Чанд соли охир дар расонаҳо яке аз хабарҳои доғ, бастани масҷидҳо дар Тоҷикистон аст. Ҳар ҳафтаву ҳар моҳ хабари бастани даҳҳо масоҷид ва тахриби онҳо расонаӣ мешавад. Солҳост, ки дар бораи ифтитоҳ ва ё ба истифода додани масҷидҳо дар Тоҷикистон хабаре нест. Аммо ҳамоно мақомоти ин кишвар ҳамеша, дар омор теъдоди масоҷид дар Тоҷикистонро сол аз сол зиёд нишон медиҳанд. Гӯё, ки бастани дари масҷид ба рӯи намозгузорон, ба забони мақомдорони мо кушодану ифтитоҳ тарҷума мешуда бошад.
Хонандаи гиромӣ! Бо то ба охир хондани ин навиштаҳо огоҳ хоҳед шуд, ки чигуна мақомот дар бораи теъдоди масоҷид дар Тоҷикистон мардумро фиреб мекунанд ва бо қиёсҳои назарфиребона, ҷиноятҳои худро рӯйпӯш намуда, “кисаи мардумро бо чормағзи пуч” пур мекунанд.
Динситезӣ ва рашки сиёсӣ
Баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ то соли 1997 бо дасисаҳои зиёд масҷидсӯзӣ, масҷидбандӣ, уламокушӣ ва бадарға шудани уламои дин ба авҷи аъло расида буд. Даҳҳо уламои машҳури дин кушта шуданд, садҳои дигар ба кишварҳои ғайр ҳиҷрат карданд. Мардум сохтмони масҷид он тараф истад, ҳатто барои обод кардани як масҷиди вайрона, ҷуръат намекарданд.
Аммо, баъди истиқрори сулҳ ва бо ҳам дасти баҳамоӣ дароз намудани ду ҷониб, боз ҳам мардум нафаси осоишта кашиданро оғоз намуд. Оҳиста-оҳиста дар кишвар баробари дигар иншоотҳо, масҷидҳо низ дар қади кучаву хиёбонҳои шаҳру деҳоти кишвар қомат афрохтанд. Садҳо масҷидҳое бино шуданд, ки ба зебогии шаҳру деҳот ҳусну таровати зиёде зам менамуданд. Дар фазои сулҳу осоиш теъдоди намозгузорон фавҷ — фавҷ меафзуд. Дар моҳи шарифи рамазон ва ҳар ҳафта дар намози ҷумъа, масҷидҳо пур шуда, намозгузорон то ба кучаҳо мерехтанд. Ҳамарӯза, теъдоди масҷидравон зиёд ва боз ҳам эҳсос мешуд, ки масҷидҳо барои намозгузорон хурдӣ мекунад ва боз барои вусъат ва сохтмони масоҷид ниёз ҳаст.
Ҳарчанд он солҳо низ бӯи ғализи бадбинии масҷиду уламои дин аз ҷониби пасмондагони фронти халқӣ, ки дар сари ҳокимият буданд, ба машоми мардум расида, нороҳат мекард, аммо нуфузи ҷомеъаи шаҳрвандӣ намемонд дуди ғализи динбадбинӣ фазои ҷомеъаи ба осоиштагӣ расидаро тираву торик кунад.
Роҳбарияти ҳукумат, ки решааш фронти халқӣ буду аз дасти ҳамин фронтгарон ҳазорҳо мардум сарбагурезу ба шаҳодат расида буданд, ҳануз аз тақсими осоиштагӣ бо мардум розӣ набуд ва мехост ин осоиштагӣ танҳо аз они худашу авлодаш бошад.
Соли 2009 дар Тоҷикистон як Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти имоми мазҳаби ҳанафӣ- Имоми Аъзам, Абуҳанифа (р) доир гардид. Дар ин симпозиум даҳҳо уламои саршиноси ислом аз гушаву канори олам ба Тоҷикистон даъват шуда, иштирок намуданд. Доир шудани ин симпозиум дар Тоҷикистонро аксарияти меҳмонон як таҳкурсие барои рушду нумӯи Тоҷикистон дар сояи ба ҳам омадани дину дунё унвон карданд. Ҳамон сол даҳҳо масҷидҳои боазамату пуршукӯҳ бо номи имом Абуҳанифа (р) дар Тоҷикистон қомат афрохтанд. Аммо ин рушд дер давом накард.
