Додгоҳи вилояти Суғд дирӯз, 23 апрел ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд нисбати Абдулмалик Саломов, пизишки муттаҳам ба салафигароиро бетағйир гузошт.
Дар ин бора хабаргузории sugd news иттилоъ додааст.
Ёдовар мешавем, додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 27 ноябри соли гузашта, муҳокимаи парвандаи пурсарусадои ҷарроҳи машҳури бемориҳои қалб Абдумалик Саломовро ба поён оварда, ӯро барои пайравӣ ба ҷараёни мамнӯи мазҳабии Салафия ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум карда буд.
Додгоҳ Абдумалик Саломовро бар асоси қисми сеюми моддаи 307-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба узвият дар гурӯҳҳое, ки фаъолияташон бо қарори додгоҳ дар қаламрави Тоҷикистон манъ шудааст, гунаҳкор шинохта буд.
Ҳамсинфи ин ҷарроҳи қалб Илҳом Ғаффоров ва дӯсташ Сайдулло Мирзоев 5-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Ҳар се маҳкумшуда бояд ҳукми худро дар маҳбаси низомаш шадид адо кунанд.
Абдумалик Саломов рӯзи 19 августи соли равон баъди ширкат дар як маъракаи оши палави ҳамсинфонаш дастгир шуд. Ҳамсинфони Саломов ҳафтае як маротиба дар яке аз чойхонаҳои шаҳри Хуҷанд чунин маъракаи оши палав ташкил мекарданд ва ба гуфтаи мақомот, гӯё дар ин маъракаҳо ӯ ақидаҳои ҷараёни мамнӯи Салафияро таблиғ мекард.
Абдумалик Саломов 41 сол ва 4 фарзанд дорад. Ӯ Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм карда, аз поёни солҳои 90 тақрибан 10 сол дар бемористонҳои маъруфи шаҳри Маскав – Маркази ҷарроҳии қалбу шарёни ба номи Бакулев ва бемористони низомии ба номи Вишневский кор кардааст. Саломов рисолаи номзадиашро низ дар Маскав ҳимоя карда буд.
Бино ба иттилоъи хабаргузории Ахбор, наздикони Абдумалик Саломов иттиҳоми рабт доштани ӯ ба салафиҳоро беасос номида, рад мекунанд.
Заринахон Саломова, ҳамсари ин ҷарроҳи маъруф моҳи октябр дар як нома аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хоста буд, то ба қазия дахолат карда, тафтиши одилонаи парвандаи Абдумалик Саломовро таъмин кунад.
Маврид ба зикр аст, ки Абдумалик Саломов баъди 10 соли кор дар Маскав бо даъвати Қоҳир Расулзода, собиқ раиси вилояти Суғд ва сарвазири кунунии Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд баргашта дар Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд ба кор пардохта буд.