Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

«Сабукӣ ба муҳоҷирон». Дархости 20 солаи Тоҷикистон аз Русия боз такрор шуд

$
0
0

Эмомалӣ Раҳмон, зимни мулоқоташ бо Дмитрий Медведев, сарвазири Русия барои муҳоҷирони кории тоҷик, ки асосан дар ин кишвар шуғл меварзанд, сабукӣ хостааст. Ин яке аз ду пешниҳоди конкретии Тоҷикистон ба Русия дар ин мулоқот буд.

Ҷузъиёти ин хоҳиши раисҷумҳури Тоҷикистон маълум нест. Беш аз бист сол аст, ки мавзӯъи асосии гуфтугӯи ду кишвар дар мулоқотҳо вазъи муҳоҷирон аст, вале муҳоҷирони тоҷик дар Русия беҳуқуқтарин ҳастанд.

Қаблан ҳам мақомоти Тоҷикистон борҳо барои муҳоҷирон сабукиҳо хоста буданд ва қисмате аз онҳо аз тарафи Русия қабул шуд. Вале ба гуфтаи коршиносон ин сабукиҳо аслан ба дарди муҳоҷирон намехӯранд.

Моҳе қабл сарвазири Тоҷикистон зимни сафараш ба Русия хоста буд мӯҳлати будубоши бидуни қайди муҳоҷирони тоҷикро то 30 рӯз ва мӯҳлати будубош бидуни иҷозатномаи кориро то 6 моҳ дароз намуда, вазъи оилавӣ ва таъмини нафақаи онҳо баррасӣ шавад.

Коршиносон ин дархостҳоро “аҳмақона” хонданд. Каримҷон Ёров, раҳбари созмони ЭТМОС, ки ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон машғул аст, ба Паём гуфта буд “то 30 рӯз дароз кардани мӯҳлати будубоши муҳоҷирон пешниҳоди аҳмақона аст. Барои муҳоҷирони тоҷик 30 рӯз бидуни қайд гаштан аслан лозим нест, чунки дар 15 рӯзе, ки алъон иҷозат доранд, метавонанд чанд бор худро ба қайд монанд. Фикр мекунам ин сӣ рӯз барои худи ҳамон сиёсатмадороне, ки пешниҳод кардаанд лозим аст. То дар ин муддат тавонанд бидуни бақайдмонӣ кайфу сафо кунанд”.

Дар ҳамин ҳол, Ӯзбекистон масъалаи додани гувоҳномаи забони русӣ ва суғуртаро, ки барои гирифтани иҷозаи кор (патент) дар Русия лозим аст, ҳал кардааст. Гувоҳномаи забони русӣ минбаъд дар худи Ӯзбекистон дода мешавад. Суғуртаи додашуда аз тарафи мақомоти Ӯзбекистон ҳам минбаъд дар Русия қабул хоҳанд шуд.   

Мақомоти Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон дар паи ҳали масъалаи эътирофи ҳуҷатҳои тиббии ин кишвар дар Русия ҳастанд.

Ҷанбаи дигари музокироти Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмонбунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон будааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ки ҷараёни сохтмони панҷ мактаби таълими забони русӣ аз тарафи Русия тезонда шуда, теъдоди зиёдтари муаллимони русӣ ба Тоҷикистон фиристода шаванд.

Дигар масъалаи конкретие дар ин гуфтугӯ садо надода, бештар протоколӣ буданд: Президенти мамлакат ҳалли муштараки як қатор масъалаҳои мубрамро дар бахши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, омили муҳими таҳкими муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуданд. Дар ин робита, қайд карда шуд, ки “инкишофи минбаъдаи ҳамкории тарафҳо дар ин соҳа аҳамияти аввалиндараҷаро касб менамояд”.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>