Дар соли 2010 интихоботи парлумонӣ доир шуд. Дар ин интихобот ҳизби ҳокими ҲХДТ аксари ороро бохт. Рақиби асосии ҳизби ҳоким, ки Ҳизби Наҳзтаи исломии Тоҷикистон маҳсуб меёфт, бино ба ҳуҷҷатҳои аз қитъаҳои интихоботӣ ҷамъоварӣ шуда, наздик ба 60 фоизи овози интихобкунандагонро касб намуд. Он вақт ҲНИТ ба мардуми Тоҷикистон як маъракаи интихоботӣ ба таври мудерн ва ҷавобгӯ ба талаботҳои муосирро ба намоиш гузошта буд, ки андешамандон ва ояндабинони мақомот дар пеши ин ҳама навовариҳои ҲНИТ моту маҳбут шуда буданд.
Бо зури қудрат ва таҳдиди ҷангу қатлу куштор ҲНИТ-ро маҷбур ба ақибнишинӣ карданд ва барои ҲНИТ ҳамагӣ ду ҷойро дар парлумон раво диданд. Бино ба маълумотҳои дақиқ то ба ҳол дар бойгонии ҲНИТ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таърихӣ дар бораи ғолиб омаданаш дар интихоботи парлумонии 2010 вуҷуд дорад. Ин ҳуҷҷатҳои қитъаҳои интихоботӣ, ки худи раисони қитъаҳо (участкаҳои интихоботӣ) имзо кардаанд, тавассути нозирони интихоботӣ аз ҷониби ҲНИТ ҷамъоварӣ шудаанд.
Бояд зикр кард, ки як рӯз баъди интихобот роҳбарияти ҲНИТ омодагӣ ба интихоботи соли 2015-ро эълон намуд. Худи ҳамон сол, теъдоди аъзои ҲНИТ қариб ду баробар афзуд. Садҳо муаллимон, устодони донишгоҳҳову равшанфикрон, махфиву ошкоро ҷонибдори ҲНИТ будани худро изҳор мекарданд. Донишҷӯён, устодони донишгоҳҳо, коршиносон ва ҳатто кормандони баландпояи ҳукумат бо вуҷуди фишорҳо ба нишастҳои илмӣ-фарҳангии ин ҳизб ба майли тамом ҳозир мешуданд. Толорҳои нишастҳои фарҳангии ҲНИТ пур аз донишҷӯён мешуд. ҲНИТ дар раъси ВАО беш аз ҳарвақта қарор дошт. Албатта ин ҳолат як башорати дигари ғалабаи ҲНИТ буд.
Ин ҳамаро мушоҳида намуда, ҳизби ҳокими ҲХДТ мисли мурғи парканда ба такопӯ афтод. Ҷаласаҳои махфии протоколиву ғайрипротоколияш ба маротиб афзуданд. Тамоми ҳушу ёди мақомот дар нобуд кардани рақиби рақами 1, ҲНИТ буд. Давраи такопӯ ва осемасарии мақомот фаро расид.
Такопӯ ва осемасарии ҳукумати Тоҷикистон
Моҳи марти соли 2012 нашрияи русии zvezda.ru матлаберо бо номи “Протокол №32-20 – добро пожаловать в мир беспредела силовиков и политических репрессий” ба нашр расонид, ки дар он дар бораи як протоколи ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, президенти ин кишвар сухан мерафт.
Дар қарори ин протоколи ҷаласаи махфӣ, ки 26 ноябри соли 2011 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд, омада буд, ки бояд таҳкими назорат аз болои фаъолияти ташкилотҳои динӣ, хусусан дар масҷид ва бо истифодаи ҳамаи воситаҳои қудратӣ мубориза бар зидди диндорон пурзӯр карда шавад.
Аз ҷойҳои ҷамъиятӣ ва фурӯшгоҳҳо дискҳои дорои маводи динӣ доштаро барчида шавад.
Барои бастани масҷидҳо ва манъи мактабҳои динӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Ҳамчунин дар бораи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосе дар протокол зоҳир шуда буд. Дар қарори протокол гуфта мешуд, ки дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллӣ ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ҷумла барои фалаҷ намудани фаъолияти ин ҳизб, роҳбарон ва кормандони он чораҳои заруриро андешида, рӯихати пурраи аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ дастрас карда шавад., Усул ва роҳҳои фаъолияти онҳо муайян ва аъзои он барои тарки ин ҳизб ташвиқ карда шаванд.
Ҳарчанд ба пуррагӣ набошад ҳам, мақомот мавҷудияти як чунин қарори протоколиро тасдиқ кард. Аз Прокуратураи генералӣ ба дархости Парлумони Тоҷикистон ҷавоб доданд, ки як чунин протокол мавҷуд аст, вале баъзе аз муҳтавои ин протокол чуноне, ки расонаӣ шудааст, нест.
Аммо татбиқи муҳтавои расонаишудаи ин протокол оғоз шуд. Аз ҳамон замон бастани дари масоҷид қариб, ки ҳамарӯза расонаӣ мешуд. Аксарияти ноҳияҳои Тоҷикистон, ки ҳеҷ не як мадрасаи мутавассита доштанд, як ба як фаъолияти ин мадрасаҳоро барҳам медоданд. Имомон ва уламои динро зидди ҳам мешӯрониданд. Барҷастатарин уламои Тоҷикистон Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Мирзоро, ки ҳар рӯзи ҷумъа барои шунидани мавъизаҳояшон аз тамоми гушаву канори кишвар ҳазорҳо мардум ҷамъ мешуданд, аз минбар дур карданд. Масҷиди ҷомеъе, ки дар он Эшони Нуриддин мавъиза мекард, бастанд. Дари тамоми фурӯшгоҳҳо, ки ба фурӯши маводҳои динӣ машғул буданд, баста ва молҳои аксарияти чунин фурӯшгоҳҳо бо ҳар баҳона мусодира шуданд. Ҳатто кор то ба ҷое расид, ки дар дохили нақлиёт низ гуш кардани насиҳатҳои уламои дин манъ гардид. Фурӯшу вориди рӯсариҳо ва либосҳои мутобиқ ба шариати исломӣ барои занон қатъиян манъ шуд. Дар кучаву хиёбон ва бозорҳо мардони ришдорро боздошт намуда, мақомот ришашонро дар сари роҳ, дар як ҳолати таҳқиркунанда ва пастзанандаи шаъну шарафи инсонӣ метарошид. Ҳазорҳо духтарону модаронро дар сари хиёбону кучаҳо боздошт ва маҷбур намуданд, ки русариашонро бадар кунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон то ҳаде осемасар шуда буд, ки ҳатто Кумитаи амният студияи видеоие таъсис дода, муносибатҳои маҳрамонаи мардумро дар шабакаҳои телевизионии давлатӣ ба намоиш гузошт. Аъзои ҲНИТ-ро як ба як маҷбур мекард, аризаи хориҷшавӣ аз ҳизбро нависанд. Агар қабул намекарданд, таҳдидҳоро бо намудҳои гуногунаш истифода мекарданд. Уламои дин мисли мақоли халқӣ дар ҳолати “бо гурусна мадорову бо девона маросо” қарор доштанд. Уламои динро назди баландгӯякҳо, бо шиорҳо мисли сарбозон қатор намуда, ҳаммаашонро маҷбур мекарданд, ки алайҳи ҲНИТ суханронӣ кунанд. Уламои дин ҳам содалавҳона, ба ин бовар буданд, ки алами ҳукумат бо ҲНИТ аст ва агар ҲНИТ-ро аз байн барад ором мешаваду ҷони мардум аз ин девонагӣ халос меёбад. Вале чунин нашуд. Баъди он ки фаъолияти ҲНИТ-ро бо мазҳакаи хандаовар бастанд, навбати уламои дин ҳам расид. Садҳо уламои дин пушти панҷараи зиндон шуданд ва ё сар ба гурез. Бар замми ин ҳар расонае, ки як каме мустақилият дошт ва ҳақиқати ҳолро менигорид, маҷбур карданд, ки фаъолияташро қатъ кунад. Садҳо рӯзноманигорон, адибону нависандагони озодандеш Тоҷикистонро тарк намуданд. Ҳоло ин амалиёт идома дорад.
Бастани масҷидҳо ва оморҳои бардурӯғ
Ҳануз санаи 18 майи соли 2011 Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини ҳамон вақт, дар мусоҳибааш бо Радиои озодӣ маълумот дода буд, ки он замон дар Тоҷикистон 3 720 масҷид, 1 донишгоҳи исломӣ, 29 мадрасаи мутавассита, 2 мактаби динӣ-дунявӣ ва як гимназияи исломӣ фаъолият мекунанд.
