Мафҳуми «ифротӣ» ё радикал (тундрав) аз вожаи юнонии родикс (radix) ба маънои «реша» гирифта шудааст ва сифате аст барои ҳамаи нигаришҳо ва равишҳое, ки хоҳони тағйири бунёдӣ ва фаврӣ дар ниҳодҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии мавҷуд ҳастанд. Ин истилоҳ нахустин бор дар Инглистон тавассути “Чарлз Ҷефер Фокс” аз раҳбарони ҳизби либерали (Виг) дар мавриди мухолифони лоиҳаи ислоҳоти соли 1832 ба кор бурда шуд ва аз он замон ба баъд, ҷиноҳи муҳофизакори ҳизби либерал ба «родикол» машҳур шуд, Дар Фаронса низ ҳизби ба номи «ҳизби ҷумҳурихоҳи родикол ва родиколисми сотсиалист» вуҷуд дошт, ки пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум аз эътибор афтод.
Вилкокс бо таҳлили гуфтаҳо ва навиштаҳои садҳо гурӯҳи сиёсӣ ва иҷтимоии ҷангталаб ба 20 вижагӣ ё рафтори хосси ифротгароёна даст ёфтааст. Бархе аз ин вижагиҳо марбут ба «моҳият ва муҳтавои андешаи» ифротгароёна аст ва бархе дигар ба «шеваи матраҳ кардани андешаи» ифротгароёна марбут аст.
- Ҷустуҷӯи қатъият ва радди нисбият: Ифротгароҳо ҳамачизу ҳамакасро якранг ва ягона дидан мехоҳанд. Мехоҳанд ҳама мисли онҳо фикр кунад, мисли онҳо либос пушад ва мисли онҳо амал кунанд. Ифротгароён аз риск безоранд. Бинобарин қавонин ва дастуротеро барои контроли рафтори дигарон ба хусус рақибонашон солир мекунанад, то аз худашон дар муқобили рӯйдодҳои пешбинӣ нашуда муҳофизат намоянд.
Монанди қонуни танзим, қонуни масъулияти падару модар, қонуни назорат бар ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ғайра….
- Ҷаҳонбинии сиёҳу сафед: ифротгароён ҷаҳонро бидуни ҳеҷ ҳадди васат ё бетараф ва танҳо бар тибқи усули хубу бад менигаранд. Шиори онҳо ин аст: «ҳарки бо мо нест, алайҳи мост».
Ифротгароҳое мисли ДОИШ ҳамаро такфир мекунанду ғайри худашон ҳеҷ касро мусалмон намедонанд.
Ифротиҳое мисли ҳукуматдорони мо тамоми мухолифонашро хоин эълон мекунад ва ҳаркасе, пешвогии Эмомалӣ Раҳмонро қабул накунад, ҳукумати якумрии ӯро қабул накунад зиндониаш мекунад.
- Таъмимҳои куллии ғайримасъулона: ифротгароён бар асоси шабоҳати андак ва ҳеҷ мадраке иддаоҳо ва ҳукмҳои куллӣ матраҳ мекунанд ва шабоҳатро бо мутобиқат омехта мекунанд. Онҳо чун бинанд, ки ду гуруҳ ё ду шахс ё ду чиз аз баъзе ҷиҳатҳо бо ҳам монанд ҳастанд, ҳукм мекунанд, ки онҳо яке ҳастанд.
Барои мисол чун ДОИШ ва толибон исломӣ ҳастанд ва наҳзати исломӣ ҳам исломӣ ҳаст онҳо ҳукм мекунанд, ки ҳама яке ҳастанд.
- Далелҳои нокофӣ барои иддаоҳояшон: ифротгароён маъмулан дар мавриди моҳияти шавоҳид ва мадорике, ки иддаоҳои онҳоро исбот мекунад беаҳамият ҳастанд. Баракс, бар асоси сафсатаи мантиқии «дирӯзро бубин ва имрӯзро дарёб» амал мекунанд. Онҳо дар мавриди маълумоте, ки боварҳои онҳоро таъйид мекунад, муболиға мекунанд. Аммо маълумотҳои зидди худашонро кӯчак мешумуранд ва нодида мегиранд.
Барои мисол агар чанд толиб дар марзи Афғонистон ҷамъ шуда бошад теъдоди онҳоро чанд баробар мегӯянд ва ҳам наҳзатро ба он рабт медиҳанд, то таваҳҳумоташонро исбот кунанд.
Аммо дар бораи асардуздии мансабдорони баландпоя кӯшиш мекунанд онро беаҳамият ҷилва диҳанд ва тавҷеҳ кунанд.
- Даъвои бартарии куллӣ бар дигарон: ошкортарин намунаи он иддаои бартарии нижодӣ, миллӣ, қавмӣ, маҳаллӣ ё ҳатто шахсӣ мебошад. Намунаҳои камтар ошкори он иддаои ашрофият доштан, иртиботи хосс бо Худо, узвият дар гурӯҳи нухба ё табақаи хосс бо ҳуқуқи вижа, ва навъе фахрфурӯшии воломанишона аст.
