Агентии омори назди президенти Тоҷикистон бештарин ва камтарин маоши кормандони соҳаҳои гуногун дар ин кишварро муайян кардааст.
Тибқи омори тайи се моҳи нахусти соли ҷорӣ, маоши аз ҳама баланд аз они кормандони корхонаҳои маъдани Тоҷикистон будааст ва бо пасттарин маош меҳнати кишварзон дар Тоҷикистон қадр мешудааст.
Бино ба гузориши манбаъ, болотарин музди меҳнат дар Тоҷикистонро коргарони бахшҳои саноат ва маъдан мегирифтаанд ва баъдан кормандони бонкҳо, ВАО ва ҳамлу нақл дарёфт мекардаанд.
Музди меҳнати моҳонаи ин афрод аз 1500 то 2000 сомонӣ, муодили 190 то 250 доллар будааст.
Аммо касоне, ки дар бахшҳои кишоварзӣ, моҳипарварӣ ва ҷангал кор мекунанд, моҳона 546 сомонӣ, муодили 61 доллар маош дарёфт мекунанд, ки камтарин музди меҳнат дар ин кишвар ба ҳисоб меояд.
Дар маҷмӯъ маоши миёнаи моҳона дар Тоҷикистон тайи се моҳи нахусти соли ҷорӣ 1498 сомонӣ, муодили 169 доллар эълом шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки мизони маоши моҳона дар Русия 657 доллар, Қазоқистон 432 доллар, Беларус 402 доллар, Қирғизистон 204 доллар, Туркманистон 198 доллар ва Узбекистон 177 доллар эълом шудааст.
Ҳамчунин мизони миёнаи ҳуқуқи бознишастагӣ дар Тоҷикистон 272 сомонӣ эълом шуда, ки наздик ба 35 доллар аст.
Аз ин ҳисоб маош ва музди меҳнат дар Тоҷикистон, миёни кишварҳои узви ИДМ аз ҳама поин мебошад.