Дар сояи татбиқи протоколи 32-20, дар соли 2012 садҳо масҷид дар Тоҷикистон баста шуда, аризаи тасдиқи ифтитоҳи фаъолияти садҳо масҷиди нав беҷавоб монданд. Дари чандин мадраса ба рӯи толибилмон баста шуд. Тафтиши масҷидҳо аз ҷониби ниҳодҳои гуногуни мақомот аз ҷумлаи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, андоз, барқ, дезбюро, экология, худидоракунии маҳаллӣ ва ғайра хеле дар авҷ буданд.
Новобаста аз ҳама ин масҷидбандиҳо ва барҳам додани фаъолияти муассисаҳои динӣ, Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар нишасти матбуотияш соли 2013 эълон кард, ки теъдоди масҷидҳо дар кишвар ба 3982 расидааст, ки ин нисбат ба гузориши дар моҳи майи соли 2011 додаи Абдураҳим Холиқов 262 адад масҷид зиёд мебошад. Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди расонаӣ шудани бастани фаъолияти садҳо масҷид ва муассисаҳои диннӣ, дар ин муддат кушодашавии ҳеҷ масҷиде расонаӣ нашудааст.
Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, санаи 31 июли соли 2015, зимни нишасти хабарияш ба рӯзноманигорон гуфт, ки аз оғози соли равон дар Тоҷикистон 1 ҳазору 32 масҷид баста шуда, биноҳои онҳо барои истифода ба сифати ҷойҳои ҷамъиятӣ ё марказҳои фарҳангу фароғат қарор дода шуданд.
Теъдоди масҷидҳо ва муассисаҳои диниро прокурори генералӣ дар ин нишасти хабарияш 4089 адад эълон кардааст, ки аз ин 72-тоаш иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ ва як ҷамоаи динии ғайри исломӣ мебошанд. Яъне, бино ба маълумоти прокурори генералӣ дар соли 2015 агар теъдоди муассисаҳои динии ғайриисломиро ба назар нагирем, теъдоди масҷидҳо ва муассисаҳои динии исломӣ 4016 адад дониста мешавад. Ин адад аз нишондоди соли 2013, омори ду соли пеши Кумитаи дин, бо вуҷуди он, ки дар худи 6 моҳи аввали ҳамин сол, тибқи омори расмӣ 1032 масҷид баста шудааст, 34 адад зиёд мебошад.
Дар ин миён як сол мегузарад ва соли 2016 фаро мерасад. Дари садҳо масҷиди дигар баста мешавад. Даҳҳо масҷидро бо трактору булдозер дар ин сол ба хок яксон мекунанд. Дар худи вилояти Суғд бино ба омори расмӣ зиёда аз 100 масҷид баста шуд. Дар моҳи январи соли 2016 мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар шаҳри Душанбе, аз ҷумлаи 1500 масҷид 900 адади он баста шудаанд.
Давоми 6 моҳи аввали соли 2016 тибқи гузориши Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ фаъолияти 133 масҷид қатъ шуда буд.
Аммо 13 июли соли 2016 Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ боз ҳам бо ҳамон омори кӯҳна, бо як каме найранги ҷумласозӣ эълон мекунад, ки дар ду соли охир 1032 масҷид баста шуда, боз ҳамон теъдод 4089 адад муассисаҳои динӣ боқӣ мондаанд.
Бино ба даъвои Сулаймон Давлатзода, дар ин нишасти хабарӣ “давоми 6 соли ахир дар кишвар фаъолияти ягон муассисаи динии расмӣ қатъ нагардидааст”. Аммо тибқи маълумотҳои расонаишуда, воқеъият ин аст, ки аз гузориши Абдураҳим Холиқов, ки соли 2011 эълом карда буд, дар Тоҷикистон 1 донишгоҳи исломӣ, 29 мадрасаи мутавассита, 2 мактаби динӣ-дунявӣ ва як гимназияи исломӣ фаъолият мекунанд, дар соли 2016 на танҳо ҳазору ду ҳазор масҷид баста шуданд, балки давоми ин 6 сол 29 мадрасаи мутавассита бидуни истисно фаъолияташон манъ карда шуд. Дари гимназияи исломӣ ва ду мактаби динӣ-дунявӣ низ баста шуда, ба ҷуз як Донишгоҳи исломӣ дар Тоҷикистон ягон муассисаи таълимии динӣ намонд. Магар Абдураҳим Холиқов соли 2011 аз теъдоди муассисаҳои динии ғайрирасмӣ бо ифтихор гузориш медод? Магар ин 29 мадрасаи мутавассита, бидуни истисно ғайрирасмӣ буданд? Фарз кардем, чунин буд, аммо то ба ҳолати ҷунунӣ расидан, ҳукумат куҷоро назорат мекард? То ин муддат ҳукумат, низом, давлат ва мақомоти амниятӣ доштем ва ё на? Чаро ин ҳама ҷунунӣ ба якборагӣ?