Масалан як нафар худашро онқадар волову аъло медонад, ки худаш ба худаш унвони қаҳрамони миллат, ва ҳатто Пешворо медиҳад. Ё инки хонавода ва маҳалли худашро он қадар муҳим медонад, ки тамоми имконоту мансабҳоро танҳо барои онҳо сазовор медонад.
Ё ин ки баъзе аз ифротиҳо худро намояндаи Худо дар руи замин ва ҳатто сояи Худо мепиндоранд. Ифротиҳо гурӯҳи худро ҳақи мутлақ ва бақияро гумроҳу кофир ҳукм мекунанд.
- Шарр пиндоштани мухолифон: ифротгароён фикр мекунанд, ки чун мухолифони онҳо афроде бад, ғайриахлоқӣ, риёкор, бевиҷдон, манфӯр, миёнарав, мутаассиб ё ҳар чизи дигаре ҳастанд, нисбат ба онҳо мухолифат меварзанд на тафовути фикрӣ бо онҳо.
Ифротиҳои мо ҳар як мухолифашонро мансабхоҳ қудратталаб ва ғайра мепиндоранд.
Ба ҳамин хотир Муҳаммадрӯзии демократ, Зайди технократ, Сайдумари исломгаро, Бузургмеҳри ҳуқуқшинос ва ҳама касоне, ки бо хостаҳои онҳо мухолиф буданд зиндонӣ шудаанд.
- Дифоъ аз меъёрҳои дугона: ифротгароён худашонро бар асоси ниятҳояшон ва мухолифонашонро бар асоси амалҳояшон мавриди қазоват қарор медиҳанд. Мехоҳанд шумо гуфтаҳои онҳоро бе чуну чаро ва бе суолу ҷавоб бипазиред, аммо худашон аз шумо далел мутолиба мекунанд.
Барои мисол вақте як нафар мехоҳад худашро пешво ва роҳбари якумра эълон кунад шумо бояд бе ягон далел бипазиред.
Аммо ҳар касе бигуяд бо ин хостаи шумо мухолифем мехоҳанд сад далел биёрад. Агарчӣ далелҳоро ҳам намепазиранд.
- Гароиш ба суи тафаккури гурӯҳӣ: ифротгароён гароиш ба ҳамнавоӣ бо ҳинҷорҳои гурӯҳ ва ҳифзи инсиҷом доранд. Онҳо бештар бо ҳамфикрони худ сухан мегӯянд ва танҳо матолиберо мехонанд, ки баёнгари дидгоҳҳои худашон аст ва тақрибан дарбораи «таблиғоти» тарафи мухолиф навъе тарси беморгуна доранд.
Расонаҳоро мебанданд, шабакаҳои иҷтимоиро масдуд мекунанд ва тамоми роҳҳоро истифода мекунанд, ки андеша ва афкори мухолиф вориди ҳарими онҳо нашавад. Мардумро маҷбур мекунанд, ки дар назди телевизион нишаста суханронии як нафарро дастаҷамъона гӯш кунанд.
- Таърифи ҳувияти худ бар асоси душманонашон: ифротгароён иртиботи отифӣ бо мухолифонашон доранд. Чун онҳо душманонашонро мавҷудоти шарр ва қудратманд мебинанд ва ҳар қадар онҳо воҳиманок бошанд, худашон ба ҳамон андоза хуб ҷилва мекунанд.
Барои худашонро хуб нишон додан бояд рақибашонро хеле бад нишон диҳанд. Агар рақибашон қотилу ҷинояткори ашадӣ муаррифӣ шавад, худашон фариштаи наҷот таъриф мешаванд.
- Террори шахсият: ифротгароён ағлаб баҷои таваҷҷуҳ ба воқеиятҳо ё масоили матраҳшуда, ба шахсияти афрод таваҷҷӯҳ мекунанд ва аз ангезаҳо, равобити пешин, арзишҳои шахсӣ, ва саломати равонии афрод ба унвони василаи мунҳариф кардани азҳони умумӣ аз масоили мавриди баҳс баҳра мегиранд.
Барои мисол сабту пахши зиндагии хусусии рӯҳониён, тӯҳмат задани Зайд Саид ба таҷовуз, тӯҳмат задан ба раиси ҲНИТ дар бораи хиёнат ва кудато ва ғайра.
- Тафаккури растохезӣ: ифротгароён ағлаб паёмадҳои шум ё фоҷеаомез барои як вазъият ё радди хостаҳояшон пешбинӣ мекунанд ва тамоюл ба навъе «намоиши бӯҳрон» доранд, ки метавонад шомили як кудатои низомӣ, ҷанги дохилӣ, сел ё ҷанги ҳастаӣ бошад. Агар шумо сухани онҳоро қабул накунед ва таслими хостаҳои онҳо нашавед масалан “ҷанги шаҳрвандӣ такрор мешавад”.
Ба ҳамин хотир дар ҳар суханронии як диктатор ҳамеша аз ҷанги дохилӣ ва хатари он гуфта мешавад. Аз аввал то имрӯз ба мардум ҳушдор медиҳанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, ки агар ман набошам исломиҳо ҳамаро хоҳанд хӯрд. Таъкид мекунад, ки солҳои ҷангро фаромӯш накунед…
Барои ифротгароён, ҳар шикаст ё зарбае «шурӯъи поён» аст.
Бобоҷони Қаюмзод