Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Хонандагони мактаб боз аз Иди Рамазон маҳрум шуданд

$
0
0

Рӯзи 16-уми июн, ки тибқи эълони Шӯрои уламо ба Иди Рамазон рост меояд, дар тамоми мактабҳои Тоҷикистон аз рӯи нақша рӯзи интиҳомсупорӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи итилои манбаи Паём, мувофиқи нақшаи имтиҳонсупорӣ барои ҳамаи синфҳои имтиҳонсупоранда ва дар тамоми Тоҷикистон рӯзи Иди Рамазон, яъне 16-уми июн имтиҳон муқаррар шудааст. Қаблан ҳам мақомот амдан дар рӯзи идҳои исломӣ хонандагони мактабро аз ҷашнгирии он боз дошта буданд.

Ҳамчунин соли гузашта тамоми кормандони давлатиро маҷбур карда буданд, ки дар рӯзҳои иди Рамазону Қурбон ба кор бароянд.

Қабл аз Иди Фитри соли гузашта, Шӯрои уламо иддао кард, ки “идгардак”-и кӯдакон аз як тараф боис ба ташвиши мардум шуда, аз тарафи дигар “ба амният ва саломати онҳо хатар дорад”. Шӯрои уламо дар муроҷиати расмиаш гуфта буд “чунин амал дар фармудаҳои шариат мавҷуд набуда, ягон асоси илмӣ надорад. Гузашта аз ин, чунин анъана барои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон хос набуда, дар қисмати шимол ва шарқи кишвар мавҷуд намебошад.”

Баъдан Вазорати маориф рӯзи 1-уми сентябрро, ки ба Иди Қурбон рост омад, рӯзи дарсӣ эълон кард ва гуфт хонандагон муваззафанд дар ин рӯз ба мактаб раванд. Дар посух ба баҳсҳои тунд дар расонаҳо ин вазорат гуфт «Шӯрои уламо, ки рӯзи 1 сентябрро ҳамчун рӯзи иди Қурбон муқаррар кард, метавонист ягон санаи дигарро интихоб кунад».

Дар посухи ин вазорат ба як навиштаи устоди Донишгоҳи миллӣ Ҷовид Муқим, ки рӯзи дарсӣ эълон шудани 1-уми сентябрро, ки ба Иди Қурбон рост омад, ғайриқонунӣ номид, чунин омадааст:  

«Таҷлили «Рӯзи дониш”-ро қонун дақиқан муайян кардааст, ки 1-уми сентябр ҷашн гирифта шавад, аммо қонун муайян накардааст, ки Иди Қурбон 1-уми сентябр, дар «Рӯзи дониш” таҷлил карда шавад. Такроран ба таваҷҷуҳи «профессор” мерасонем, ки Иди Қурбонро мақомоти ваколатдор – Шурои уламо муайян кардааст, на қонун. Ҳол он ки Шурои уламо бар асари мақоми ваколатдор буданаш метавонист санаи таҷлили Иди Қурбонро ба таври дигар муайян кунад. «Профессор”-и муҳтарам, ҳам акнун бигӯед, ки мақоми кадоме болотар аст: қонун «Дар бораи рӯзҳои ид” ва ё тасмими Шурои уламо?»

Нақзи ҳуқуқи мусалмонон дар ҷашнгирии идҳои мазҳабӣ яке аз сабабҳои ба феҳристи «кишварҳои махсусан нигаронкунанда», ворид гаштани Тоҷикитсон дар гузориши вазорати умури хориҷии Амрико оид ба озодиҳои мазҳабӣ шавад.

Ҳарчанд рӯзҳои таҷлили Иди Рамазон ва Қурбон дар Тоҷикистон расман рӯзҳои таътил эълон шудаанд, соли дуввум аст, ки шогирдони мактабҳо ва донишҷӯёну кормандони сохторҳои давлатӣ дар ин рӯзҳо ба таҳсил ва кор даъват мешаванд.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles