва якпорчагии миллат, ки роҳи шукуфоӣ ва саодатро дар фарорӯи наслҳо қарор додааст ва ин бедории фарҳангӣ, ки имрӯз эҳсос менамоем ва садҳо дастовардҳои дигар, ҳама бо талошҳои пайгирона ва тасмимоти хирадмандонаи он марди илоҳӣ ба даст омадаанд. Бо ҷуръат метавон гуфт, ки устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз ҷумлаи ҳамон мӯъминони ростине мебошад, ки Худованд онҳоро дар ояти 23-и сураи Аҳзоб васф намудааст. Вай воқеан ҳам барои миллати мусалмони тоҷик ҳамон масъулият ва кореро анҷом дод, ки дар ҳадиси Расули Худо (с) бо номи таҷдиди дин зикр гардидааст.

Муҳиддин Кабирӣ,

раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

Бознашр аз китоби ҲНИТ: Сарварон дар ҳадиси дигарон, соли 2013


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>