Ба оилаи раисҷумҳури Тоҷикистон дар кишвар чӣ таъаллуқ дорад? Ҳисоб кардани он чӣ таъаллуқ надорад, ба маротиб осонтар аст.
Имрӯз бароятон дар бораи соҳаи бонкдории кишвар маълумот медиҳем. Ҳамаи бонкҳо (мо шӯхӣ ва иғроқ намекунем) ба домоду наздикони раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъаллуқ доранд!
Биёед аз як сар ҳисоб кунем…
Соҳибкорбанк
Гоҳе коршиносон масъалаи таъсиси бонки исломӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд ва изҳори нороҳатӣ менамоянд, ки то ҳол бонке, ки тибқи шариат кор кунад, дар Тоҷикистон роҳандозӣ нашудааст. Нороҳатии онҳо ҳам ҷой дорад — аксари мардум бинобар риборо ҳаром донистани ислом аз гузоштани пулҳояшон ба бонкҳо худорӣ мекунанд. Аз тарафи дигар, хатари эҳтимолӣ (риск) дар системаи исломии бонкдорӣ ба маротиб аз бонкдории маъмулӣ камтар аст.
Бонки Рушди Тоҷикистон ширкаттобеъи Тоҷиксодиротбонк ният дошт чунин системаи бонкдориро роҳандозӣ кунад, вале бӯҳроне, ки Тоҷиксодиротбонкро аз по даровард, ин идеяро ҳам амалиношуда ба ҷой гузошт. Бояд гуфт, Бонки Рушди Тоҷикистонро Тоҷиддин Пиров соли 2012 аз Таҳмина Раҳмон ба ивази 16 миллион доллар харида буд.
Вале ин идеяро Соҳибкорбонк — Бонки саҳҳомиву тиҷории дастгирии соҳибкорӣ зуд ба коркард гирифт. Моҳи октябри соли гузашта ин бонк эълон кард, ки ният дорад дар оянда бо усули бонкинги исломӣ фаъолият кунад. Дар ин кор ба Соҳибкорбонк Корпоросюни исломии рушди бахши хусусӣ (ICD), ки ба Гурӯҳи Бонки исломии рушд ворид аст, кӯмак хоҳад кард.
Суоле ба миён меояд, ки чаро ин институти молиявӣ қарор дод маҳз Соҳибкорбонкро дастгирӣ кунад? Паси ин бонк кӣ меистад? Хуб, таърихашро бингарем:
Соҳибкорбонк соли 1999 таъсис ёфт ва идораи марказиаш дар Хуҷанд қарор дошт. Соли 2009 ба мушкили пардохтпазирӣ дучор шуд ва соли 2010 Бонки Миллӣ дар ин бонк раёсати муваққатӣ таъин кард, ки фаъолияти он вазъи Соҳибкорбонкро беҳтар сохт ва бонк тавонист иҷозаи Бонки Миллиро барои фаъолияти мустақил дарёфт кунад.
Соли 2011 бонк бо раҳбарият ва саҳҳомони наве, ки онро “дар 2 сол аз бӯҳрони иқтисодӣ берун оварданд ва 4 миллион сомонӣ фоидаи соф гирифтанд”, ба кор оғоз кард. Соли 2012 идораи марказии ҶСК “Соҳибкорбонк” ба Душанбе интиқол дода шуд.
Роҳбар ва чеҳраи бонк Шералӣ Зардов аст, ки таҷрибаи кор дар соҳаи бонкдорӣ дорад. Вале ҷонишини аввали ӯ Муҳиддин Ҳасанзода, ҷияни ҳамсари раисҷумҳур ва писари Ҳасан Асадуллозода аст.

