Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

13 медали тилло, 13 нуқра ва 8 биринҷӣ -дастоварди наврасони тоҷик дар Малайзия

$
0
0

Дар 7-умин Олимпиадаи байналмилалии наврасони ихтироъкор — «Malaysian International Inventors Olympiad» (MIYIO 2018), ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Кедахи Малайзия баргузор гардид, хонандагони мактабҳои Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ натиҷаҳои баландтарин нишон доданд.

Ихтироъкорони навраси тоҷик дар олимпиадаи мазкур соҳиби 13 медали тилло, 13 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ шуданд.

Тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд, ба дастаи Тоҷикистон хонандагони Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди Тоҷикистон (бо роҳбарии Ҳушанг Собиров-муаллими химия), Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе, литсейи кӯдакони болаёқати шаҳри Хуҷанд (бо роҳбарии Аҳмадҷон Фахриддинов), мактаби хусусии ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Душанбе (бо роҳбарии Илҳом Ҳотамӣ ва Улуғбек Мирзоев), литсейҳо барои кӯдакони болаёқати шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода шомил буданд.

Хонандагони Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактаби хусусии ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Душанбе 4 медали тилло ба даст оварданд. Хонандагони литсей барои кӯдакони болаёқати шаҳри Хуҷанд соҳиби се медали тилло ва хонандагони Мактаби байналмилалии президентӣ соҳиби ду медали тилло гардиданд. Инчунин, хонандагони Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби мукофоти махсуси ҳайати доварони олимпиада гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки ташкилкунандаи Олимпиадаи байналмиллалии ихтироъкорони наврас Вазорати маорифи Малайзия мебошад. Соли ҷорӣ дар ин олимпиада беш аз 200 ихтироъкори наврас аз 15 кишвари дунё ширкат варзиданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>