Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Аъзои хонаводаи мухолифин то ҳанӯз озод нашудаанд

$
0
0

Бо гузашти наздик ба ду шабонарӯз ва расонаӣ шудан дар бисёре аз расонаҳои ҷаҳониву баррасии ин масъала дар ҷаласаи САҲА,, то ҳанӯз аъзои боздоштшудаи хонаводаҳои мухолифини ҳукумати Тоҷикистон раҳо нашудаанд.

Беш аз 50 нафар аъзои хонаводаи мухолифинро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бегоҳи 19-уми сентябр, баъди тазоҳуроти густардаи мухолифон дар Варшава, дар ҳошияи ҷаласаи САҲА оид ба ҳуқуқи инсон, боздошт намуда буд. Қисме аз онҳо баъди бозпурсӣ ва таҳдидҳо озод шуданд, аммо қисми дигарашон то ҳанӯз дар боздоштгоҳҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор доранд.

Аз ҷумла падари 67 солаи масъули дафтари ховаримиёнагии ҲНИТ Бобоҷони Қаюмзод то ҳанӯз ба хонааш барнагаштааст. Бародари Ҷанатуллоҳи Комил, масъули дафтари Аврупоии ҲНИТ ҳам то ҳанӯз дар боздоштгоҳ қарор дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>