Эмомалӣ Раҳмон зимни дидораш бо ноиби Президенти Бонки осиёи рушд Венкай Жангро дар Душанбе, хостори бештар кардани қарзҳои ин бонк ба кишвар дар шароити бӯҳронӣ шуд.
Тибқи иттилои АМИТ “Ховар” дар ин дидор раисҷумҳури Тоҷикистон аз ноиби Президенти БОР хоҳиш кардааст “вобаста ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва таъсири бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ”, “ҳаҷми маблағгузорӣ дар намуди маблағҳои имтиёзноки грантӣ аз ҷониби Бонк мавриди баррасӣ қарор дода шавад”. Яъне қарзҳо афзоиш дода шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон аз БОР изҳори ташаккур кардааст, ки давоми солҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон 1,5 миллард доллар кӯмак кардааст.
“Бӯҳрони иқтисодӣ” баҳонаи хубе барои кӯмакталабиҳои Эмомалӣ Раҳмон шудааст, ки дар ҳар вохӯриаш бо маблағгузорҳо ва кишварҳои пешрафта аз ин ибора истифода мекунад. Ҳарчанд гадоии раисҷумҳури Тоҷикистон 25 сол аст, ки давом дорад ва бисёре аз кишварҳову созмонҳо аз ӯ мегурезанд.