Минбаъд эътикоф дар дохили Масҷиди Набавии шаҳри Мадинаи Мунаввара, дар моҳи шарифи Рамазон манъ карда мешавад.
Касоне, ки мехоҳанд моҳи шарифи Рамазон дар Масҷиди Набавӣ эътикоф шинанд, метавонанд танҳо аз боми масҷид, ки ғунҷоиши то 10 ҳазор намозгузорро дорад, истифода кунанд.
Дар ин бора Марва-Тур иттилоъ додааст.
Тибқи манбаъ Шоҳзода Файсал Бин Салмон, амири шаҳри Мадинаи Мунаввара ва раиси Кумитаи оид ба ҳаҷҷи ин шаҳр дар ҷаласаи кумита, супориш додааст, ки дар боми Масҷиди Набавӣ то моҳи шарифи Рамазон барои эътикоф шароит омода карда шавад.
Ҳамчунин дар ҷаласаи Кумитаи оид ба ҳаҷҷи шаҳри Мадина таъкид шудааст, ки бо худ даровардани боғоч ва халтаҳои мусофирон ба дохили масҷид манъ карда шавад, то тартибот, нигоҳдории покизагии масҷид, рафти ибодати намозгузорон ва ибодаткунандагону зоирон халалдор нашавад.
Эътикоф — ин дар муҳлати муайян, камаш як шабонарӯз дар даҳаи охири моҳи шарифи Рамазон аз атрофи масҷид хориҷ нашуда, машғули зикру намоз ва тоату ибодат будан аст.