Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Лукашенко аз “кӯшиши азхудкунии ғалаба” дар Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ интиқод кард

$
0
0

Раисҷумҳури Белорус ба ин назар аст, ки дар Русия “кадоме бетоқат аст”, ки пирӯзӣ дар Ҷанги дуввуми ҷаҳониро азхуд кунад. Ин гуна изҳорот “ба осиёби рақибони мо об мерезанд”, гуфт Лукашенко.

Александр Лукашенко аз кӯшиши “хусусикунии” пирӯзӣ дар Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, ки ба назари ӯ дар Русия дида мешавад, интиқод кард. Дар ин бора ӯ дар нишасти матбуотӣ дар Брест, 2 июн изҳори назар кард.

Навори баромади Лукашенкоро хабаргузории белорусии Белта нашр кардааст. “Вақтҳои охир ман ин равандро таъқиб мекунам, назорат мекунам. Маълумоти ҳарҷӣ бештаре дар ин мавзӯъ пайдо мешавад. Касе дар Русия сахт бетоқат аст, ки ҷои таъаҷҷуб аст, ин пирӯзиро хусусӣ кунад. Гӯё дар ин ҷанг дигарон набуданд — белорусҳо, укроиниҳо, гурҷиҳо, арманиҳо, тоҷикон, туркманҳо… Тамоми Шӯравӣ ҷанг карда буд”, — қайд кард раҳбари Белорус.

Ӯ илова крад, ки тақсими пирӯзӣ дар он ҷанг “рехтани об ба осиёби рақибони мо аст”. “Онҳо хушҳоланд, ки мо ин тақсимбандиро сар кардем. Шумо медонед, ки ин тақсимкунӣ аз куҷо оғоз шуд. Бинобар ин ман ин гуна изҳоротро, ки гӯё касе ба танҳоӣ ин пирӯзиро ба даст овардааст, бисёр манфӣ қабул мекунам” — гуфт Александр Лукашенко.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>