Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

СММ вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад

$
0
0

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид вазъи кунунии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Бино ба гуфти сухангӯи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева Седрик Сапи, санаи 22-юми сентябри соли ҷорӣ Тоҷикистон ба саволҳои аъзои Шӯро дар мавриди пазируфта шудан ё нашудани тавсияҳо посух медиҳад.
Сухангӯи Шӯро мегӯяд, нишасти мазкур 30 дақиқаро дарбар гирифта, пас аз он аъзои Шӯрои ҳуқуқи башар гузориши ниҳоиро қабул мекунанд. Ҳамзамон, дар ин гузориш тавсияҳои ниҳоӣ ҳам ворид мешаванд.
Қаблан дар ҷаласаи аввали Шӯро Тоҷикистон аз кишварҳои узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ 203 тавсия дарёфт карда буд. Аз ин теъдод 117 тавсияро пазируфта, дар иртибот ба 70 тавсия моҳи августи соли равон посухҳои расмии худро ироа кард. Ҷониби Тоҷикистон дар Шӯро ба тавсияҳое шарҳи худро пешниҳод хоҳад кард, ки баъди муаррифии гузориши панҷсолааш оид ба вазъи ҳуқуқи башар (солҳои 2011 — 2016) дар СММ рӯзи 6-уми майи соли ҷорӣ таҳия шудааст.
203 тавсияи СММ, ки қаблан пешниҳод гардида буданд, баҳри беҳбуд бахшидани вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон равона шуда буданд. Масъули Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонунҳо Таҳмина Ҷӯраева мегӯяд, ки:

«ин 70 тавсия асосан марбут ба тасвиб ё ратификатсияи созишномаҳои байналмилалӣ, қабули нақшаи фарогири таъмини ҳуқуқи инсон, таъмини истиқлолияти низоми додгустарӣ, вакилон ва фаъолони ҳуқуқи инсон, озодии мазҳаб, анҷуманҳо, баёни ақида, ҳамчунин баробарии ҷинсӣ ва хариду фурӯши одамон буд».

Дар ҷаласаи мазкур дар назар аст, ки дар баробари баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, инчунин беш аз 40 масъала, аз ҷумла  буҳрони Сурия ва Украина низ мавриди баррасӣ қарор бигиранд.
Як манбаъ аз Дастгоҳи президенти Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ дода, мегӯяд, посух ба саволҳо ва тавсияҳои аъзои Шӯрои ҳуқуқи башар бар асоси ҷавобҳое таҳия мегарданд, ки қаблан моҳи августи соли равон ба ин ниҳоди байналмилалӣ фиристода шуда буданд. Бино ба ин манбаъ, айни ҳол феҳристи ниҳоии иштирокчиёни ин ҷаласа аз ҷониби Тоҷикистон дақиқ нест ва то охири ҳафтаи ҷорӣ маълум хоҳад шуд. Дар гузашта Тоҷикистонро дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ намояндагони вазорати адлия ва Додситонии кулл намояндагӣ мекарданд.
Бори ахир Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 дар ҳузури намояндагони Шӯрои ҳуқуқи башари СММ доир ба дастовардҳояш дар заминаи риояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқи инсон дар кишвар гузориш дода буд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>