Муҳиддин Ҳасанзода
Ба ин вазифа ӯ 15 марти соли гузашта таъин шудааст. Агар барои расидан ба чунин мансаб дар соҳаи молия таҷрибаи бузурги корӣ лозим аст, барои ақли бузурги Муҳиддин Ҳасанзода, таҷрибае дархӯр нест. Карераи касбӣ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистонро Ҳасанзода соли 2014 ва дарҳол дар мавкеъи раҳбари шӯъбаи пружаҳои сармоягузории Департаменти қарздиҳии “Амонатбонк” оғоз кардааст. Аз январи соли 2016 то марти 2017 дар курсии ноиби раиси ҳайати мудирияи ҶСК “Соҳибкорбонк” нишастааст.
Дар ҳамин ҳол то куҷо мутахассиси молиявӣ будани ӯ суоли матраҳ аст. Ҳасанзода дар коллеҷи англисии Квин Эселбургас таҳсил карда, Донишгоҳи RUSRIN-ро бо ихтисоси “маркетинг” ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро бо тахассуси “ҳуқуқшинос” хатм кардааст.
Ҳамаи кормадони дигари Соҳибкорбонк ҳам аз Ориёнбонк ва Талко омадаанд.
Ноиби раис Шокирҷон Анваров карераи кориашро соли 2007 дар ширкати алюминбарории ТАлКо дар вазифаи ҷонишини Раёсати истеҳсолот оғоз кардааст. Дертар ба “Ориёнбонк” даъват мешавад ва аз оператори бахши интиқоли пули Раёсати амалиётӣ оғоз намуда, то сардори Маркази ҳисоботии “Ориёнӣонк” мерасад.
Кулли Шӯрои нозирони ҳам собиқ кормандони ширкатҳои гуногуни Ҳасан Асадуллозода ҳастанд — Исмоили Сомонӣ — асри 21, намояндагии ширкати “ГМД Индастриз Лтд”, Ориёнбонк ва ғайра.
Сармояи Соҳибкорбонк ба 81 миллион сомонӣ мерасад. Бонки Миллӣ дар бораи ин бонк маълумот пешкаш намекунад.
Ориёнбонк
Ориёнбонкро паадари Муҳиддин Ҳасанзода — Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Раисҷумҳур роҳбарӣ мекунад. Сармояи Ориёнбонк 450 миллион сомониро ташкил медиҳад. Саҳмиядорҳои Ориёнбонк Firuz-LTD (8,3%), Orion-Toj (6.7%), Gurgin Technology (5,9%), Talco Management Limited (5,2%), Lochvar (5%) ҳастанд.

Ҳасан Асадуллозода
Ҳарчанд Ҳасан Асадуллозода дар ҳар фурсати муносиб иртиботаш бо ТАлКо-ро рад мекунад, тадқиқоти Паём баръакси инро собит кардаанд. Саҳҳоми Ориёнбонк будани ТАлКо ҳам яке аз далоили ин аст, чун ҳама ширкатҳои саҳҳоми Ориёнбонк ба Ҳасан Асадуллозода таъаллуқ доранд.
Бояд гуфт ин бонкро Ҳасан Асадуллозода соли 2003 аз Самихон Қурбонов ғасб кардааст. Дар аввал ин бонк Тоҷикпромстройбонк ном дошт ва охири соли 1991 ба “Ориёнбонк” табдили ном кард.
Алъон ин бонк намояндагиашро дар Ландан, зери нишонии 2nd Floor,Queens House 180 дорад. Раҳбари он Бахтиёр Орипов аст. Ин тарҳи махсус барои пулшӯӣ мебошад. Ориёнбонк аз аввал ба Ҳасан барои пулшӯӣ ва назорат аз болои бизнесҳои дигараш — пахтаву сохтмон, ТАлКо ва ғайра лозим буд.
Спитаменбонк
Сомонаи Бонки Миллӣ мегӯяд, ки саҳҳоми ин бонк ширкати суғуртавии Спитамен-Суғурта аст. Дар ҳамин ҳол Спитамен-Суғурта ду саҳҳом дорад: Ҷумаев Нусратулло бо 64,84% саҳм ва Сайфуллоев Фирӯзбек бо 35,16% саҳм.
Дар умум, бонк ғайрирасмӣ ба Ҷамолиддин Нуралиев, шавҳари Озода Раҳмон таъаллуқ дорад. Дар 1-уми январ сармояи ин бонк 87,2 миллион сомонӣ ($Бонки байналхалқии Тоҷикистон10) гуфта шудааст. Соли 2015 сармояи Спитаменбонк 62,5 миллион сомониро (7.1 млн$) ташкил медод.

Ҷамолиддин Нуралиев
Бинобар дасти дарози Ҷамолиддин Нуралиев дар Бонки Миллӣ, ки расман ноиби раиси он, вале дар асл ҳокими асосии он аст, Спитаменбонк имтиёзҳои зиёдеро касб кардааст.
Ин бонк ба Нуралиев асосан барои шустани пулҳои ширкати Innovative Road Solutions, ки дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ аз мардум гӯё барои нигоҳдории ин роҳ пул меситонад ва бизнесҳои дигари ӯву Озода лозим аст.
Ин пулҳо тавассути Спитаменбонк ба ҷазираҳои Вирҷиниё мераванд.
Бонки байналхалқии Тоҷикистон
Бонки Миллӣ дар бораи “Бонки байналхалқии Тоҷикистон” ҳам маълумот додааст. Сармояи Бонки байналхалқии Тоҷикистон 100 миллион сомони ($11,3 миллион) гуфта шудааст.
Саҳҳомони Бонки байналхалқӣ ҶСК “Тоҷик кейтеринг сервис», ки 58,5% саҳм дорад ва шахсони ворқеъӣ Холов Шерали (23,1%) ва Мирзоалиев Б. (18,5%) мебошанд.
Вале дар сомонаи худи Бонки байналхалқии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки бонк дар асоси ШХҚ “Стандарт Финанс” таъсис ёфтааст. Тибқи асноди Кумитаи андоз ШХҚ “Стандарт Финанс” ширкати суғуртавии “Стандарт-Бима”-ро ва ширкати лизингии “Стандарт-Иҷора”-ро ташкил додааст. Молики ин ду ширкат Ҷамшед Гулов мебошад.
Ҷамшед Гулов бародари домоди раисҷумҳур Ашраф Гулов аст. Падари Гуловҳо — Шералӣ Гул то соли 2013 ба курсии вазири энергетика, ки тамоми соҳаи энергетикаи кишварро муфлис кард, такя зада буд.

