Созмони дифоъи ҳуқуқи башари Freedom House ё “Хонаи озодӣ” бо як гузориши худ аз беэҳтиромӣ нисбати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба як падидаи маъмулӣ табдил шудани ҳамла ба мухолифони сиёсӣ ва матбуоти мустақил, талоши пайвастаи боло бурдани мавқеи ҳизби ҳоким дар аксар кишварҳои собиқи Иттиҳоди шӯравӣ аз ҷумла дар Аврупо ва Авруосиё изҳори нигаронӣ кардааст.
Созмони дифоъи ҳуқуқи башари Freedom House ё “Хонаи озодӣ” дар гузорише, ки дирӯз 11 апрел нашр кардааст, навиштааст, ки сиёсатҳои ҷоҳилонае, ки дар саросари минтақа ҷорӣ шудааст, ояндаи демократияро дар ин кишварҳо таҳти хатар қарор медиҳад.
Дар гузориши “Хонаи озодӣ” гуфта мешавад, ки аз 29 давлат дар 19-тои он нишондодҳои демократӣ поин рафта, ҳукуматҳои худкома дар сари қудрат боқӣ мемонанд.
Дар феҳристи кишварҳои аз назари демократӣ дар ҳоли суқут Русия, Беларус, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошанд. Гуфта мешавад, дар ин кишварҳо “режимҳои худкома қудратро сахт дар даст нигоҳ медоранд, рақобатҳои сиёсиро пахш мекунанд ва фаъолони мустақилу журналистонро намегузоранд, ки озодона ҳарф бизананд”.
Кишварҳои дигари мисли Украина, Молдова, Гурҷистон, Арманистон ва Қирғизистон, ба бовари “Хонаи озодӣ” бо хатари табдил шудан ба ҳукуматҳои худкома рӯбарӯ ҳастанд.
Тибқи гузориш нишондодҳои пешравии демократия дар кишвари Украина аз соли 2014 ба баъд, танҳо дар соли 2018 рӯ ба коҳиш овардааст.
Ӯзбекистон ва Македония аз кишварҳое мебошанд, ки ба пешрафтҳо ва муваффақиятҳои муайяне даст ёфтаанд.
Дар гузориш омадааст, Ӯзбекистон, ки то аввали соли 2017 як кишвари репрессивӣ дар Авруосиё маҳсуб меёфт бо вафоти президенти собиқи ин кишвар Ислом Каримов ва ба сари қудрат омадани президенти нав ва собиқ нахуствазири ин кишвар Шавкат Мирзиёев фазои озоди гуфтушунидҳо ва мубоҳиса ба миён омад.
Пас аз соли 2005, тули 13 соли охир, демократия ва ҳуқуқи инсон дар Ӯзбекистон дар ҳоли садама буд ва тибқи пажӯҳишҳои фазои демократӣ, ин кишвар дар поёнтарин рада қарор мегирифт. Аммо дар соли 2018, дар натиҷаи сиёсатҳои мардумсолоронаи президенти феълии ин кишвар Шавкат Мирзиёев, Ӯзбекистон дар байни кишварҳои пасошуравӣ яке аз беҳтаринҳо маҳсуб меёбад ва байни кишварҳои Осиёи Миёна бошад дар раддаи аввал қарор дорад.
Гуфта мешавад, нишондодҳои бадтарин дар Туркманистон будааст.