Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Димишқ: дар интизори зарбаҳои ИМА

$
0
0

Дар арафаи зарбаҳои ИМА ба Сурия, ки эҳтимолаш бештар мешавад, дар фазои ин кишвар тайёраҳои мусофирбар дида намешаванд. Тибқи маълумоти торнамоҳое, ки парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарро мустақим нишон медиҳанд, дар фазои Сурия дар як шабонарӯзи охир ҷузъ ҳавопаймои мусофирбари Доҳа — Бейрут, ҳеҷ парвози дигаре мушоҳида нашудааст.

Шабакаи телевизионии “Ал-ҷазира” мегӯяд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии эътилофи Ғарб дар ноҳияи сарҳади Ирону Сурия (наздики пойгоҳи ҳарбии Эт-Танф) парвозҳояшро бештар кардааст. Бо гумони ғолиб ин парвозҳои шиносоиянд.

Дар ҳамин ҳол коршиносони ҳарбӣ-сиёсии худи Сурия менависанд, ки парвозҳо аз оне, ки чанд рӯз пеш — қабл аз ташаннуҷи вазъ буд, бештар нестанд.

Нашрияи маъруфи фаронсавӣ — Le Figaro менависад, ки тайёраҳои ҳарбии нерӯзои ҳарбии ҳавоии Фаронса дар пойгоҳи ҳавоии Сен-Дизйе-Робинсон омодагии размӣ гирифтаанд.

Маълумотҳое ҳам нашр шудаанд, ки системаи ҳимояи зиддимушакии нерӯҳои давлати Сурия дар атрофи қасри раисҷумҳури ин кишвар ва бинои вазорати дифоъи он дар Димишқ мустақар гардидаанд.

Коршиноси рус Кирилл Семенов хабар медиҳад, ки чархболҳои Нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия аз фурӯдгоҳҳои ҳарбӣ дар Ҳомсу Димишқ ба хотири зери зарбаи эътилоф қарор нагирифтан ба пойгоҳи ҳарбии Хмеймим дар Латакия интиқол дода шудаанд.

Дар ҳамин ҳол манобеъи суриёгӣ мегӯянд, ки чархболҳои Русия дар ҷойҳои худ боқӣ мондаанд.

Баъзе аз расонаҳои арабӣ бо такя ба манобеъашон дар Сипоҳи посдорони Эрон аз фирори Башор Асад ҳамроҳ бо оилааш ба Теҳрон хабар додаанд.

Айни ҳол дар Пентагон ҷаласаи машваратӣ идома дорад. Рӯзноманигорони амрикоӣ мегӯянд, ки баъди хатми он қарори ИМА эълон мешавад.   

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>