Ногуфта намонад, ки дар ҳисобкунаки мақомоти зидахл аломати тарҳ вуҷуд надорад. Ё ин ки ҳисобкунаки мақомот тарҳ кардани рақами бисёрро хуш надорад. Зимни нишасти матбуотӣ моҳи октябри соли 2017, масъулини Кумитаи дин ба хабарнигорон иттилоъ доданд, ки дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3542 масҷиди панҷвақта, 69 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмуъ 3989 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст ва ҳамаи онҳо муътадил, тибқи талаботи қонун эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда истодаанд. Дар ин гузориш ҳарчанд аз ифтитоҳ, кушодашавӣ ва ё ба истифода додани ягон адад масҷиди наве маълумоте нест, бо вуҷуди баста шудани зиёда аз 1000 масҷид, адади муассисаҳои динӣ нисбати соли гузаштаи 2016 танҳо 100 адад кам шудааст.
Дар соли 2018 Кумитаи дин эълом кард, ки дар кишвар 1707 масҷиди ғайриқонунӣ баста шуда, 231 масҷиди дигар дар ҳоли «коркард» қарор доранд. Яъне инҳо низ ба наздикӣ баста хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи намояндаи ин кумита Ҳусейн Шокиров, 1707 биное, ки ғайритаъйинотӣ ҳамчун масҷид истифода мешуданд, «ба таъйиноташон баргардонда шуд” ҳоло ба чойхона, қасри фарҳанг, кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ ва коргоҳу дигар муасиссаҳои иҷтимоӣ табдил дода шудаанд.
Дар нишасти хабарии Кумитаи дин, санаи 5 феврали 2018 гузориш шуд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 3906 иттиҳодияи динии исломӣ ва 67 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ, дар маҷмӯъ 3973 иттиҳодияи динӣ фаъолият мекунанд.
“Дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3528 масҷиди панҷвақта, 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмуъ 3973 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст ва ҳамаи онҳо мӯътадил тибқи талаботи қонун эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда истодаанд”.- омадааст дар гузориши нишасти матбуотии Кумитаи дин.
Аммо дар бораи ифтитоҳ ё кушодашавии ягон масҷиди нав дар имсол низ маълумоте дода нашудааст. Бо вуҷуди бастани 1707 масҷид дар ин сол, танҳо 14 адад масҷид нисбат ба соли гузашта кам нишон дода шудааст.
Даъвои Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, ки гуфта буд, дар кишвар танҳо масҷидҳое баста шудаанд, ки фаъолияташон ғайрирасмӣ буд, мисоле, ки дар зер меорем, ботил месозад. Сомонаи хабарии akhbor.com иттилоъ дод, ки шоми 19 феврали 2018 имомҳои 10 масҷиди панҷвақта дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ба намозгузорон хабар додаанд, ки бо дархости мақомот бояд ин масҷидҳо баста шаванд. Аз масъулони ин масоҷид хостаанд, ки дар бораи худбарҳамдиҳӣ протокол ва ариза тартиб диҳанд ва аз 20 феврал ба фаъолияти худ нуқта гузоранд.
Агар ин 10 масҷид дар шимоли кишвар расмӣ ва ба қайд гирифта нашуда бошанд, пас протоколи худбарҳамдиҳӣ чӣ зарурият дорад? Ариза ва протоколи худбарҳамдиҳӣ барои масҷиде, ки ба расмият шинохта нашудааст, чигуна тартиб дода мешавад? Чигуна онҳо худро барҳам медиҳанд, дар ҳоле, ки шӯрои муассисон расмӣ набуд?