Ашраф Гулов
Худи Ҷамшед Гулов айни замон дар Газпромнефт — Тоҷикистон ба ҳайси ноиби раҳбар кор мекунад. Гулов бо пули ин ширкат дар Донишкадаи энергетикии Маскав таҳсил кардааст.
Коммерсбонки Тоҷикистон
100% саҳмияҳои Коммерсбонки Тоҷикистон бо сармояи 100 миллион сомонӣ мутааллиқ ба “Фароз” аст. Фароз, ки моли Шамсулло Соҳибов мебошад, аксари бизнесҳо дар Тоҷикистонро зери назорат гирифтааст.
Ба Фароз бозори сӯзишвории кишвар, автодромҳо дар тамоми ҷумҳурӣ, содироти шираи камол, ягона истироҳатгоҳи кӯҳии лижаронӣ Сафеддара, Спа-маркази Ҳаёт, Маркази Вефа, бозори Меҳргон ва дигар бизнесҳои сердаромад таъаллуқ доранд, ки аксарашонро бо роҳи ғасби рейдерӣ гирифтааст.

Шамсулло Соҳибов
Сомонаи Коммерсбонк мегӯяд, ки Коммерсбонки Тоҷикистон дар асоси ШХҚ Музаффарият таъсис ёфтааст. Соли 2016 азнавтаъсисдиҳӣ сурат гирифтааст, ки тибқи он ШХҚ номашро ба Фардо иваз кардааст. Фардояш, яъне дар соли 2017 Фардо ба Коммерсбонки Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Зоҳиран, Шамсулло Соҳибов, ки то ин замон барои интиқоли маблағҳояш ба офшорҳо аз хидмати Орийнбонк истифода мекард, қарор додааст бо кушодани бонки шахсии худаш, пулшӯияшро осонтар кунад.
Бонки Миллӣ
Ҳалқаи марказии системаи пулӣ-кредитии давлат ва сарбонки кишвар аст. Бонки Миллӣ ҳақи инҳисории судури воҳидоти пулӣ, танзими гардиши пул ва қурби асъор, нигоҳдории захираҳои тиллову асъорро дорад. Муҳимтарин хусусияти Бонки миллӣ коркарди сиёсати қарзии умумӣ аст. Вазифаи стротежии он — эҷоди шароит барои рушди бетаварруми иқтисоди кишвар мебошад.
Бонки Миллии Тоҷикистон бо раҳбарии ғайрирасмии Ҷамолиддин Нуралиев — домоди раисҷумҳур ба як институти оилавӣ, ки вазифаи асосии стротежиаш ба зери назорати Оила даровардани тамоми бонкҳо табдил ёфтааст. Ва ин стротежиашро қариб пурра амалӣ сохтааст.
Бонкҳои дигар чӣ ҳол доранд?
То ҳол танҳо бонки амонатгузории давлатии “Амонатбонк” пойдор боқӣ мондааст. Бонкҳои дигарро аз бозор берун карданд ё ба таври сунъӣ муфлис сохтанд. Соли 2017 Тоҷпромбонк ва Фононбонк эълони муфлисӣ карданд, ки амонатгузоронашон то ҳол наметавонанд пулҳояшонро баргардонанд.
Агроинвестбонки Муродулло Алимардонов ва Тоҷиксодиротбонки Тоҷиддин Пиров дар арафаи муфлисшавӣ қарор доранд. Вазорати молия ба ин бонкҳо кӯмаки пулӣ кард ва саҳмияҳои онро харид, вале мушкил ҳал нашуд.
То ҷое муваффақ танҳо бонки Эсхата буд, ки раҳбарони онро ҳам Бонки Миллӣ маҷбур кард истеъфо диҳад.
Бонки Миллӣ аз вуҷуди 17 бонк дар кишвар хабар медиҳад. Вале ба ҷузъ бонкҳое, ки зикрашон рафт ва Осиёбонк, ки ба Озода Раҳмон таъаллуқ дорад, бонкҳои дигар хориҷӣ ҳастанд.
Яъне ҳамаи бонкҳои дохилӣ ба оилаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таъаллуқ доранд.