Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Назорати ҷараёни муҳоҷират дар Русия пурзӯр мешавад? (Садо)

$
0
0

Аз 25 апрел то 25 июл дар шаҳр ва вилояти Маскав дар робита ба баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол FIFA 2018, ки аз 14 июн то 15 июли соли 2018 дар Русия доир мегардад, назорати ҷараёни муҳоҷират пурзӯр мешавад.

Дар шабакаи иҷтимоъии в Контакте дар гурӯҳи «Таджикистан» aкси эълоне  нашр шудааст, ки дар он қайд мешавад, ки аз 25 апрел то 25 июл дар шаҳр ва вилояти Маскав дар робита ба баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол FIFA 2018, ки аз 14 июн то 15 июли соли 2018 дар Русия доир мегардад, назорати ҷараёни муҳоҷират пурзӯр мешавад.

«Дар ин давра ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ рӯзона дар кӯчаҳо маҳдуд шуда, шабона тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати санҷиши ҳуҷҷатҳо дар хонаи маҳалли зисташон қарор дошта бошанд», – навишта шудааст дар эълон.

Ин эълон дар яке аз шуъбаҳои Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия дар вилояти Маскав овехта шудааст. Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар ин давра ба қайди муҳоҷират гузоштан қариб ғайриимкон шуда, дар ин робита чунин тавсияҳо дода мешавад:

  • Шаҳрвандони хориҷие, ки бар асоси патент кор мекунанд, боҷи давлатиро ба муҳлати ҳадди ниҳоии имконпазир, хубтараш то моҳи август пардохт намуда, таъҷилан то 26 март ҳуҷҷатҳояшонро барои дароз кардани қайд пешниҳод намоянд.
  • Шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) то 26 март ҳуҷчатҳояшонро барои дароз кардани муҳлати қайд пешниҳод кунанд.
  • Хуб мешуд, агар шаҳрвандони хориҷӣ дар давраи зикршуда сарҳадро убур накунанд.

Мутаассифона, дарёфти тасдиқи расмии ин маълумот муяссар нашудааст. Дар сомонаи ВКД Русия дар ин бора маълумот нест.

Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли 2017 Владимир Путин, президенти Русия  «Дар бораи ҳолатҳои хоси истифодаи тадбирҳои пурзӯр дар давраи баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол FIFA 2018 ва Ҷоми Конфедератсияи FIFA 2017 дар Русия» фармон ба имзо расонид. Бар асоси ин фармон қарор шуд, ки шаҳрвандони хориҷие, ки аз 25 май то 25 июли соли 2018 ба шаҳрҳои баргузории бозиҳои Чемпионати ҷаҳон Москва, Калининград, Санкт-Петербург, Волгоград, Қазон, Нижний Новгород, Самара, Саранск, Ростови лаби Дону, Сочи ва Екатеринбург меоянд, дар муддати як шабонарӯз бояд худро ба қайд гузоранд.

Вобаста ба фармони содиршуда, муддати тамоми ин рӯзҳо ҳамаи воҳидҳои ВКД Русия оид ба масоили муҳоҷират дар шаҳрҳои зикршуда, шабонарӯзӣ ва бидуни рӯзҳои истироҳат кор мекунанд.

Каримҷон Ёров

Каримҷон Ёров, роҳбари Созмони ҷамъиятии «ЭТМОС» , ки муқими Русия аст ва фаъолияти созмонаш низ марбут ба дифоъи ҳуқуқи муҳоҷирон мебошад, ба Паём гуфт, ки ингуна овозаҳоро набояд бовар кард.

«Баъзе аз корхонаву ташкилотҳое, ки дар онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ кор мекунанд,  дар маъракаи баргузории Чемпионати футбол, ки аз 14 июн то 15 июли соли 2018 дар Русия баргузор мешавад, ба хотири ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нашудан мехоҳанд, пешакӣ ин мушкилиро бартараф кунанд. Ин эълонҳо кори дасти онҳост» — гуфт Каримҷон Ёров.

Гуфтаҳои  Каримҷон Ёров дар бораи пурзӯр шудан ё нашудани назорати ҷараёни муҳоҷиратро  инҷо гуш кунед:


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>