Як мисоли дигар, агар фаразан Кумитаи дин танҳо фаъолияти масҷидҳои ғайрирасмиро барҳам додааст, чаро дар гузориши соли 2017 нисбат ба соли 2016 теъдоди масҷидҳои расмӣ 100 адад кам шудааст? Ё худ дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 теъдоди масҷидҳои расмӣ 14 адад кам шудааст. Чигуна ин масҷидҳоеро, ки як соли пеш ба расмият мешинохтед, ғайрирасмияш кардед ва аз теъдоди умумии масҷидҳои расмӣ берунашон намудед? Даҳҳо чунин мисолҳоро овардан мумкин аст, ки дурӯғҳои шохдори мақомотро фош мекунад ва месазад гуфт, ки даъвои Сулаймон Давлатзода дурӯғ, найранг, фиреб ва хок пошидан бар чашми миллат аст.
Хонандаи азиз, аз рӯи худи ҳисоботи аз соли 2011 ба баъд додаи мақомот, ки дар боло оварда шуд, воқеъиятро мустақилона пайгирӣ кунед, то муайян шавад, ки айни ҳол дар ҳақиқат чанд масҷид дар кишвар боқӣ мондааст? Бино ба маълумоти таъйидшуда, айни ҳол дар кишвар теъдоди масоҷид дар Тоҷикистон аз ду ҳазор убур намекунад.
Қиёсҳои назарфиребона
Борҳост, ки мақомоти Тоҷикистон теъдоди зиёди масҷид дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамсоякишварҳоро мисол меорад. Вақте созмонҳои бонуфузи тадқиқотии ҷаҳонӣ аз бастани теъдоди зиёди масҷидҳо дар Тоҷикистон нигаронӣ мекунанд, масъулини мақомоти зидахли Тоҷикистон дарҳол мисол меоранд, ки теъдоди умумии масҷидҳо дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои ҳамсоя хеле зиёд аст ва ҳатто аз рӯи шумор ба ҳар 2300 нафар аҳолӣ як масҷид дар Тоҷикистон рост меояд, ки ин намуна дар ҳеҷ кишвари ҳамсоя нест. Ҳамеша нигарониҳои созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон “ғайри мунсифона ва ғаразнок” унвон мешаванд.
Аммо оё чунин даъво дуруст аст? Биёед ба воқеъият назар мекунем.
Дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон шумори мусалмонон аз ҳисоби фоиз нисбат ба Тоҷикистон кам аст. Тибқи даъвои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, 97% аҳолии зиёда аз 8млн нафараи ин кишварро мусалмонон ташкил медиҳанд. Аммо бино ба оморҳои расмӣ 80% аҳолии Қирғизистон, ки ба 6 млн нафар намерасад, мусалмонон ба ҳисоб мераванд.
Айни ҳол дар Қирғизистон наздик ба 2700 масҷиди расмӣ фаъолият мекунад. Илова бар ин зиёда аз 70 ташкилотҳои хайриявии исломӣ ва созмонҳои диние бо фаъолиятҳои намуди гуногун амал мекунанд, ки ҳар як ин созмонҳо ба худ намазкана ( намозхона) доранд ва ин ташкилотҳо ба шумори умумии масҷидҳо дар Қирғизистон дохил намешаванд. Ҳамчунин дар назди садҳо корхонаву фабрикаҳо, фурудгоҳҳои ҳавопаймоӣ, истгоҳи қатораҳо, автовокзалҳои Қирғизистон намозхона вуҷуд дорад, ки шароиташ аз бештари масҷидҳои Тоҷикистон хубтар ва ғунҷоиши намозгузорон низ бештар аст, аммо ба шумори умумии масҷидҳо дар Қирғизистон ворид намешаванд. Ҳатто дар бинои парлумони ин кишвар намозхона бо ғунҷоиши 150 нафар намозгузор мавҷуд аст. Дар худи шаҳри Бишкек илова бар масҷидҳо, 70 намозхонаи дигар вуҷуд дорад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Қирғизистон 10 донишгоҳ ва донишкадаҳои исломӣ, 80 мадрасаи мутавассита, даҳҳо мактабҳои динӣ-дунявӣ, литсейҳои туркӣ ва коллеҷҳои теологӣ фаъолият мекунанд, ки дар ин кишвар бино ба омори расмӣ теъдоди донишҷӯёни мадорис ва донишгоҳҳои исломӣ зиёда аз 6 ҳазор нафар мебошад. Ин дар ҳолест, ки теъдоди умумии донишҷӯёни ягона донишгоҳи исломии Тоҷикистон 1090 нафар буда, дар Тоҷикистон ягон адад мадрасаи мутавассита айни ҳол вуҷуд надорад. Дар муқоиса бо 70 созмону ташкилотҳои исломӣ ва хайриявии Қирғизистон, дар Тоҷикистон ба ҷуз 3 ҷамоатхона, ягон созмон ва ё ташкилоту марказҳои фарҳангӣ ва хайриявии исломӣ фаъолият намекунад.
