Рӯзи дуюми конфронси Варшава, пас аз зӯҳри 20-уми сентябр вориди толори конфронс гаштем. Раёсати конфронс сӯҳбатро оғоз намуд. Намояндагони кишварҳо гӯш мекарданд ва нуқтаҳои муҳими он суханрониро пеши худ сабт мекарданд. Конфронс ба шаш забон тарҷума мешуд: англисӣ, фаронсавӣ, немисӣ, итолиёӣ, русӣ ва испониёӣ.
Вақте намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вориди толор гаштанд, мисли дирӯза назари ширкаткунандагонро ҷалб накарданд. Зеро бидуни футболкаҳо ва аксҳои зиндониҳои сиёсӣ ворид шуда буданд. Ҳама либоси расмӣ пӯшида буданд. Вале ҳангоме, ки камераи моро намояндаи Тоҷикистон дид, дар ҳол аз ҷояш хест ва ба назди нигаҳбонон рафту чизе гуфт . Дарҳол як зан бо як муҳофиз ба тарафи мо омад ва бо як услуби хубе пурсид:
Иҷозати сабтро бо ин дурбини журналистӣ доред? Гуфтем: мо меҳмонон аз ҲНИТ мебошем. Гуфт: Оё шумо баромади шахсоне, ки аз худи шумо мебошанд сабт мекунед ё аз ҳукумати Тоҷикистонро? Гуфтем: мо он чӣ марбут ба мо ҳаст онро сабт мекунем ва албата намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон ҳам чузъи барномаи мо мебошад. Гуфт: хоҳиш мекунам, суханрониҳои намояндагони давлатҳои дигарро сабт накунед, зеро онҳо шикоят доранд.
Хуб хонандаи гиромӣ, худатон қазоват кунед! Вақте шумо намояндаи ҳукумат ҳастед ва рост мегӯед, чаро метарсед аз он чӣ мегӯед ва мо онро сабт мекунем?
Тақрибан аз толори конфронс дар се соате, камераи мо сабт мекард, 6 маротиба намояндаи ҳукумат ба табақаи боло рафта омад. Ончунон аз дурбини мо метарсиданд, ки авзоъашон хеле хароб буд.
Дар рафти канфронс аз тарафи ҲНИТ Холиди Муҳаммадсаид тақрибан 5 дақиқа бо забони англисӣ баромад кард ва ҳамаи ончӣ дар Тоҷикистон мегузарад, нуқоти муҳимашро баён дошт. Намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ҳангоми баромади Холиди Мухаммадсаид хеле ошуфта буданд.
Ба назар мерасид аз дурӯғгӯии худашон оиди поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон мешарманд. Намехоҳанд онҳоро ба навор бигирему ба миллат нишон бидиҳем.
Мисоли дигар ин буд, ки дурбини гурӯҳи 24-ро аз дасташон рабуданд. Ин ҳама тарси ҳукумат аз дурбинҳои мо, мухолифон буд.
Махсус барои сомонаи Паём нет,
Фараҳманди Амиршоҳӣ.