Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Пан Ги Мун аз сиёсатмадорон хост, ки мусалмонони муҳоҷирро эҳтиром намоянд

$
0
0

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Пан Ги Мун аз сиёсатмадорони кулли мамолики олам дархост ба амал овард, ки аз хушунат алайҳи мусалмонони қаламравашон даст кашанд.

Пан Ги Мун ин гуфтаҳои худро дар ҷаласаи ин созмони бонуфузи дунё ироа доштааст ва гуфтааст, ки кишварҳо аз таъқиби мусалмонони муҳоҷир бояд худдорӣ намоянд. Ба гуфтаи ӯ ин амал оқибати нохуш дорад ва байни миллатҳо адовату низоъҳои қавмиро ривоҷ медиҳад. Вай бо нигаронии ҳарчи бештаре изҳор доштааст, ки зиёдтар аз ҳама мусалмонони гуреза аз маҳалли даргириҳо мавриди таҷовузҳо қарор мегиранд ва дар симои онҳо ҳукуматҳои кишварҳо душмани озодиву осоиштагии қаламрави худро мебинанд.

Бархе сиёсатмадорон барои дар байни аҳолии кишвари худ обрӯе пайдо кардан ва дар интихобот раъйи фаровон гирифтан ба бадномкунии мусалмонон даст мезананд ва бо ин роҳи хеле хатарзо мардумро гӯл мезананд. Ин намуд сиёсатмадорон одамонро ба гурӯҳҳо ҷудо карда ва байни онҳо ваҳму ҳаросро афзуда, мехоҳанд ба мақсадҳои худ бирасанд.

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Пан Ги Мун дар нутқи худ гуфтааст, “ҷаҳон бояд ба муқобили дурӯғу дағо мубориза барад ва бештар аз ҳақиқат пуштубонӣ намояд, аз ҳар навъ шакли хушунати қавмӣ худдорӣ намояд”.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>