Ин ҳам ногуфта намонад, ки мақомоти Тоҷикистон даъво доранд, ки ба хотири он мадрасаву масҷидҳоро бастаанд, ки афзоиши ифротгароён ба сабаби зиёдии масҷид ва мадрасаҳои динӣ дар кишвар ба вуҷуд омадааст. Бо ин далел, бо иттиҳоми нашри ифротгароӣ, аксарияти имомони масҷидҳое, ки фориғуттаҳсили донишгоҳҳои исломӣ дар хориҷ буданд, мақомоти Тоҷикистон онҳоро ба зиндон кашид ва ё аксарияташон сар ба гурез шуданд. Дар Қирғизистон бошад, баракси ин, аксарияти имомон ва қозиҳои ин кишвар фориғуттаҳсили донишгоҳҳои хориҷӣ ба мисли Покистон, Арабистони саъудӣ, Миср, Туркия, Лубнон, Малайзия ва ғайра мебошанд.
Бино ба раддабандии Индекси ҷаҳонии терроризм 2017 таҳдиди терроризм ва экстремизм дар Қирғизистон нисбат ба Тоҷикистон як чанд радда поён нишон дода шудааст. Яъне Қирғизистон нисбат ба Тоҷикистон дар пешгирии таҳдиди тероризм фаъолтар ба ҳисоб меравад. Агар теъдоди ба ДОИШ пайвастагони Тоҷикистонӣ бино ба омори расмӣ зиёда аз 1300 нафар бошад, (ҳол он ки тибқи омори ғайрирасмӣ на камтар аз 5 ҳазор нафар аст) ин нишондиҳанда дар Қирғизистон ба 600 нафар намерасад.
Як кишвари дигари қиёсии Тоҷикистон солҳост, ки ҷумҳурии Ӯзбекистони ҳамсоя буд. Дар воқеъ замони ҳукмронии Ислом Каримов, президенти собиқи Ӯзбекистон, як диктатори сарсахти дигаре мисли Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон ба як кишвари динситез табдил шуда буд. Ҳазорҳо уламои ин кишвар дар зиндонҳо, дар бадтарин ҳол ба сар мебурданд ва ҳазорҳои дигар бо гурехтан ба хориҷ ҷони худро аз дасти ин диктатори аср халос карда буданд. Аммо ҳатто дар замони ҳукмронии Ислом Каримов низ, дар аксари вилоятҳои Ӯзбекистон мадрасаҳо фаъолият мекарданд. Дар худи пойтахти Ӯзбекистон ба ҷуз Донишгоҳи исломии ба номи имом Бухорӣ, боз се мадрасаи мутавассита, аз ҷумла мадрасаи таърихии “Кукалдош” фаъолият мекард. Ҳамасола Ӯзбекистон китобҳои ҳазорҳо уламои динро ба нашр мерасонид.
Айни ҳол бошад, бар замми 2037 масҷиде, ки дар Ӯзбекистон фаъолият мекунанд, бо фармони президенти ин кишвар ба ҳама корхонаву фабрикаҳо, фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, автовокзалҳо ва ғайра иҷозат дода шудааст, ки намозхона дошта бошанд. Бар замми ин аз ҷониби Шавкат Мирзиёев, президенти феълии Ӯзбекистон фармон шуд, ки ҳар ноҳия дар қади хиёбонҳо дутогӣ масҷиди сарироҳӣ бунёд кунанд, то мусофирон дар вақти намоз ба хотири ҷустуҷӯи масҷид сарсон нашаванд.
