Дар Тоҷикистон мавҷи ивазкунии насаб идома дорад. Дар ҳамин ҳол насабивазкунӣ гоҳе мӯъҷизаовар мегардад.
Ин мӯъҷиза дар соҳаи ҳавопаймоӣ низ рух дод. Соҳае, ки кайҳо ғорат ва муфлис кардаанд.
Сардори Раёсати иқтисод ва банақшагирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Икром Донахонов насабашро ба Субҳонзода иваз кард ва раҳбари Агентии навташкили авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистонтаъин гардид.
Авиатсия аз соҳаҳоест, ки роҳбарият ва кормандонаш бояд мутахассиси ҳамин соҳа бошанд, чун соҳа нозукиҳои зиёди худро дорад. Вале Субҳонзода аслан на ихтисос ва на таҷрибаи кор дар ин соҳаро дорад. Ба таъин шудани ӯ кам касоне таваҷҷӯҳ карданд, чун насабаш ба аксарият ношинос буд.
Департаменти авиатсияи гражданӣ шомили Вазорати нақлиёти Тоҷикистон буд. Ҷудосозии ин департамент аз Вазорати нақлиёт умедвор сохта буд, ки минбаъд диққат ба соҳаи авиатсяи бештар шуда, ин соҳа аз бӯҳрон хориҷ хоҳад шуд.
Вале ба назар мерасад ҳадаф аз таъсиси агентии нав на рушди соҳа, балки эҷоди мансаби нав аст. Онҳое, ки Субҳонзодаро мешиносанд ӯро як нафари мутакаббир ва дурушт муаррифӣ мекунанд.