Лат хӯрдани дарвозабони Тунис замони фарорасии ифтор ба бозингарони дигари ин тим имкон дод рӯзаҳояшонро кушоянд. Бархе аз расонаҳо мегӯянд бозигарони тими футболи Тунис роҳҳале барои ин пайдо кардаанд, ки дуруст бо расидани замони кушодани рӯза, дар ҳамон замини футбол ифтор кунанд.
Дар бозиҳои дӯстонаи қабл аз бозиҳои расмии ҷоми ҷаҳонӣ, Муиз Ҳасан, дарвозабони тими футболи Тунис дар замони ғуруби офтоб ба замин афтод ва бозӣ мутаваққиф шуд.
Ҳамон мавқеъ, ки ӯ рӯйи замин мунтазири расидани имдоди пизишкӣ буд, ҳамтимиҳои ӯ барои ифтор сӯроғи об ва хурмо канор майдон рафтанд.
Зоҳиран ин шева бетаъсир ҳам набудааст: Дар бозии дӯстона бо Португалия, Тунис 2-1 ақиб буд вале 6 дақиқа баъд аз лат хӯрдани дарвозабон ва ифтор кардани бозикунон тими онҳо як голи мусовӣ дар дарвозаи рақиб ворид ва бозиро 2-2 мусовӣ тамом карданд.
Чанд рӯз баъд дар бозӣ бо Туркия ҳам дарвозабони Тунис боз дар замони ғуруби офтоб рӯй замин афтод ва боз ҳам бозикунони дигари тим фурсат пайдо карданд бо хурмо ва об, ки кормандони фаннии тим канори замин омода карда буданд, рӯзаҳояшонро ифтор кунанд. Он бозӣ ҳам 2-2 мусовӣ тамом шуд.
Федератсиюни футболи Тунис ҳанӯз дар ин бора изҳори назаре накардааст.
Муиз Ҳасан, дарвозабони Тунис, рӯйи твитер ва дар посух ба як ҳамтимиаш Шокир Ҳадҳур, ки ба шӯхи твит карда буд «алъон дигар эроде надорад. Медонем тамом карда будӣ», навишт: «бобо, зарба хӯрда будам» ва аломати ханда ҳам гузошт.
Тими Тунис дар 9 июн ҳам бо Испания як бозии дӯстонаи дигар дорад вале ба назар мерасад замони ин бозӣ баъд аз соати ифтор бошад.
Нахустин бозии онҳо дар Ҷоми ҷаҳонӣ ҳам баъд аз поёни моҳи Рамазон аст.