Баракси Тоҷикистон, айни ҳол дар Ӯзбекистон рӯз аз рӯз теъдоди масҷид зиёд мешавад. Ҳамчунин бино ба баромадҳои сарварони ин ду кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон- Қирғизистон ва Ӯзбекистон “танҳо озодии мардум дар ибодат ва назорати осоиштаи давлат аз болои диндорон метавонад пеши роҳи ифротгароиро бигирад, на бастани масҷиду таъқиби диндорон”.
Чанде пеш, Шавкат Мирзиёев ҳамон кормандони Хадамоти амнияти Ӯзбекистонро, ки пештар ба таъқиб ва заҷру шиканҷаи диндорон машғул буданд, саги девона унвон кард. Роҳбари ин хадамот Рустам Иноятовро, ки асосгузори шиканҷаҳои мусулмонон дар Ӯзбекистон ва улгӯи Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон маҳсуб меёбад, аз вазифааш барканор намуд. Ин дар ҳолест, ки мардуми диндори Тоҷикистон аз заҷру шиканҷа ва таҳқири диндорон аз ҷониби мақомоти амниятии ин кишвар ба дод омадаанд.
Чӣ бояд кард?
Даъвоҳои пучу бемағзро мебоист кайҳо мақомоти Тоҷикистон бас мекард ва дар касб намудани ризоияти мардум аз кишварҳои ҳамсоя ақиб намемонд.
Бояд гуфт, ки бастани масҷидҳо, барҳам додани фаъолияти муассисаҳо ва таълимгоҳҳои динӣ, ба хотири пешгирии ифротгароӣ роҳи ҳал намебошад. Бовар ба Худо ва муҳаббат ба масҷид як амали фитрии инсонӣ буда, ҳеҷ як таблиғу ташвиқе, заҷру шиканҷае, маҳдудияту таъқибе ба хотири ибодату масҷид пеши роҳи диндоронро гирифта наметавонад. Шояд шуълаи равшании фитрати инсонӣ дар баробари фишорҳо тоб наоварда, каме камнур шавад, вале хомуш шуданӣ нест. Барои шахси мухлис ва диндор мисли мақоли халқӣ “даре баста, дарвозае кушода аст”. Таҳсилу риояи аҳкоми динро бо таври расмиву қонунӣ вақте ҳақ намедиҳем, роҳҳои ғайрирасмиву пинҳонӣ ҷустуҷӯ ва пайдо мешаванд, ки берун аз ҳама назоратҳо буда, садҳо баробар хавф ба амнияти кишвар доранд. Вақте мо ба насли наврас ҳақ намедиҳем, ки зери назорати давлатӣ бо таври расмӣ, дар масҷиду таълимгоҳҳои ватанӣ нашъунамо ёбанд, ҳатман ин ниёзи худро онҳо бо роҳҳои дигар бартараф мекунанд. Ҳамон роҳҳое, ки мақомот ҳатто аз ба забон овардан ҳарос дорад.
Месазад гуфт, ки бастани масҷидҳо дар Тоҷикистон ин ноуҳдабароии мақомот дар назорати осоиштаи амнияти мардуми эътиқодманди кишвар аст. Зеро агар мақомоти кишвар аз уҳдаи назорати осоиштаи амниятии мардум барояд, бидуни ҳеҷ фишор ва таъқибу тазйиқ мардумро зери назорати худ мегирад. Ин аст, ки ба сабаби ноуҳдабароӣ дар назорат, мақомот ҳалли корро танҳо дар бастани дари таълимгоҳҳо ва масҷидҳои кишвар мебинад.
Инчунин маврид ба таъкид аст, ки ин аср- асри иттиллот аст. Ҳеҷ касро бо оморҳои сохта ва дурӯғҳои шохдор намешавад фиреб кард. Бояд мақомоти Тоҷикистон ақалан дар гузориши оморҳо, пештар рақамҳоро бисанҷанд. Дар як сол ҳамагӣ ду бор нишасти хабарӣ доир мекунед, бо рақамҳои куҳна ва оморҳои соли гузашта баромад намудан магар айб нест? Бар замми ин бояд донист, ки агар ҳисобкунаки шумо, ки ҳисоб карданро хуш надорад, ҳисобкунаки мардум хубу дақиқ ҳисоб мекунад. Хубтараш якбор ба инсоф биёеду ба ҷои бешармона, фиреб додани мардум як роҳи дурусти мардумсолоронаро пеш гиред.
Шавкати Муҳаммад