Бо ибтикори Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон чор президенти панҷ кишварҳои Осиёи миёнагии собиқ Шуравӣ дар Остонаи Қазоқистон мулоқот анҷом доданд. Дар ин мулоқот президенти Туркманистон иштирок накард ва ба ҷои худ раиси парлумонашро фиристод.
Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар оғози самити Остона гуфт, ин ҷамъомад бо ибтикори Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон баргузор шуд, ки баъди марги Каримов, дар тирамоҳи соли 2016, ба қудрат расид ва аз он замон барои беҳбуди равобит бо ҳамсояҳо иқдом кард.
«Қазоқистон ҳамеша аз равобити ҳасанаи тиҷоратӣ бо давлатҳои ҳамсоя, махсусан Осиёи Марказӣ, ки бо ҳам таърихи муштарак, фарҳанги муштарак, дарки муштарак ва дидгоҳи муштарак ба ҷаҳон дорем, ҷонибдорӣ кардааст», — гуфт Нурсултон Назарбоев.
Президенти Қазоқистон таъкид намуд, ки, «иттиҳоди кишварҳои мо ба фоидаи ҳамаи бошандагони минтақа аст ва рушди тиҷорати минтақавӣ, амнияти минтақавиро мустаҳкам мекунад.»
Нурсултон Назарбоев чанд соат пеш аз шурӯи нишасти Остона зимни мулоқоташ бо Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон гуфт, ки панҷ кишвари Осиёи Марказӣ «ин тавонро доранд, ки тамоми масъалаҳои минтақавиро худашон ҳал кунанд»
«Ҳеҷ зарурат вуҷуд надорад, ки мо барои ҳалли масъалаҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ аз берун одам даъват кунем. Мо ин тавонро дорем, ки ҳамаи масъалаҳоро худамон ҳал кунем. Ҳадафи мулоқот ҳам ҳамин аст», — гуфт Нурсултон Назарбоев.
Гуфтанист, ки дар ин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ байни ҷумҳурииТоҷикистон ва Қазоқистон созишномае ба имзо расид, ки ба шаҳрвандони ду кишвар ҳақ медиҳад, дар қаламрави якдигар бидуни сабтином (регистратсия) 30 рӯз ва бо сабтином се моҳ ҳузур дошта бошанд. Дар гузашта муҳоҷирони тоҷик ҳақ доштанд, ки бо сабтиноми худ дар ягон хона ё меҳмонхонаву идора як моҳ дар ҳудуди Қазоқистон бимонанд.
Маврид ба зикр аст, ки мулоқотҳои қаблии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, баъд аз суқути Шӯравӣ, ба сурати умум натиҷаи хуб надоштанд.
Президентҳои кишварҳои Осиёи Миёна қарор карданд, ки ҳамасола дар остонаи Наврӯз мулоқот мекунанд. Мулоқоти навбатӣ соли оянда дар Тошканд баргузор хоҳад шуд.