Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Иде, ки рамзи он дар зиндон аст (акс ва видео)

$
0
0

Гоҳе инсоне бо шӯру шавқ ё саъю талоше дар ҷодае ба рамзи як ид табдил меёбад. Ҳарчанд ид иди ӯ нест ва гӯё иртиботе ҳам ба ӯ надорад, вале муҳаббату ҳусни нияташ водор ба кӯшишу талошҳое мекунад, ки дигар он ид бидуни ӯ тасаввур намешавад.

Мисли ҳамин иди кӯдакон. Ин рӯз барои ман танҳо рӯзи ҷаҳонии кӯдак нест. Чанд сол аст, ки ҳар гоҳ ин рӯз наздик шуд ё касе аз он ёд кард, чеҳраи Қиёмиддини Аваз пеши назарам меояд.

То расидани ӯ ба раҳбарии бахши ҷавонони ҲНИТ ҳам ин ид дар идораи ҳизб таҷлил мешуд. Аммо Қиёмиддин ва муҳаббати ӯ ба кӯдак онро ба ҷашни бузург табдил дод. Дар арафаи ин ид он қадар тараддуду талош мекард. ки гумон мекардӣ фардо иди фарзандони ӯст. Рӯзи ид шодии ӯ аз шодии кӯдакон камтар набуд.

Аз замоне, ки паси панҷараҳои зиндон рафт, ба назарам чунин мерасад, ки ин ид дигар шукӯҳашро гум кардааст. Ҳатто вақте дар хориҷ аз кишвар ҳам ин ҷашнро ҷое тамомшо мекунам, аввалин андешае, ки ба сарам меояд ин аст, ки агар акаи Қиёмиддин мебуд инҷо ин ва онҷо фалон корро анҷом медод.

Шояд барои кӯдаконаш ҳам, ки зиндаҷудо аз падаранд, ин рӯз дигар на ид, балки азо аст. Қалби мани бегона, ки бо фарорасии ин рӯз аз ёди бародари азизам фишурда мешавад, тасаввур карданаш душвор аст, ки фарзандони кӯчакашро чӣ эҳсосе фаро мегирад.

Барои ҳар тифле канори волидайн ид  аст. Имрӯз ҳафтод дарсади кӯдакони тоҷик орзуи дар канори падар буданро доранд ва бозию хоҳишоташон ҳам бо ин мисраи оромкунанда пайванд аст: “самалёти ҳавои дадаҷонма биёрӣ“. Кӯдаки тоҷикро афсонае ба хоб мебарад ва оромаш мекунад, ки аз хубиҳо ва тӯҳфаҳои  падари роҳдураш қисса кунӣ ва субҳ ҳам бо ин ҳарфҳо оғоз мегардад: “Оча, дадам кай меоя?” “Чанд бори дигар ман бедор шавам дадама мебинам?” Ва бо ангуштони кӯчакаш рӯзшуморӣ мекунад.

Модар ҳам бояд  дурӯғ бигӯяд то аз суолҳое, посухашон мушкил аст, каме  халос шавад. Ин ҳиси ноумедӣ ва дурӯғҳои маҷбурии модар дар рӯҳияи тифл боқӣ мемонад, таъсир ва зарарашро дар оянда ҷомеъа ва атрофиён хоҳанд дид Модари тоҷик  маҷбур дурӯғ мегӯяд ва боядам дурӯғ бигӯяд чун чорае надорад. Аз гуфтани рост метарсад. Охир ба тифлаш чӣ гуна бигӯяд, ки ин “пешвоён” ҳастанд ки падари ту зиндонист!? Ин “олиҷанобон” ҳастанд, ки падари ту ғарибу кори мо раҳпоист!

 

Тифл ҳам бо он ки ҳамаро беҳтар аз калонҳо  дарк мекунад, маҷбур аст вонамуд кунад, ки ба дурӯғи маҷбурии модараш бовар кардааст.

Ба умеди расидан ба рӯзҳое, ки ҳар кӯдак канори падару модараш бошад.

 

Идатон муборак, кӯдакони чашмбароҳи тоҷик!

Мӯнисаи Солеҳ


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>