Пас аз конфронси Варшава ҳукумати Тоҷикисон сахт нороҳат гашта, аз руи эҳсосот даст ба амалҳое зада истодааст, ки баёнгари воқеияти ин режим аст. Барои мисол биёед чанд амали ҳукуматро бо ҳам баррасӣ мекунем.
- Боздошти хонаводаҳои аксарияти мухолифон ва ҳатто онҳое, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият мекунанд. КДАМ пас аз пикети ҷавонон ончунон асабониву нороҳат шуд, ки хонаводаҳои аксариятро рабуданд ва дар ҷойҳои номаълум нигоҳ доштанд. Баъзеи онҳоро то ҳол ҳар рӯз ба амният бурда аз субҳ то шаб нигоҳ медоранд. Таҳқир, фишор, таҳдид ва лату куб кардани ин хонаводаҳо аз суи кормандони амният баёнгари сиришти ҷангҷуёна ва хушунатталаб доштани онҳост. Зеро дар ҳеҷ кишвари дунё барои фарзанд падару модар ё бародару хоҳараш муҷозот намешавад. Пас ин хосси режими диктатории Раҳмон аст.
- Ба хонаҳои мардум рафтан ва фишор овардан ба падару модарон ва наздикони мухолифон амали дигари ин “сулҳхоҳон” аст. Ҳатто бо ин корашон боиси марги як модари тоҷик шуданд. Модари Абдусамад Абдусатторов пас аз фишору таҳдиду таҳқири ваҳшиёнаи ҳамин ҷинояткорон ҷони худро аз даст дод. Аммо онҳо виждон ҳам надоранд, ки азобашон диҳад.
- Кумитаи амният як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳ ва соддаро пеш дароварда ба назди хонаи яке аз иштирокдорони конфронси Варшава рафтанд ва дар пеши чашми модару дигар хешовандонаш ӯро хоин гуфта доду вой кардаанд. Ин ҳам нишонгари моҳияти режиме аст, ки ба мухолифонаш иҷозати сухан гуфтанро намедиҳад, вале барои ҷонибдоронаш митингу роҳпаймоиву пикет озод ва қонунӣ дониста мешавад.
- Бурдани як зан бо фарзандони хурдсолаш ва нигоҳ доштани онҳо дар кумитаи амният далели дигари асабоният ва ваҳшонияти ин режим аст.
Бо вуҷуди тамоми ин амалҳои зиддиинсонӣ ва ифротгароёнаи ҳукумат,то ҳол мухолифон бо роҳи қонунӣ ва эътирозҳои маданӣ муборизаи худро идома додаанд. Ҳамон муборизае, ки пештар аз ин ҳам онро идома дода буданд.
Аммо аҷибаш он аст, ки ин гурӯҳ дар баёнияи худ Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро ҳимоятгари терроризм медонад. Пас маълум мешавад, ки аз нигоҳи режими Раҳмон ҳар касе аз ҳуқуқ ва озодиҳои худаш ва дигарон дифоъ мекунад, ё террорист дониста мешавад ё ҳимоятгари терроризм.
Ҳоло САҲА инро беҳтар метавонад дарк кунад, ки дар ҳукумати Раҳмон озодихоҳӣ, талаб кардани ҳуқуқ ва камтарин фаъолияти маданиву ҳатто хабарнигориро ба терроризм нисбат дода саркуб мекунанд. Дар воқеъ ҳар касе бар зидди манофеъи шахсӣ, мансабу мақом, имконоти нобаробар, ноадолатӣ, истибдод ва ҳуқуқпоймолкунии мақомдорон ҳарфе бизанад, ӯро террорист мехонанд. Таърифи терроризм аз нигоҳи онҳо ҳамин аст.
Ба гузориши сомонаи Озодагон як гурӯҳ ҷавонон пас аз ҷамъ шудан дар донишгоҳи омӯзгорӣ ИА ро ба хотири иҷозат додан ба мухолифони ҳукумат барои ширкат дар конфронси Варшава маҳкум намуданд. Сипас аз номи як гурӯҳ ҷавонони Рашт баёнияе нашр шуд, ки якинан кори дасти КДАМ мебошад. Дар ин баёния таъкид шудааст, ки САҲА аз терроризм ҳимоят мекунад.