Беш аз сад мошини боркашон, ки бинобар зиёд будани борашон дар гузаргоҳи сарҳадии “Тохтамиш” манъ карда шуда буданд, дубора иҷозаи ҳаракат ба дохили Тоҷикистонро пайдо карданд.
Намояндаи вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Азия Плюс гуфтааст “ба ин мошинҳо бинобар аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд будани борашон ҳаракат дар роҳҳои дохилии Тоҷикистон иҷозат дода нашуд”.
Тибқи гуфтаи манбаъ вазни иҷозатдодашуда 40 тон аст, вале бори ин мошинҳо қариб ду баробар бештар буд.
“Вазни беш аз ҳади бор ба вайроншавии роҳҳои автомобилгарди дохили Тоҷикистон оварда мерасонад ва мо борҳо аз он ронандагони мошинҳоеро, ки аз Чин бор мекашонанд, огоҳ карда будем” — гуфт ӯ.
Дар вазорат гуфтанд, ки ба ҳар ҳол мошинҳои манъшуда дирӯз, 9 май раҳо шуданд ва ба онҳо иҷозаи ҳаракат ба дохили Тоҷикистон дода шуд.
“Қарор дода шуд ба мошинҳои боздоштшуда иҷозаи вуруд ба ҳаракат ба дохили Тоҷикистон дода шавад, аммо ба шарте, ки ин кор дубора такрор нашавад” — илова кард манбаъ.
Дар вазорат аз ошкор кардани ба чӣ ширкате таъаллуқ доштани ин мошинҳо худдорӣ карданд.